Пайкари Нилуфар Мирраҳматоваи 28-соларо, ки дар Русия кору зиндагӣ мекард, қариб ду ҳафта пеш дар Хуҷанд дафн карданд, аммо баҳси волидони ӯ бо хонаводаи шавҳараш ҳамчунон идома дорад.
Шавҳар ва хушдомани ин зан гуфтаанд, ӯ дар хонаашон дар Русия худкушӣ кард. Волидонаш иддао доранд, ки эҳтимол ӯ кушта ё ба худкушӣ расонда шудааст.
Маҳбуба Баротова, модари Нилуфар, рӯзи 2-юми июл гуфт, “тарафи чапи пешонияш кабуд буд. Чанд ҷойи пояш ҳам кабуд буд. Дар оринҷаш изи панҷаи даст монда буд. Атрофи абрӯяш варам буду ҳолаташ бениҳоят бад.”
Маҳбуба Баротова
Ҳодиса рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Екатеринбург рух додааст. Тобути Нилуфарро баъди панҷ рӯзи он ба зодгоҳаш, Хуҷанд, оварданд. Мақомоти Русия дар санаде гуфтаанд, ки сабаби марги ӯ маълум нест.
Маҳбуба Баротова мегӯяд, ба худкушии духтараш, ки дар яке аз дармонгоҳҳои Русия кор мекард ва барои тӯйи хоҳараш ба Тоҷикистон омаданӣ буд, бовар надоранд. Онҳо дар муроҷиате ба мақомоти Тоҷикистону Русия хостаанд, ки марги духтарашро одилона таҳқиқ кунанд.
Пайвандони Нилуфар муносибати ба гуфтаашон нохуби хонаводаи шавҳарашро намуна оварда, мегӯянд, ӯ ҳатто чанд дафъа кӯшиши фирор карда буд.
“Духтарам шикоят мекард. Соли гузашта ҳам зада буданд. Модари шавҳараш барои хатоҳои духтарам дафтари калон ташкил карда буд. Ман ҳайрон шуда будам, ки хатоҳояшро дар дафтар навишта буд: як ҷойро хато рӯфтӣ, як ҷойро хато пок кардӣ, дер аз хоб хестӣ. Вақте ба ман нишон доданд, ман ҳайрон шудам," – иддао кард Маҳбуба Баротова.
Пайвандони шавҳари Нилуфар Мирраҳматова омода нашуданд, ки дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин қазияро шарҳ диҳанд ва мавқеи худро бигӯянд.
Нилуфар чаҳор сол қабл бо Мирабдулло Мирраҳматов издивоҷ карда, онҳо як писар доранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Модар талаб дорад, ки марги духтараш таҳқиқ шавад
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон марги чанд арӯс дар хонаи шавҳар ҷанҷолӣ шудааст. Мақомот камаш дар ҳафт ҳолат хушдомани онҳоро гунаҳкор дониста, аз панҷ то ҳафт сол зиндонӣ карданд.
Ҳоло, ки мавқеи шавҳару хушдомани Нилуфар Мирраҳматова рӯшан нест, пайвандонаш мунтазири посухи мақомот дар Тоҷикистону Русия нишастаанд.