Идораи федеролии муҳоҷират ва паноҳҷӯён дар Олмон қарори ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, як фаъоли ҷомеаи помириҳоро ба Тоҷикистон бекор ва ӯро аз боздоштгоҳи Ҳофи Бавария озод кардааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки иштирокдори чанд ҳамоиши эътирозии зидди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупост, моҳи октябри имсол дастгир ва бо хатари ихроҷ аз Олмон ба Душанбе ва эҳтимоли боздошту зиндонӣ шудан дар кишвар рӯбарӯ буд. Қаблан намояндагони мухолифини тоҷик ва чанд созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз Олмон хоста буданд, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристад.
Саидтаиб Саидмамудов 18-уми ноябр аз боздоштгоҳ раҳо шуд. Вай рӯзи панҷшанбе дар як суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, қарори манъи ихроҷаш 17-уми ноябр содир шуда, сипас Додгоҳи минтақаи Ҳоф онро тасдиқ кардааст.
Фарҳод Одинаев
Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Одинаев, яке аз фаъолони тоҷик дар Аврупо, ба Радиои Озодӣ гуфт, манъи ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов "бар асоси уҳдадориҳои Олмон тибқи Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон эълон шуд".
"Мувофиқи ин меъёр, агар бозгардондани шахс ба кишвараш бо талаботи Конвенсия мухолиф бошад, ихроҷи ӯ иҷозат дода намешавад," -- афзуд ӯ.
Бино ба як санаде, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, мақомоти Олмон ҳанӯз моҳи январи соли 2024 қарори ихроҷи Саидтаиб Саидмамудовро содир карда буданд, аммо Идораи федеролии муҳоҷират ва паноҳҷӯёни ин кишвари аврупоӣ гуфтааст, "дигар идомаи ҳабси ӯ барои ихроҷ зарурат надорад".
Аммо мақомоти Олмон аз ин шаҳрванди Тоҷикистон хостаанд, азбаски тайи ду соли охир ҷойи будубошаш маълум набуд, барои ҷойи нави истиқомат ба як маркази қабули паноҳҷӯён дар Бавария муроҷиат кунад.
Саидтаиб Саидмамудов соли 2022 аз Русия ба Олмон кӯчидааст. Ин замонест, ки зодгоҳаш, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, саҳнаи тазоҳурот ва саркӯби мардуми норозӣ буд ва, ба қавли фаъолони ҷомеаи помириҳо, аз он вақт онҳо зери фишори мақомоти Тоҷикистон ҳастанд.
Ба иттилои намояндагони мухолифини тоҷик, Саидмамудов дар чанд ҳамоиши зидди ҳукумати Тоҷикистон ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон ширкат кардааст. Аз ҷумла, дар остона ва ҳангоми сафари ӯ ба Берлин дар соли 2023.
Инро ҳам бинед:
Олмон 27 тоҷикистониро рондааст. Таҳдиди ихроҷ ба даҳҳо тани дигарОлмон аз соли 2015 ба ин тараф ба макони кор ва паноҳҷӯии шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст.
Ба маълумоти расмӣ, то охири моҳи августи соли 2026 тақрибан 13 ҳазор тоҷикистонӣ дар ин кишвари аврупоӣ қарор дошта, танҳо дар ҳашт моҳ 27 нафари онҳо ронда шудаанд. 1074 нафари дигар вазифдадор шудаанд, ки қаламрави Олмонро тарк кунанд. Ихроҷи маҷбурӣ ба дастикам 152 нафар таҳдид дорад.
Бо вуҷуди танқиди созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), мақомоти Олмон дар солҳои охир чанд фаъоли мухолифинро ба Тоҷикистон рондаанд.
Қазияи Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, яке аз мавридҳои охир аст. Вай моҳи июни имсол аз Олмон ронда ва дар Душанбе боздошту ба 17 сол зиндон маҳкум гардид. Худаш қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳарчанд ба далели мушкил дар санадҳояш дастгир шудааст, аз он ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсияш ҳабсу шиканҷа хоҳад шуд, нигарон аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Олмон Саидтаибро ба Тоҷикистон ихроҷ накард