Ғолибҷон Иброҳимов, сарбози 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 25-уми апрел ҷон бохтааст ва сабаби маргашро фурӯ бурдани ноогоҳонаи устухон гуфтаанд. Ӯ сарбози Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон будааст.
"Ягон сомонӣ қарз диҳед"
Мақомот марги сарбозро расман шарҳ надодаанд, вале Тӯтигул Эшонова, модари сарбози фавтида шубҳа дорад. Ӯ мегӯяд, намедонад, ки писараш дар кадом шароит як устухони бузургро фурӯ бурдааст. Ин зан нақл кард, ки писараш аз шароити хидмат шикоят дошт ва мегуфтааст, ки “ин мактаби мардонагӣ набудааст, мактаби бетарбиягӣ будааст.”
Ӯ оғози ҳодисаро чунин шарҳ дод: “Бачам бемор шуд, телефон кард аз хидмат. Телефон кард, ки очаҷон ман устухон хӯрдам, беморам. Гуфтам чӣ гуна устухон хӯрдӣ, ту дар хона дохили хӯрокро мекофтӣ. Гуфт, очаҷон устухон хӯрдам, аз болояш каме нон доданд, қай кардам, шифохона бурданд. Гуфтанд, ки созӣ, устухон поён рафтааст. Поён рафтааст, каме хунукӣ гирифтааст.”
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нолаи зори модари сарбози ҷавон барои марги ҷигарбандаш
Зоҳиран Ғолибҷон рӯзи 6-уми апрел устухонро фӯру бурдааст. Худаш дар як паёми савтӣ ба хоҳараш хабар дода ва аз беэътиноии афсарон ба сиҳатиаш шикоят кардааст. Ӯ дар ин паёми садоиаш мегӯяд, ки ҳолаш хуб нест ва аз хоҳараш мехоҳад, ки пул қарзаш диҳад.
Ӯ ба хоҳараш ин садоро фиристодааст: “Се рӯз боз аст, ҳеч чиз хӯрда наметавонам. Тамоми меъдаам маъюб шудааст. Намедонам, чӣ кор кунам дар инҷо. Ягон кас ба дардат намерасад. Ба модарам бигӯ, ки чунин шудааст. Мақсад бишавад, ягон сомонӣ қарз диҳед, меоям, кор мекунам, бармегардонам. Агар госпитал баранд, дар онҷо табобат мекунам. Аз онҷо як моҳ ҷавоб медиҳанд, бармегардам, кор мекунам, пули туро ҳар рӯз бармегардонам апаҷон. Бахудо қасам аҳволам бад аст.”
Шикоят аз беэътиноӣ ва бепарвоӣ
Дар муколамаҳои савтӣ ва катбӣ бо аҳли оила, ки Радиои Озодӣ онҳоро дид, Ғолибҷон аз таъхир дар муолиҷа ва азоби хидмату кор дар қисми низомӣ шикоят кардааст. Модараш мегӯяд, ҳангоми муолиҷа аз писараш ҳам пул хостаанд.
Тӯтигул Эшонова гуфт: “Занг зад, ки 800 сомонӣ омода кун, ман меоям, мегирам, маро госпитал мебаранд. Бачам омад, пулро гирифт, госпитал рафт. Аз онҷо занг зад, ки 300 сомонии дигар фиристед, ки маро ба Қарияи боло барои муоинаи меъда мебаранд. Падараш пул фиристод. Боз занг зад, ки очаҷон, ба ман 1500 сомонӣ фиристед, ки ман беҳтар нашудам, боз аз инҷо мегиранд, хидмат мебаранд, қисми низомӣ мебаранд. Рафтам аз ҳамсоя қарз кардам, 1500 сомонӣ равон кардам.”
Баъд аз муддате Ғолибҷон устухони фӯру бурдаашро қай кардааст. Ба гуфтаи модар, беэътиноӣ ва бепарвоӣ ба сиҳатии писараш сабаби марги фарзандаш шудааст. Масъулони қисми низомӣ қазияро то кунун шарҳ надодаанд. Ғолибҷон Иброҳимов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, баъди хатми Донишгоҳи миллӣ моҳи октябри соли 2025 довталабона ба артиш рафтааст. Ба гуфтаи модар аз бадрафторӣ дар қисми низомӣ шикоят мекард.
“Бачам аз аввал шикоят мекард, ки як фархорӣ бисёр ғам медиҳад. Як фархорӣ бисёр латукӯб мекунад, ғам медиҳад, таҳқир мекунад. Номи фархориро нагирифт, ки ман донам, ки ҳаст. Як фархорӣ бисёр ғам медиҳад, мегуфт, очаҷон. Мегуфт, ки очаҷон ин мактаби мардонагӣ набудаст, мактаби бетарбиягӣ будааст. Бачама бо азобҳои зор куштанд,”—гуфт ӯ.
Ҳоло ӯ дар номае аз мақомот хостааст, омилони эҳтимолии марги фарзандонашро ҷазо бидиҳанд, дар акси ҳол “маълум мешавад, ки касе парвои фарзандони моро надорад.”
Мавридҳои бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва бепарвоӣ ба сиҳатии сарбозон, ки сабаби марги онҳо мешавад, дар гузашта ҳам зиёд дида шудааст.