Моҷарои раддабандии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, баҳси ду рӯҳонӣ дар намози ҷаноза ва бозгашти Шералӣ Хайруллоев ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз мавзӯъҳои асосии нашрияҳои ин ҳафтаинаи чопи Душанбе буданд.
Нашрияҳои «солим», «калаванда» ва «носолим»
Рӯзномаи "ИмрӯзNews" аз як гузориши ахири Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард. Ин вокунише буд ба раддабандии нашрияҳои кишвар, ки аз тарафи Шӯрои васоити ахбори ом таҳия ва нашр шуд. Ин натиҷаи дидбонии мурооти одоби журналистӣ дар 43 нашрия ва 10 сомонаи интернетӣ буд, ки ним сол идома карда, нишон додааст, ки як қатор нашрияҳо монанди «Нигоҳ», «Рӯзгор», «Фараж», «Озодагон», «Адабиёт ва санъат», «Азия-плюс», маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма», «Навниҳол» меъёрҳои ахлоқи касбиро риоят мекунанд, аммо нашрияҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту» дар ин масъала калавандаанд ва вазъ дар «Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард» солим нест.
Ин раддабандӣ, ки аввалин бор баргузор шудааст, вокунишҳои гуногунеро ба бор овард.
Адолати Мирзо, муассиси нашрияи «Миллат» мегӯяд, нашрия ҳеҷ гоҳ шӯрои ВАО ва низомномаи онро эътироф накардааст ва акнун дар пайи нашри ин раддабандӣ, тасмим дорад Шӯрои ВАО-ро ба додгоҳ бикашад. Нашрияи "Миллат" ҳам дар ин раддабандии Шӯрои ВАО яке аз нашрияҳои «калаванда» баҳогузорӣ шудааст. Адолати Мирзо гуфт: «Азбаскӣ онҳо ин шӯроро эътироф намекунанд, шӯро ҳам ҳаққи баррасӣ ё мониторинги нашрияи «Миллат»-ро надорад. Вақте ки нашрияи «Миллат» ба мушкили додгоҳӣ мувоҷеҳ буд, ба ин шӯро муроҷиат кардем, аммо онҳо ҳеҷ коре накарданд».
Ин раддабандӣ нашрияҳоро ба 3 гурӯҳ тақсим мекунад. Дар ин мониторинг рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки нашрияи расмии ҳукуматист ба гурӯҳи нашрияҳои «носолим" шомил шудааст.
Муҳамад Ғоиб, сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба кори худу меҳнати хабарнигорони касбии ин рӯзнома бовар дорад, аз ин ру бо ирсоли як мактуби расмӣ аз Шӯрои ВАО тақозо кардааст, ки ба гурӯҳи нашрияҳои носолим ворид кардани рӯзномаи мазкурро шарҳ диҳанд.
Раиси Шӯрои васоити ахбори оми Тоҷикистон Қироншоҳи Шарифзода мегӯяд, ин раддабандӣ ақидаии шахсии аъзои шӯро нест. Ба гуфтаи ӯ, он ки касе меранҷад, ё ба ин пайгирӣ розӣ нест, ҳаққи ӯст. Ва онҳое ҳам, ки ба Шӯро даъво доранд ва таҳдид мекунанд, ки аз узвияташ хориҷ мешавем, ин ҳам ихтиёри онҳо аст. Шӯрои ВАО як созмони шахсии Қироншоҳи Шарифзода нест, -афзуд ӯ.
Сангин Гулов, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, шояд норозиён аз шеваи пешниҳоди натиҷаҳои пайгирӣ эътироз мекунанд ва ба муҳтавои он диққат намедиҳанд: “Аслан чунин як раддабандӣ бадӣ надорад. Аммо ман ба шакли пешниҳодаш то андозае розӣ нестам. Риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ҳама давру замон зарур аст.”
«Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» санадест, ки аз сӯи расонаҳои Тоҷикистон ихтиёрӣ иҷро мешавад. Он соли 2009 қабул шуда, то ба ҳол аз сӯи 65 расонаву созмони рӯзноманигорӣ эътироф шудааст. Ҳуҷҷат аз 17 банд иборат аст, ки риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми ҳифзи манбаи ахбор, иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр, эҳтироми ҳаёти шахсӣ, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс, эҳтимоли бегуноҳӣ, асардуздӣ (плагиат), роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия), подош ва имтиёзро танзим мекунад.
