Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба худкушӣ расондан". Боздошти як додситон дар пайванд ба марги Меҳрона

навшуда
Меҳрона Ноибова дар истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ба ҳалокат расид
Меҳрона Ноибова дар истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ба ҳалокат расид

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибоваи 23-сола дар ноҳияи Дарвоз алайҳи зердасташ, Фирӯз Саидзода, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Радиои Озодӣ дар ин бора ҳанӯз моҳи май бо такя ба манобеаш хабар дода буд. Ин духтари ҷавон моҳи апрели имсол дар истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ба ҳалокат расид.

"Нисбат ба Меҳрона Ноибова дар воситаҳои ахбори омма маълумоти бисёр пахш шуд. Вобаста ба ин кор. Нисбат ба собиқ корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳим, Фирӯз Саидзода, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 109 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ӯ дастгир шудааст ва ҳозир дар ҳабс аст," – шарҳ дод Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотии 22-юми июл.

Банди 109-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон "ба худкушӣ расондан" аст ва аз се то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Додситони кул дар бораи ҷузъиёти дигари парванда ва инки Фирӯз Саидзода чӣ гуна Меҳрона Наибоваро ба худкушӣ расондааст, маълумот надод.

Пайвандони Меҳрона Ноибова пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ба фарзияи даст ба худкушӣ задани ӯ бовар надоранд. Дар наворҳое, ки Меҳрона як рӯз пеш аз ҳодиса дар саҳифааш дар Инстаграм нашр кардааст, шоду хандон ба назар мерасад ва ҳеч яъсу навмедӣ дар чеҳрааш дида намешавад.

Солеҳамо Нозимова, хешованди Меҳрона Ноибова, рӯзи 22-юми июл дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон бояд то оғози моҳи август ӯ ва вакили мудофеъро бо натиҷаҳои таҳқиқ шинос кунанд.

Дар ҳамин ҳол, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, як зердасти дигараш, Давлат Арабзода, ки қаблан номаш дар робита ба марги Меҳрона Ноибова расонаӣ шуда буд, "дар ин ҳодиса даст надорад".

"Дуюм корманд Арабзода ҳаст. Ин ҳам муфаттиши Прокуратураи генералӣ. Дар худкушии Ноибова даст надорад. Вай ҳамчун ҳамкор, ҳамчун ронанда дар мошини Саидзода Фирӯз ба корҳои шахсии худаш ба ноҳияи Дарвоз сафар кардааст," -- афзуд Ҳабибулло Воҳидзода.

Мавқеи ду муфаттиши додситонӣ ва вакилону наздикони онҳо ба ҳодиса ҳанӯз маълум нест.

Қаблан баъзе аз манбаъҳои огоҳи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки "ин ду корманди Додситонии кул бо гурӯҳе аз дӯстон аз пойтахт барои истироҳат ба Дарвоз рафтаанд ва Меҳрона Ноибова, сокини ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, яке аз ҳамроҳони онҳо будааст".

“Чорчаман”, ҷое, ки ҳодиса рух додааст, як осоишгоҳи маъруф дар Тоҷикистон буда, дар соҳили рӯди Паткуноб ва Панҷ ҷойгир аст. Оби рӯди Паткуноб ҷараёни тез дорад ва каме дуртар аз осоишгоҳ ба рӯди Панҷ мепайвандад.

Навор дар Инстаграм:

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG