"Як кӯдак ҷон бохт." Нозири БДА дар маркази садамаи марговари Данғара

Акс аз бойгонӣ

Додситонии ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон тасодуф ё садамаи нақлиётиро, ки боис ба марги як хонандаи мактаб шудааст, таҳқиқ дорад. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 12-уми ноябр дар деҳаи Ёхсу рух дод, Тавфиқ Одинаев, нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, гумонзад аст.

Як шоҳиди ҳодиса, ки бо далели амниятӣ нахост номаш фош шавад, рӯзи 16-уми ноябр ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки "ӯ ҳангоми таъқиби як мошин дар минтақаи аҳолинишин ба садама дучор шуд. Бо суръати баланд аз паси мошине мерафт, ки ба амраш итоат накарда буд."

Як мақоми наздик ба тафтишот, ки барои пеш наомадани мушкил дар кораш, нахост номашро нависем, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард, аммо гуфт, "Тавфиқ Одинаев ягон мошинро таъқиб намекард, балки дар сафари хидматӣ буд." Мусоҳиби мо дар бораи сафари хидматӣ ва садама ҷузъиёт надод.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Додситонии ноҳияи Данғара дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, Тавфиқ Одинаев муваққатан аз кор берун карда шудааст.

Радиои Озодӣ шумораи телефони ӯро пайдо кард ва рӯзи 16-уми ноябр чанд бор занг зад, аммо гӯшияш хомӯш буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки одатан дар бораи садамаҳои нақлиётӣ зуд хабар медиҳад, бо гузашти чор рӯз дар бораи ҳодисаи Данғара иттилое нашр накардааст.

Ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, ки номашон ба далели амниятӣ фош намешавад, Тавфиқ Одинаевро яке аз наздикони сарҳанг Суҳроб Қурбонзода, раиси пешини Бозрасии Давлатии Автомобилӣ номбар карданд. Қурбонзода соли 2023 дар пайи тасодуфҳои мудҳиш дар роҳҳои кишвар аз мақом ронда шуд ва ҳоло муовини сардори Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Дар вазъияти бад аст." Рӯзгори як ҷабрдидаи садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон

Ҳамарӯза дар роҳҳои Тоҷикистон дар садамаҳои нақлиётӣ даҳҳо нафар захмӣ ё кушта мешаванд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ 287 кас ҷон бохта, 508 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Суръати баланд, беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат, мошинҳои куҳна ва роҳҳои ноҳамвор сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳои Тоҷикистон гуфта мешавад. Беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз сабабҳои дигари ин мусибатҳо арзёбӣ мешавад.

Инҳоро ҳам бинед:

Садама. Ҷузъиёти барканории додрас Фарзона Ғафурзода"Нафасгир шудааст." Марги як додситон дар тасодуфи роҳҲалокати ду корманди бонки "Арванд" дар тасодуфи роҳ"Суръати баланд сабаби садама шуд". Ҷузъиёти тасодуфи маргбор дар ФархорДар тасодуфи роҳ дар Ваҳдат 11 кас ҷон бохтСадамаи "1111 QQ 03" бо ду блогердухтар ва писари як мансабдор