Наздикони Иззат Амон гуфтанд, "ӯро афв накарданд"

Иззат Амон аз соли 2021 дар зиндон аст

Қонуни нави афв нисбат ба Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон, татбиқ нашудааст.

Иззат Амон, раиси пешини Маркази тоҷикон дар Маскав, панҷ сол боз дар зиндон аст. Ӯро моҳи марти соли 2021 ва баъди ронда шудан аз Русия, дар Тоҷикистон боздошт ва дар доираи ду парвандаи қаллобӣ ба 15 сол зиндон маҳкум карданд. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро беасос медонанд.

Яке аз хешовандони Иззат Амон рӯзи 29-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "азбаски ӯ бар асоси қисми 4-и моддаи 247 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) зиндонӣ шудааст, қонуни афв татбиқ намешавад."

Ин дар ҳолест, ки тибқи қонуни афв, онҳое, ки бар асоси қисмҳои 1, 2 ва 3-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ зиндонӣ шудаанд, мавриди афв қарор мегиранд.

Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, ин пуштибони зиндонии муҳоҷирон ҳанӯз бояд дар афви соли 2021 озод мешуд ва далелашон ин аст, ки “ӯ маблағи зарарро пурра ҷуброн кард”.

Охирин маблағи пардохтнашуда, ки дар Додгоҳи олии Тоҷикистон зикр шудааст, 232 сомонӣ ё 18 доллар будааст, ки ба сабаби нопадид будани даъвогар дода нашудааст. Наздикони Иззат Амон гуфта буданд, аз рӯи қонун ба номи ин шахси даъвогар дар бонк суратҳисоб кушода, маблағро гузаронданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи афв нашудани Иззат Амон чизе нагуфтаанд.

Қонуни нави афв, ки рӯзи 16-уми июн пазируфта шуд, нисбат ба зиёда аз ҳаждаҳ ҳазор кас иҷро хоҳад шуд. Аз ҷумла, беш аз 11 ҳазору 305 нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мегардад.

Мақомот мегӯянд, қонуни афв асосан нисбат ба занону ноболиғон ва занҳое, ки ҷинояти вазнин накардаанд, татбиқ хоҳад шуд. Вале он нисбат ба баъзе аз фаъолону мухолифон, аз ҷумла онҳое, ки бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ё таҷовуз ба номус зиндонӣ гаштаанд, фаро намегирад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Писараш гуфт, ҷарроҳии Иззат Амон “хуб гузашт”"Баъзан таҳдид мекунанд, ки "даркор шавад" меронанд" ВИДЕОИззат Амон 50-сола шуд, дар маҳбасҲамкори пешини Иззат Амон ба ҳамкорӣ бо "Гурӯҳи 24" муттаҳам шуд