Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зери фишор ҳастанд." Бозпурсии наздикони Исломҷон Саидов дар Тоҷикистон

Исломҷон Саидов
Исломҷон Саидов

Раҳбари тозаинтихоби Наҳзати исломии Тоҷикистон (собиқ ҲНИТ) мегӯяд, мақомоти амниятӣ дар зодгоҳаш, ноҳияи Нуробод, пайвандони ӯ ва бахусус волидони солмандашро даъвату бозпурсӣ карда, зери фишор қарор додаанд.

Ба қавли Исломҷон Саидов, ин кор ҳафтаи гузашта ва баъди ба мақоми нав интихоб шудани ӯ сурат гирифтааст.

"Онҳо зери фишори рӯҳӣ ва равонӣ ҳастанд. Бо шумули падару модарам, ки синни ҳардуяшон аз 70 боло аст. Бародарон ва ҳатто келинҳои хона," – гуфт Саидов рӯзи 30-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Талоши мо барои гирифтани шарҳи мақомот дар ноҳияи Нуробод то ин дам натиҷа надод. Ба иттилои дарёфтӣ, наздикони Исломҷон Саидов рӯзҳои 22 ва 23-юми сентябр бозпурсӣ шудаанд. Ҷузъиёти он дастрас нест.

Исломҷон Саидов ҳам мегӯяд, бо хонаводааш иртиботи мустақим надораду хабарро аз “воситаиҳои дур” гирифтааст ва бинобар ин тафсилоти бозпурсиро намедонад. Аммо ӯ бовар дорад, ки фишор ба наздиконаш ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Бозпурсии наздикони Исломҷон Саидов дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

“Хонаводаам бо ман ҳеч иртибот ва аз кори ман ягон огоҳӣ надоранд. Агар ҳукуматдорон воқеан мехоҳанд, ки мушкил ҳал шавад, бо худи мо суҳбат кунанд. Мо дар шабакаҳо ҳастем, ошкор ҳастем. Ин ҷои нигаронӣ аст, ки муносибати ҳукумати мо бо шаҳрвандон монанди як саид бо каниз ё ғуломаш аст. Онҳо фикр мекунанд, ки кишвар мол ва мардум милки онҳо аст,” – афзуд ӯ.

"Падараш деҳқон асту бародаронаш муҳоҷир"

Дар ҳоле ки мақомот ягон шарҳ намедиҳанд, Наҳзати исломии Тоҷикистон дар як баёния “фишор ба аъзои оилаи мухолифонро бо мақсади тарсондан ва хомӯш кардани фаъолияти сиёсӣ” маҳкум карда, гуфтааст, "оилаҳо набояд гаравгони фаъолиятҳои ҷамъиятӣ шаванд."

Фарҳод Одинаев, узви раёсати олии Наҳзати исломӣ, фишорро ба хонаводаи Исломҷон Саидов дар Тоҷикистон танқид кард, чун ба гуфтаи ӯ, “падараш ба деҳқонӣ машғул аст ва бародаронаш дар Русия муҳоҷири кориянд”.

Одинаев ва ҳамсафонаш аз намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва расонаҳо даъват кардаанд, ки ин қазияро пайгирӣ ва аз мақомоти Тоҷикистон посухи мушаххас талаб кунанд.

Бори аввал нест, ки пайвандони мухолифони ҳукумат дар хориҷа аз даъвату бозпурсӣ ва фишор ба наздиконашон дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch мегӯяд, танҳо соли 2023 ва пас аз як ҳамоиши эътирози мухолифони тоҷик дар Олмон тақрибан 50 хешу пайвандони онҳо дар Тоҷикистон боздошту бозпурсӣ шудаанд. Чизе, ки ин созмони муътабари ҳоқии ҳуқуқ “поймоли ҷиддии уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон” хонда буд.

Мақомот мухолифони сиёсии худро, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, асосан бо иттиҳоми ифротгароӣ ё даъват ба сарнагунии ҳукумат таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Исломҷон Саидови 48-сола, ки барои доираи васеи мардуму матбуот дар Тоҷикистон шахси камошно ба шумор меравад, рӯзи 19-уми сентябр дар як маросим дар Литва раиси Наҳзати исломӣ (собиқ ҲНИТ) интихоб шуд.

Вай дар ин мақом Муҳиддин Кабириро, ки бист сол раёсати ин созмони сиёсиро бар уҳда дошт, вале солҳои охир барои тӯлонӣ монданаш дар мақом аз сӯи баъзе ҳамҳизбонаш танқид мешуд, иваз кард.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG