Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ ва ҷавоб додани онҳоеро, ки замони хидматашон ба поён мерасад, имзо кард. Бар асоси ин фармон, даъвати баҳорӣ ба сафи артиш 1 апрел оғоз ёфта, то поёни моҳи апрел идома хоҳад кард.
Дар фармони раисиҷумҳур гуфта мешавад, ки дар моҳҳои апрелу май онҳое, ки мӯҳлати хидматашонро адо кардаанд, “аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.”
Ба ҷои онҳо, бино ба ин фармон, бар асоси қонун Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хидмати низомӣ даъват карда хоҳанд шуд.
Даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду дафъа сурат мегирад. Даъвати баҳорӣ аз 1 апрел то 31 май ва даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.
Як масъули вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 15 март ба Озодӣ гуфт, солтосол сафи нирӯҳои мусаллаҳ сифатан беҳтар мешавад. Ӯ мегӯяд, барои ин бояд талош шавад, ки ҷавонони аз нигоҳи саломатӣ солим ва аз нигоҳи рӯҳия ватандӯст ба хидмат даъват шаванд: "Барои ҳамин дар фармони раисиҷумҳур ба ниҳодҳое, чун вазорати фарҳангу кумитаи ҷавонон ва кумитаи радиову телевизион таъкид шудааст, ки хидмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд тарғибу ташвиқ намоянд."
Омори расмие вуҷуд надорад, вале бино ба ҳисобҳо, ҳар сол ба сафи нирӯҳои низомӣ ва ниманизомии Тоҷикистон тақрибан 15 -16 000 ҷавон барои хидмат даъват мешаванд. Ин дар ҳолест ки ҷамъи афроди синну соли хидматӣ, яъне аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон то 600 ҳазор нафар баровард мешавад.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин фарқи бузург байни талабот ва “пешниҳод” заминаи густариши фасод дар ниҳодҳои масъули даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон шудааст. Тақрибан ҳар моҳ Оҷонсии мубориза бо фасод ва дигар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз боздошти кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо иттиҳоми талаби ришва дар ивази аз хидмати ҳарбӣ озод кардани ҷавонон гузориш медиҳанд.
Рӯзи 15 март, дуруст дар рӯзе ки фармони раисиҷумҳур дар бораи даъвати баҳорӣ нашр шуд, дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як корманди 35-солаи коммиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд хабар дод. Бино ба ин манбаъ, ин корманд ҳанӯз даъвати баҳорӣ оғоз наёфта, бо миёнаравии посбони коммиссариат аз модари як ҷавоне, ки бояд ба хидмати ҳарбӣ даъват шавад, 3000 сомонӣ, муодили қариб 400 доллар пора гирифтааст. Худи ин ҷавон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст.
Ҳамин тавр, ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо гузоришҳои фаровон дар бораи иҷборан ба сафи артиш бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ мегузарад. Дар даъвати баҳорӣ ҳатто як чунин талоши иҷборан ба коммиссариати низомӣ бурдани ду ҷавон мунҷар ба даргирии хунин бо кормандони коммиссариат шуд.
Субҳи 7 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Муҳокимаи парвандаи муттаҳами аслӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбӣ Умедҷони Амрохон, инчунин, панҷ нафари дигар - Наврӯзҷон Мирзоев, Одилҷон Мирзоев, Ҷумъахони Давлатшоҳ, Шоҳинҷон Сафаров ва Шарифҷон Раҳматов - дар додгоҳи шаҳри Душанбе аз 17 феврал ба ин сӯ идома дорад.
Як вижагии даъвати имсола ин аст, ки он дар пешорӯи афзоиши нигарониҳои амниятӣ ва таҳдиди тундгароёни мазҳабӣ аз самти Афғонистон сурат мегирад. Мақомоти Душанбе мегӯянд, дар тақрибан 60 дарсади манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон гурӯҳҳои ифротӣ назар ба солҳои гузашта фаъол шудаанд ва дар тӯли як соли охир чандин вулусволӣ дар марз бо Тоҷикистон, аз ҷумла вулусволиҳои Дарқаду Хоҷағор дар вилояти Тахор, Дашти Арчӣ дар вилояти Қундуз ва вулусволии Юмгон дар Бадахшон барои муддатҳои тӯлоние таҳти тасарруфи чирикиҳои мухолифи ҳукумати кунунии Афғонистон қарор дошт.
Ба ин далел, дар фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати баҳорӣ таъкид шудааст, ки мақомоти масъул “даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.”