Дар ҳоле ки ҷустуҷӯйи Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамроҳонаш дар дарёи Панҷ идома дорад, мақомот гуфтанд, ки ӯ ба ҳалокат расидааст ва идораҳои давлатӣ яке пайиҳам ба нашри таъзиянома пардохтанд.
Мошини хидматие, ки Алишери Мирзонабот, ҳамсару як фарзандаш ва ёвари ӯро аз Душанбе ба Хоруғ мебурд, рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарё афтодааст. Ин хабар вокунишҳои бесобиқаро ҳам дар сатҳи давлат ва ҳам дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба бор овард.
"Ба низом содиқ буд"
Дар сӯгномаҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон ва мансабдорону чеҳраҳои илмиву фарҳангӣ нашр кардаанд, аз Алишер Мирзонабот "чеҳраи содиқ ба давлату миллат" ва "роҳбари ободкору сахтгиру серталаб" ёд шудааст. Аммо нигоҳҳо ба раҳбарӣ ва амалкардҳои Алишер Мирзонабот дар панҷ соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яксон нестанд.
"Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи мансабдороне дар Тоҷикистон буд, ки наметавон ба фаъолияти онҳо баҳои яксон дод," – гуфт таҳлилгар Хурсанд Хуррамов.
Хурсанд Хуррамов
Ӯ афзуд: "Аз назари низоми худкома ва шояд худи Эмомалӣ Раҳмон яке аз мансабдорони намунавӣ буд, чунки тамоми супоришҳои роҳбарии давлатро бечунучаро иҷро мекард. Ба низом ва роҳбари кишвар пурра содиқ буд. Дар дохили система кӯшиш намекард, ки аз мансабдорон дигар фарқ дошта бошад. Аммо аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ин шахсият масъули поймоли ҳуқуқи инсон дар минтақа аст ва ӯро намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба хубӣ ёд намекунанд."
Ин дар ҳолест, ки тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳои Тоҷикистон дар паёмҳои ҳамдардии худ нақши ӯро дар субот ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавсиф кардаанд.
Аз ҷумла, порлумони Тоҷикистон дар номаи таслияти худ ӯро "роҳбари ботаҷриба бо малакаҳои таҳлилӣ, тафаккури стратегӣ ва принсипҳои устувор" номидааст, ки "тамоми умри худро ба хидмати содиқона ба Тоҷикистон ва ҳимояи манфиатҳои он бахшид."
Чолиш дар моҳҳои аввали раёсат
Алишер Мирзонабот соли 2021 замоне ба раҳбарии вилояти Бадахшон омад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз вазъи амниятӣ дар ин минтақа розӣ набуд. Вай ҷойгузини Ёдгор Файзов шуд. Файзов бар хилофи суннати сиёсӣ дар Тоҷикистон на аз бахши давлатӣ, балки аз байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ё созмонҳои байнулмилалӣ баромада, дар як давраи буҳронӣ раёсати вилоятро бар уҳда дошт.
Ба ном ва мақоми Алишер Мирзонабот таҳаввулоти сиёсиву амниятии Бадахшон, хусусан ҳодисаҳои Роштқалъа, Хоруғ ва Рӯшон пас аз моҳи ноябри соли 2021 пайванд мехӯранд.
Ҳамагӣ пас аз бист рӯзи кори ӯ дар мақоми раиси вилоят, 25-уми ноябри соли 2021, Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, дар пайи як амалиёти нерӯҳои қудратии вилоят кушта шуд ва буҳрони нави амниятӣ дар вилоят оғоз ёфт ва сипас гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ, амалиёт ва боздошту кушторҳо дар Рӯшонро дар пай дошт.
Алим Шерзамонов
Ба назари Алим Шерзамонов, намояндаи мухолифин, ки зодаи Бадахшон асту ҳоло берун аз Тоҷикистон қарор дорад, "Алишер Мирзонабот бештар гузинае буд, ки ба василаи ӯ масъалаи ин вилоят аз роҳи низомӣ ва зӯрӣ ҳал карда шуд."
"Дар мавриди бо зӯр ҳал кардани қазияи Хоруғ Мирзонаботов яке аз нақшҳои калидиро дошт. Пас аз он ки Ёдгор Файзовро ба муддати кӯтоҳ раиси вилоят таъйин карданд, то дар тӯли чанд сол тавонад бо нерӯи нарме, ки дили мардумро биёбад," – илова кард ӯ.
Иқтисод ва вазъи мардум беҳтар шуд?
Баста шудани бахше аз ниҳодҳои марбут ба Шабака ва Бунёди Оқохон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, литсей, чаҳорбоғи тафреҳӣ, марказҳои омӯзишӣ ва баҳси моликияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ низ дар давраи раисии Алишер Мирзонабот иттифоқ уфтодааст.
Аммо дар замони роҳбарии Алишер Мирзонабот таваҷҷуҳ ва маблағгузории ҳукумати марказӣ ба ин вилояти кӯҳистонӣ ва камтар рушдкарда зиёд шуд, ки сохтусоз ва бунёди биноҳову ниҳодҳои давлативу корхонаҳоро дар пай дошт.
Худи ӯ моҳи феврали имсол дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки "сармоягузорӣ ба иқтисоди вилоят беш аз 4,2 миллиард сомониро ташкил дод." Баъзе аз сокинони вилоят ин ҳамаро ҳосили раҳбарии Алишер Мирзонабот медонанд. Намояндагии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон низ рӯзи 18-уми июн дар паёме "талошҳои пайвастаи ӯ"-ро барои "беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди вилоят" сутудааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш
Алишер Мирзонабот 46 сол дошт. Донишкадаи низомии Кумитаи амнияти Қазоқистон, Академияи марзбонии Хадамоти амнияти Русия ва Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Дар Нерӯҳои марзбонӣ ва сипас дар мақоми муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст. Як муддат раиси шаҳри Хоруғ ва муовини раиси вилояти Бадахшон низ буд. Аз соли 2022 муовини раиси Маҷлиси Миллӣ буд ва ҳамагӣ як рӯз пеш аз садамаи мошини хидматияш дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дар Душанбе ширкат дошт.
Ҳоло маъмурони наҷот ва баъзе аз сокинон ба ҷустуҷӯйи ҷасади ӯ, ҳамсар ва як фарзандаш, дастёраш Саъдоншо Ҷанобилшоев ва ронандааш Сино Муборакшоев дар дарёи Панҷ идома медиҳанд.