Нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои Эрон дар Фурудгоҳи Душанбе

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” рӯзи 10-уми апрел дар Фурудгоҳи Душанбе нишасти "хатарнок" анҷом додааст. Мақомоти Тоҷикистон ва ширкат дар ин бора расман шарҳе намедиҳанд.

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, ҳавопаймои ширкати “Вориш”, ки аз Теҳрон ба Душанбе меомад, соати 11:14 дар Фурудгоҳи Душанбе бо мушкил нишаст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳамаи мусофирон ва халабонҳо солиманд. Сабаби ба мушкил фуруд омадани ҳавопаймо бад будани вазъи боду ҳаво гуфта мешавад.

“Соати 11 дар Душанбе раъду барқ ва борон буд. Ҳавопаймои Душанбе барои нишасту парвози ҳавопаймо ду хат дорад. Ҳавопаймои ширкати “Вориш” дар байни ин ду хати парвоз фуруд омад ва зоҳиран чархаш осеб дид. Аз соати 11 ҳамаи парвозҳои рафтуо баргашт аз Фурудгоҳи Душанбе ва ба ин фурудгоҳ манъ шуд. Мутахассисон қариб даҳ соат талош карданд, ҳавопаймои ширкати “Вориш”-ро таъмир карда, аз хати парвоз берун кунанд ва танҳо баъди ин барои дигар парвозҳо иҷозат шуд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ.

Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз намояндагони Фурудгоҳи Душанбе бенатиҷа буд. Таблои онлайни Фурудгоҳи Душанбе нишон медиҳад, ки ҳамаи парвозҳо аз соати 11 то 20 лағв шудаанд. Рӯшан нест, ки ҳавопаймои эронӣ дар пайи нишасти хатарнок ба чӣ мушкил рубарӯ шудааст.

Тоҷикистон ва Эрон дар аввали имсол низоми раводидро миёни ду кишвар бекор карданд. Ҳоло байни ду кишвар ҳафтае 5 парвоз (чор парвоз аз ширкати “Вориш” ва як парвоз аз “Сомон Эйр”) анҷом мешавад.