Дар кишварҳои хориҷӣ баргузории чунин пажӯҳиш ва раддабандиҳо як кори муқаррарист ва ба он равона мешавад, ки расонаҳои ахбори омро ҳушёр кунад, то дар иҷрои рисолати худ ба иштибоҳ ё каҷравиҳо роҳ надиҳанд. Барои намуна, созмони ғайридавлатии "Accuracy In Media" ("Дурустии матбуот") дар Ню-Йорк ҳар сол расонаҳои ахбори омро аз рӯйи чанд меъёр, аз ҷумла ахлоқи ҳирфаӣ баҳогузорӣ мекунад. Гузоришҳои солонаи он, ҳарчанд ба чунин вокунишҳои гарму доғе, ки дар Тоҷикистон иттифоқ афтод, рӯбарӯ намешаванд, аз тарафи расонаҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегиранд ва гоҳе ҳатто боиси муҷозоти кормандони онҳо мегарданд.
Донишгоҳи Колумбияи Ню Йорк низ ҳар моҳ ба расонаҳое, ки ба сахттарин иштибоҳ роҳ додаанд, ҷоизаи танзомез мефиристад ва барандагонро дар маҷаллаи худ эълом медорад. Расонаҳои ахбори ом ҷоизаҳои Донишгоҳи Колумбияро ишораи зарифона ба камбуди кори худ мешуморанд.
Қироншоҳи Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегӯяд, баргузории ин мониторинг дар доираи як лоиҳае буд, ки аз ҷониби дафтари душанбегии САҲА дастгирӣ меёфт. Шӯрои ВА мехоҳад дар оянда низ чунин раддабандии нашрияҳои кишварро идома диҳад.
Бозгашти Хайруллоев ва “Ҳиллаи шаръии ВКД”
Хабарнигори ҳафтаномаи Самак мегӯяд дар шумораи навбатии ин нашрия, мавзӯъи бозгашти Шералӣ Хайруллоев - вазири собиқи мудофиаро ба умури кишвар пайгирӣ кардааст. Ҷасур Абудллоев, сармуҳарририи ин нашрия дар сӯҳбат бо барномаи “Расонаҳо” аҳамияти мавзӯъро шарҳ дод: “Фикр мекунам, бозгашти Шералӣ Хайруллоев ба мансаби ёрдамчии президент, албатта, барои хонанда ва хусусан ҷомеа ҷолиб аст. Ин вазир, ки баъди 18 сол аз курсии вазири мудофиа сабукдӯш шуд ва ҳама фикр мекарданд, ки ӯ ба нафақа меравад. Аммо ин бор ҷаноби Хайруллоев ба мансаби дигар, ёрдамчии президент оид ба масоили амниятӣ таъин гардид. Ин дар ҳолест, ки дар ин шабу рӯз ҳодисаҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигарон кардааст. Ва таҳлилгарон низ мегӯянд, шояд президент Хайруллоевро ба ба хотире ба ин курсӣ шинонд, ки мехоҳад дар чунин ҳодисаҳо як генерали собиқадор ва таҷрибадор дар канори президент бошад.”
Ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар робита ба садамаи пурсарусадои Расули Амонуллоҳ, писари раҳбари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон матлаберо бо номи “Ҳилаи шаръии ВКД” нашр кард ва ба дарозо кашидани тафтиши ин парвандаро аз сӯи масъулони ин вазорат як ҳила унвон кардааст.
Дар аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе баҳси Эшони Нуриддинҷон ва писари муфти собиқ барои хондани як намози ҷаноза, идомаи ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва рафтани Барзу Абдуразоқов аз Тоҷикистон бозтоб ёфтааст.
«СССР» менависад, ки дар Тоҷикистон боз ҷанг сар шуд, аммо ин дафъа ҷанозаҷанг. Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки «ҷанозаҷанги муллову руҳонии шинохташудаи кишвар, ки хеле примитив ва хандабарангез ҳам ҳастанд, оқибати муҳлик ва даҳшатбор дар пай доранд. Зеро сенарияи ҷанги фейсбукии Эшони Нуриддину муфтибачаи ноҳияи Рӯдакиро мо боре дида будем. Оқибати он ҷанозаҷангак ба ҷанги гражданӣ, набардҳои хунин, қатлу куштори даҳҳо ҳазор ва муҳоҷирати миллионҳо хатм шуда буд. Ин бор чӣ мешавад?»
