Як сокини ноҳияи Деваштичро дар вилояти Суғд бо гуноҳи ба худкушӣ расондани ҳамсараш 5,6 сол ба зиндони низомаш сангин маҳкум карда, ҳамзамон бар асоси Моҳи июни 2026 қабул ва нисбат ба зиёда 20 ҳазор нафар татбиқ шудааст қариб ду соли онро "бахшидаанд". Пештар додситон ба Муҳаммадзубайр Абдулфайзов ҳашт сол ҳабс талаб карда буд.
Додгоҳи ноҳияи Деваштич рӯзи 9-уми октябр Муҳаммадзубайр, донишҷӯйи 22-солаи Академияи Вазорати корҳои дохилиро ба муносибати бераҳмона бо ҳамсараш Моҳитобон Аҳмадова ва маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ, аз ҷумла қатъи равуо ва суҳбатҳои телефонӣ бо аъзои оилааш, муҷрим шинохтааст.
Мақомот ба таври расмӣ дар ин бора хабар надодаанд. Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми октябр ба воситаи манбаъҳояш, ки номашон ба далели амниятӣ нашр намешавад, матни ҳукмро дастрас кард. Дар он гуфта шудааст, ки Моҳитобон Аҳмадова рӯзи 2-юми майи имсол бо таноб худро овехтааст ва ҷасад ё пайкари ӯро аз дохили гараж ёфтанд.
Моҳитобон Аҳмадова бо Муҳаммадзубайр Адулфайзов соли 2023 издивоҷ карда, дар ин муддат ду тифл ба дунё овардааст. Яке аз онҳо ҳамагӣ пас аз ду рӯз фавтида, дигаре ҳоло даҳмоҳа аст.
Саидбурҳон Аҳмадов, падари Моҳитобон, рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ норозӣ аст ва барои бозбинӣ ва додани ҷазои сахттар ба домодаш ба мақомот муроҷиат хоҳад кард. Вай бовар дорад, ки духтараш дар хонаи шавҳар шиканҷаву латукӯби зиёд дидааст ва аз ин рӯ худкушии ӯро зери шубҳа мегузорад.
"Парвандаро тибқи қисми дуи банди 109-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ба худкушӣ расондан баррасӣ кардаанд, ӯ бояд бар асоси банди 104, яъне куштор муҳокима шавад," – гуфт ӯ. Ин дархости Саидбурҳон Аҳмадов дар мурофиаи додгоҳӣ низ садо дода, вале додрас қабул накардааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Сабаби марги духтарам шуданд"
Муҳаммадзубайр дар додгоҳ чӣ гуфт?
Радиои Озодӣ то кунун наздикон ё вакили мудофеи Абузубайр Абдулфайзовро пайдо накард, вале дар ҳукми додрас аз номи худи ӯ гуфта шудааст, ки қисман гуноҳро ба дӯш гирифтааст.
Бар асоси ҳукм, Муҳаммадзубайр дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, дар тӯли зиндагии муштарак ё якҷоя боре ҳам ҳамсари худро назада буд, чун онҳо якдигарро дӯст медоштанд. Вале ӯ манъи рафтуои ҳамсарашро бо пайвандон эътироф карда, дар айни замон далел овардааст, ки модари ҳамсараш ба зиндагии онҳо дахолат мекард.
Саидбурҳон Аҳмадов ин иддаоро қабул надорад ва баръакс мегӯяд, духтараш, Моҳитобон, аз рӯзҳои аввали оиладорӣ аз муносибати таҳқиромези шавҳар ва аъзои оилаи ӯ шикоят дошта, таваллуди ду тифл ва он ҳам пеш аз муҳлат вазъро бадтар кардааст.
Вай ба суоли онки чаро бо вуҷуди огоҳӣ аз шароити нохуби духтараш чорае надид, дар мурофиа гуфтааст, падари домод, Азаматхӯҷа Абдулфайзов, нисбат ба духтараш рафтори хуб дошту дар ҷанҷолҳои оилавӣ аз ӯ ҳимоят мекард ва биноан бо умеди рӯзе беҳтар шудан ин шароитро таҳаммул карданд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, пас аз марги падари домод дар оғози соли 2026 вазъият шадидтар шуд. Чизе, ки Муҳаммадзубайр Абдулфайзов дар мурофиа даъвои нодуруст номидааст.
- Дар солҳои охир дар Тоҷикистон марги чанд арӯс дар хонаи шавҳар ҷанҷолӣ шудааст. Мақомот дар баъзе маврид пайвандони домодро гунаҳкор дониста, аз 5 то 7 сол зиндонӣ карданд.
- Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 112 мавриди худкушӣ ё қасди худкушӣ аз сӯйи занону духтарон, аз ҷумла тақрибан бист ноболиғ сабт шудааст.
- Як таҳқиқи Тақдиршоҳ Шарифов, доктори илми ҳуқуқ ва Меҳрубон Акбархон, омӯзгори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки соли 2025 нашр шуд, нишон додааст, 75 дарсади онҳое, ки сабаби худкушии занону духтарон шудаанд, мардон ҳастанд.