Иёлоти Муттаҳида дарёфти виза ё раводиди саёҳатӣ ва тиҷоратиро барои шаҳрвандони панҷоҳ кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, сахттар кард. Акнун аз ҳар довталаби сафар то бист ҳазор доллар гаравпулӣ талаб хоҳад шуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико гуфт, қоидаи нав аз 3-юми август ба таври доимӣ ба иҷро медарояд.
Қирғизистон ва Туркманистон, ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, низ ба рӯйхат шомиланд. Бештари кишварҳои боқимонда аз Африқо ҳастанд. Мақомоти Амрико шаҳрвандони ин давлатҳоро касоне номидаанд, ки муҳлати қонунии буданро дар Иёлоти Муттаҳида риоя намекунанд.
"Кормандони консулгарӣ ҳамчун шарти додани раводиди ғайримуҳоҷиратӣ (B-1, B-2), вобаста ба салоҳдиди худ, метавонанд то 20 ҳазор доллар гаравпулӣ талаб кунанд," – гуфта шудааст дар эъломияи Департаменти давлатӣ.
Мақомоти Амрико гуфтаанд, ин миқдор пул замонат барои риояи шартҳои истодан ва сари вақт тарк кардани ин кишвар аст. Дар сурати риояи қоидаҳо ва тасдиқи расмии баромадан аз Амрико, гаравпулӣ баргардонида мешавад.
Иёлоти Муттаҳида моҳи августи соли 2025 барномаи озмоишӣ ё санҷишии гаравпулиро барои талабгорони раводид ба ин кишвар роҳандозӣ карда буд. Барнома барои 12 моҳ пешбинӣ шуда, ба раводидҳои сайёҳӣ (B-2) ва тиҷоратӣ (B-1) дахл дошт. Ин барнома ба консулгариҳо иҷозат медод, ки вобаста ба салоҳдиди худ аз 5 ҳазор то 10 ҳазор ё 15 ҳазор доллар гаравпулӣ талаб кунанд.
Дар ибтидо барнома танҳо ба шаҳрвандони Малавӣ ва Замбия татбиқ мешуд, аммо аз аввали соли 2026 рӯйхати кишварҳо калонтар гашт.
Нашрияи "The New York Times" рӯзи 28-уми июл гузориш дод, ки маъмурони Хадамоти муҳоҷирати Амрико ба боздошти хориҷиёне сар кардаанд, ки муҳлати раводид ё визаи онҳо ба поён расидааст. Дар миёни онҳо ҳамсарони шаҳрвандони Амрико низ будаанд.
Дар Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфтаанд, "маъмурияти кунунӣ тамоми корро мекунад, то шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар кишвари мо ҳастанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки кишварро ихтиёрӣ тарк мекунанд, дигар бо ҳавопаймоҳо сафар карда натавонанд."
Бино ба ҳисобҳои тахминӣ, аз соли 2021 то 2025 аз 12 то 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Амрико рафтаанд. Бисёре аз онҳо тавассути барномаҳои муҳоҷиратӣ ё баъд аз дархости паноҳандагӣ дар сарҳади ҷанубии Иёлоти Муттаҳида вориди ин кишвар шуданд. Соли 2025 наздик ба се ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон барандаи лотерея ё бахтозмоии "Green Сard"-и Амрико шуда буданд. Аксар муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар дар бахши боркашонӣ, фурӯшгоҳ ва сохтмону хадамоти дигар кор мекунанд.