"Неруҳои вижа муҳофизат мекунанд." Бозгашти коргарони чинӣ ба Дарвоз

Мутахассисони чинӣ ба маҳалли сохтмони роҳи Душанбе-Чин дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз баргаштаанд ва зери муҳофизати неруҳои вижаи Тоҷикистон ба кор сар кардаанд. Коргарони чинӣ аввали моҳи декабри соли гузашта пас аз як ҳамлаи мусаллаҳона аз хоки Афғонистон, маҳали кори худро тарк карда буданд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ, мутахассисони чинӣ моҳи апрели соли 2026 ба идомаи кор пардохтанд ва онҳо “дар ҳама бахшҳо ба корҳои машваратӣ, бетонкунӣ, равшаннамоӣ дар нақбҳо ва ғайра машғуланд”.

Ба навиштаи вазорат, “пас аз анҷом додани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини амнияти кормандони чинӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, кормандони чинӣ ба иншоот баргаштанд ва айни ҳол корҳои боқимонда ҷараён доранд”.

Дар посухи ин ниҳод омадааст, “вазъият дар минтақаи мазкур айни замон ором аст, вале тибқи қоидаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ кормандони чиниро сохторҳои дахлдор муҳофизат мекунанд”.

Хабарнигори Радиои Озодӣ низ охири моҳи май дар ноҳияи Дарвоз мушоҳида кард, ки чиниҳоро неруҳои вижа муҳофизат мекунанд, вале иҷозаи аксбардорӣ дода нашуд.

Дар ҳамла ба роҳсозони чинӣ рӯзи 30-юми ноябри соли 2025 дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози ВМКБ, ду роҳсози ширкати “China Road and Bridge Corporation” кушта ва ду тани дигар захмӣ шуда буданд. Ин роҳсозони чинӣ ҳамроҳ бо ширкатҳои маҳаллӣ қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро месозанд.

Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Чжизюн пас аз ҳамла ба роҳсозони чинӣ, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон онро "кори аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ" номид, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои таъмини амнияти ширкат ва шаҳрвандони чинӣ “тамоми чораҳои заруриро биандешанд”.

Баъдан Сафорати Чин дар Душанбе аз ҳамаи шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон хост, ки минтақаҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро тарк кунанд.

Аз он пештар, шаби 26-уми ноябри соли гузашта дар ҳамлаи дигаре аз қаламрави Афғонистон се шаҳрванди Чин дар қароргоҳи ширкати заршӯии "Шоҳин СМ" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушта шуда буданд.

Дар пайи ду ҳодисаи кушта шудани шаҳрвандони Чин дар марз бо Афғонистон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи Толибон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ҷониби Толибон аз оғози таҳқиқи ҳодиса ва боздошт шудани чанд тан хабар доданд, вале то кунун маълум нест, ки таҳқиқ ба куҷо расидааст.

Қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ, бахше аз роҳи байналмилалии Душанбе-Кулма аст, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад. Ин роҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз то оғози ноҳияи Рӯшон мерасад ва 109 километр тӯл дорад.

Вазорати нақлиёт ин қитъаро “яке аз душворгузартарин масирҳо дар ҷумҳурӣ” медонад, ки “солҳои тӯлонӣ таъмири асосӣ” нашуда буд.

Сохтомони ин роҳ моҳи сентябри соли 2022 оғоз ёфт ва масъулони Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок, ки ин тарҳро татбиқ мекунад, мегӯяд, ки корҳои сохтмонӣ бояд 20-уми сентябри 2026 ба поён бирасанд. Моҳи июни соли 2025 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин роҳро ба баҳрабардорӣ супурд, ҳарчанд сохтмони ин роҳ то кунун идома дорад.

Дар ҳоли ҳозир дар ин роҳ корҳои насби шабакаҳои коммуникатсионӣ, равшанидиҳӣ, низоми оташхомӯшкунӣ дар нақбҳо ва сохтмони бинои маркази идоракунӣ, ҳамчунин баъзе корҳо дар 2 пули боқимонда идома дорад. Ҳамчунин дар ин роҳ долонҳои зидди тарма сохта шуда истодаанд ва ба гуфтаи Вазорати нақлиёт, мумфарш кардани қабати дуюми роҳ дар масофаи беш аз 78 км низ ба анҷом расидааст.