Нашрияи «Нигоҳ» низ ин ҳафта ин мавзӯъро дар меҳвари мақолаҳои нашрия қарор додааст. «Ҷанг дар ҷаноза» яке аз матлабҳои асосии ин нашрия буда муаллифаш менависад: «Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ ба тафтиши қазияи ҷанҷоли домуллоҳои ҷанозахон - Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Ҷамолиддини Элокӣ пардохааст.»
«Пайк» ин ҳафта мавзуи марз дар Тоҷикистонро пайгирӣ кардааст. Ин нашрия дар матлабе зери номи «Табартақсими қисмати тоҷик идома дорад» навиштааст: "ҳангоми раиси ҷумҳур будани Қаҳҳор Маҳкамов таҳти имзои сарвазири вақт Изатулло Ҳаёев ҳуҷҷате қабул шудаст, ки 350 га. заминҳои корами ҷамоъати Хоҷаи Аъло Ворух барои истифодаи муваққат ба Қирғизистон дода шудааст.”
«Фараж» ин навбат мусоҳибаеро бо Александр Князев зери номи «Князев: Мамитов иғво меангехт» нашр кардааст, ки ба ҳаводиси як моҳи ахир дар марз дахл мекунад. Ин коршиноси маоисли Осиёи Марказӣ гуфтааст: «Ман хусусан аз ҷониби Тоҷикистон ягон изҳоротеро, ки вазъиятро муташаниҷ созад, ҳис накардам. Дар Қирғизистон ноиби сарвазир оид ба мудофиа Тоқтон Мамитов дар рӯзи аввал изҳор дошт, ки сабаби ихтилоф амали банақшагирифтаи ҳукуматдорони Тоҷикистон аст».
Дар ин мусоҳиба ҳамчунин Князев гуфтааст: «Дар Қирғизистон итоатгарони Мамитов ба ВАО борҳо хабарҳои иғвогарона медоданд, ки гуё Тоҷикистон шабона ҳамла кардааст, қушунҳо ҷамъ оварда шуданд ва ғайра».
«Наҷот», ҳафтаномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар нашри навбатии худ андешаҳои муовини раҳбари ин ҳизбро нашр кардааст, ки аз ҳодисаҳои ахир дар Исфара ва сафараш ба минтақа нақл мекунад. Дар ин матлаб аз қавли Саидумар Ҳусайнӣ гуфта мешавад, ки "ташаннуҷ вуҷуд дорад ва ҳолати таҳдидоваре дар марз эҳсос мешавад. Вале ба ҳар сурат, тарафдори он нестам, ки ташануҷи марзиро ба афкори мардум интиқол бидиҳем ва онҳоро ноором созем. Вақте ҳукумат мебинад, ки вазъият чунин аст, бояд чора андешад."
«Озодагон», нашрияи мустақили чопи Душанбе, ин суолро, ки “Оё Раҳмон аз баҳри вазифаҳояш мегузарад?” навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, дар баробари ин чанд мақоми дигари расмӣ ва ӯҳдадориҳои ҷамъиятӣ низ дорад. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, «Эмомалӣ Раҳмон аз баъзе ӯҳдадориҳояш даст бикашад», аммо Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфтааст, «Чанд вазифаи Эмомалӣ Раҳмон ҷои нигаронӣ надорад.»
«Имрӯзнюс» дар матлабе бо номи «Барқи тоҷик»-ро ба суд мекашанд» навиштааст, тибқи қонун ин ширкат бояд тавони зарари расидаро пардозад. «Имрӯзнюс» менависад: «Зарари шикрати «Барқи тоҷик» бар мардуми Тоҷикистон танҳо бо ин тамом намешавад, ки барқро тариқи лимит ва онро ҳам ҳар вақе хоҳад медиҳад. Инбор дар бораи лимит намегӯем. Даҳҳо шикояте дарёфт кардан мумкин аст, ки барқи медодаи ин ширкат сифат надорад, балки зарари бештар аз будани ҳамин барқ мерасад.» Ин матлаби рӯзномаи «Имрузнюс» дар пайи шикояти сокинони пойтахт нашр шудааст, ки гуфтанд дар натиҷаи шиддат гирифтани қувваи барқ як қатор техникаҳои маишии онҳо сӯхта комилан корношоям шудаанд.
