Як зан аз Ростови лаби Дон мегӯяд, марде дар тамоси телефонӣ ба писари 12-солааш пешниҳод кардааст, ки қарордоди хидмат дар артиши Русияро имзо гузорад. Иддаое, ки нигарониҳоро дар мавриди яксара ҷалб кардани шаҳрвандони Русия ба ҷанги зидди Украина бештар кардааст.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, гузоришҳое дарёфт мекунанд, ки наврасонро ба сохторҳои низомӣ дар Русия ҷалб карда, бузургсолонро бо фишору таҳдид ба бастани қарордод бо Вазорати мудофиа маҷбур мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳарф аз ҷалби ноболиғон ба артиши Русия зиёд нашр мешавад.
Аз ҷумла, як модар аз Ростови лаби Дон гуфт, ба писараш занг зада, гуфтаанд, ӯ гуё барои хидмати низомӣ ариза додааст. "Ба писари 12-солаам занг зада, пешниҳоди бастани қарордоди низомӣ кардаанд. Шӯхӣ намекунам," – гуфт ин зан дар паёми видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ӯ ҳодисаро чунин нақл кард: "Барои рафтан ба кор омода мешудам. Писарам ба наздам омад. Ӯ бо касе бо садои баланд дар телефон гап мезад. Марде ба ӯ мегуфт, ки барои рафтан ба артиш ариза додаӣ ва ба хидмат дар артиш таваҷҷуҳ дорӣ? Ман гуфтам: "Ӯ дар куҷо ариза додааст? Ва кӣ онро супоридааст? Дар кадом вебсайт?" Рақами телефон ба номи ман аст. Ман модари ӯ ҳастам ва шумо ба кӯдаки ноболиғи 12-солаам занг зада, ба ӯ шартномаи хидмати низомиро пешниҳод мекунед."
Расонаҳои мухолифини ҳукумати Русия ин мавзуъро барҷаста кардаанд, аммо то кунун ҳеч тасдиқи расмӣ нест, ки шахси тамосгиранда низомӣ буд.
Инро ҳам бинед:
"Ҷанг зидди ватан". Русия наврасони украиниро чӣ гуна истифода мекунад?Дар бораи ҳодисаҳои ҳамсон созмони иҷтимоии "Идите лесом", ки мавзӯи сафарбарӣ ба артишро пайгирӣ мекунад, дар бораи даъвати ноболиғон гузориш додааст. Ин созмон гуфтааст, мубаллиғони низомӣ ба хонаи як хонандаи 15-сола дар вилояти Твер рафта, ӯро барои рафтан ба артиш сабтином кардаанд.
Антон Филимонов, як ҷавони ятим аз вилояти Псков, ба хабаргузории "Медиазона" гуфтааст, ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳ (коллеҷ), ки ҳанӯз 18-сола набуд, бо роҳи фиреб барои шартномаи хидмат дар артиш имзояшро гирифтаанд. Кормандони комиссариати ҳарбӣ ӯро дар рӯзи таваллудаш ҷустуҷӯ кардаанд, то ба артиш баранд. Ӯ танҳо пас аз як моҳ дар додгоҳ тавонистааст, шартномаро бекор кунад.
Масъулони созмони "Идите лесом" мегӯянд, дар ҳашт рӯзи аввали моҳи август 14 муроҷиат гирифтаанд, ки дар онҳо шаҳрвандонро ба имзои қарордод бо Вазорати мудофиа фишор овардаанд.
Иван Чувиляев, сухангӯи "Идите лесом", гуфт: "Амалиёт чанд моҳ боз дар шаҳрҳои хурдтар идома дорад. Ҳеч кафолат вуҷуд надорад, ки ин рейдҳо густурдатар намешаванд ва аз шаҳрҳои хурд ба ҷойҳое мисли Маскав ва Санкт-Петербург паҳн намешаванд."
Русия наздик ба панҷ сол боз зидди Украина меҷангад. Мақомоти Русия талош доранд, ки теъдоди бештари сарбозонро ба артиш ҷалб кунанд, то талафот дар майдони ҷанг ҷуброн шавад.
Нигарониҳо вуҷуд доранд, ки Русия ба зудӣ даври нави мобилизатсия ё сафарбарии умумӣ ба артишро эълон мекунад. Агар чунин сафарбарӣ ба артиш сурат гирад, эҳтимол он пас аз интихоботи порлумонии Русия, яъне баъд аз 20-уми сентябри имсол эълон хоҳад шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳоло мегӯянд, синни онҳое, ки ба артиши Русия даъват мешаванд, рӯз то рӯз хурдтар мешавад.