«Ҷумҳурият», рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар нашри навбатии худ ҳисоботи раҳбарони вазорату идораҳо ба хабарнигоронро нашр кардааст. "Ҷумҳурият" ин навбат бо сипосгузорӣ аз раҳбароне, ки "заҳмат кашида, ватан обод кардаанд" ва ҳолатҳое, ки аз беэътибори баъзе аз онҳо мушкилиҳо ба вуҷуд омадааст, нақл мекунад.
Ҳамчунин ин ҳафта аксари нашриҳои чопи Душанбе ба хабари тарки ватан кардани ҳунарманди тоҷик Барзу Абдураззоқов руҷӯъ кардаанд.
Аз ҷумла нашрияи «Нигоҳ» дар матлабе бо номи «Парандаи озод, вале муҳоҷир» менависад: «Агар чунин муомила ба ҳунармандони тавонову камназири мо идома ёбад, он рӯз дер нест, ки гуфтаи «фар»-аш рафту «ҳанг»-аш монд тасдиқи худро ёбад».
Назари муштариён
Пахши барномаи “Президенти мардумӣ” дар шабакаи аввал ва тарки ватан кардани Барзу Абдураззоқов аз Тоҷикистон матлабҳое буданд, ки дар ин ҳафта таваҷҷӯҳи хонандаву бинандаро бештар ҷалб кардаанд.
Сафарбек Кабиров, ҳамсӯҳбати мо, ки ба гуфтаи худаш, ҳамеша нашрияҳои давриро мутолиа мекунад, хабари беҳтаринро дар ин ҳафта ба рафтани Барзу Абдуразоқов ҳунарманди тоҷик унвон мекунад. Сафарбек мегуяд:
"Рафтани Барзу ҳунарманди маъруфи тоҷик аз Тоҷикистон рӯшан буд, ки аҳли фарҳанги тоҷик ҳеҷ ғаме набуд ва онҳо инро як чизи ҳолати маъмулӣ қабул карданд."
Абдураҳмон, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, натанҳо дар як ҳафтаи ахир, балки моҳҳо боз расонаҳо наметавонанд диққати хонандаҳоро ба худ ҷалб кунанд. Вай мегӯяд, бештари расонаҳо ва радиову телевизонҳо матлабҳои худро якҷониба пахшу нашр мекунанд. Абдураҳмон гуфт: «ман намебинам, ки ҳарду тарафи мавзӯъ баробар таҳлил шуда бошад. Барои мисол, ду нуқтаи назар бошад, як мегӯяд, Раҳим Масов рост мегӯяд, дуввумӣ ҷонибдори Мӯъмин Қаноат аст.»
Далер, мусоҳиби дигари мо ҳам мегӯяд, наметавонад матлаби хоҳиши дилашро дар нашрияҳо пайдо ва аз шабакаҳои телевизионӣ тамошо кунад. Вай гуфт, аксари маводе, ки нашр ё пахш мешавад, яктарафа аст ва ин одамро хаста мекунад.
«Шабакаи якум як корманд дорад?»
Мусоҳиби дигари мо Диловар Каримов аз пахши барномаи навбатии «Президенти мардумӣ» бо ширкати шоир Бозор Собир, ки шоми шанбеи 25-уми январ тариқи шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон пахш шуд, тавсиф кард. Ин барнома, ки Сайрам Бақозода омода кардааст, аз тарафи бисёриҳо барои мадҳу ситоиши беш аз ҷадди раисиҷумҳур интиқод мешавад. Вале Диловар мегӯяж, ки ӯро сӯҳбатҳои Бозор Собир хуш омадааст. Аммо нигаронии ҳамсӯҳбати мо аз он буд, ки шабакаи аввал барномаҳои ҷолибу тамошобоб кам дорад. Танҳо як хабарнигор ва ин ҳам Сайрам аст, ки ба гуфтаи ӯ, метавонанд бинандаро ба сӯи шабакаи аввал ҷалб кунад.
Диловар Каримов мегӯяд, «намедонам, чӣ қадар хабарнигор дорад ин шабака, онҳо симои хуб ва забони гуфтори хуб ҳам доранд, аммо чаро барномаҳои ҷолиб омода намекунанд? Бубинед, дар бахшҳои иттилоотӣ хабарҳое пахш мешавад, ки барои мардум дувумдараҷа аст. Чаро он чизе ки ҷомеъа мехоҳад бубинад, нишон намедиҳанд? Ҳарчанд Сайрам Бақозода ҳам дар кадом як барномаи худаш аз мушкилӣ намегӯяд, аммо барномаро тавре омода мекунад, хоҳ-нохоҳ метавон дид».