"Ин оғози шикасти тадриҷӣ аст". Назари коршинос ба рӯйдодҳои Эрон

Барселона, Испания. Мардум ба ҷонибдорӣ аз эътирозгарон дар Эрон ба хиёбон баромадаанд

Эътирозҳои сартосарии бисёрҳафтаина дар Эрон баъди инқилоби исломии соли 1979 азимтарин таҳдид ба режими мазҳабӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ арзёбӣ мешавад. Мақомот дар ҷавоб тақрибан пурра интернету дигар роҳҳои робитаро баста, даст ба саркӯбу куштори эътирозгарон заданд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, на камтар аз 2400 эътирозгар кушта шудаанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп пуштибонии худро ба эътирозгарон баён ва таҳдид кард, ки метавонад даст ба амали низомӣ занад.

Киён Шарифӣ, муҳаррири бахши англисии Радиои Озодӣ дар як сӯҳбат бо Грегори Брю, таҳлилгари масоили Эрон дар Гурӯҳи Евразия, пойгоҳаш дар Ню Йорк дар бораи вусъат ва вижагиҳои эътирозҳо пурсид ва пораи онро ин ҷо нашр мекунем.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳодисаҳои Эронро на чун “ҳаракати эътирозӣ”, балки чун “ошӯб” қаламдод кардаед, лутфан назари худро шарҳ бидиҳед.

Грегори Брю: Он чи дар рӯзҳои охир бо барқароршавии кам-ками Интернет мушоҳида мешавад, далели роҳ додани мақомот ба хушунати фавқулода мебошад. Режим на танҳо аз воҳидҳои полис ва басеҷиҳо, балки инчунин аз воҳидҳои ҳарбӣ, артиш ва нирӯҳои посдори инқилоби исломӣ истифода карда, бо силоҳҳои сангин алайҳи мардум дар кӯчаҳо амал мекунад. Гузоришҳое ҳам дастрас мешавад, ки мардум муқовимати мусаллаҳона нишон медиҳанд ва алайҳи нирӯҳои ҳукуматӣ силоҳ ба кор мебаранд. Кушта шудани беш аз 100 ходими амниятӣ дар натиҷаи ин хушунатҳо тасдиқ шудааст.

Грегори Брю

Ин ба рӯёрӯиҳои сахте ишора мекунад, ки танҳо бо рондани эътирозгарон маҳдуд нашуда, балки як “ҷанги шаҳрӣ” ҳам мебошад. Дар минтақаҳои деҳоту вилоятҳо, ки нирӯҳои амниятӣ наметавонанд он ҷо мисли шаҳрҳо вокуниши саривақтӣ нишон диҳанд, хушунати зиёде мушоҳида мешавад. Ман бо нигоҳ ба ин ҳодисаҳо инро шаклгирии як ошӯб ё шӯриш алайҳи режим мебинам, то эътироз бо талаби тағйироти сиёсӣ. Ин ҳама аз ноқаноатмандии ҷомеа ва ихтилофҳо дар дохили Эрон сарчашма мегирад. Эътирозҳо ин навбат аз пешинаҳо бо он фарқ мекунанд, ки мардум на бо як мавзӯи мушаххас, балки бо талаби сарнагунии режими исломӣ ба кӯчаҳо баромадаанд. Онҳо, ки чунин талабро гузоштанд, режим ҳам бо нирӯи афзоянда посух дод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Режими Эрон эътирозҳоро пушти сар мекунад, вале дурнамояш рӯшан нест"

Радиои Озодӣ: Агар Ҷумҳурии Исломӣ аз ин эътирозҳо ҳам ҷон ба саломат бурд, чӣ муддат сарипо хоҳад монд? То куҷо бо ҳамаи он бӯҳронҳое, ки дар як вақт дида мешаванд, умри он дароз ё кӯтоҳ мешавад?

Грегори Брю: Ба бовари ман, бо се далел ин режим метавонад ба мавҷи эътирозҳо тоб оварад. Якумаш ин ки тавонист дар паи эътирозҳои гузашта ҷон ба саломат барад. Ҳоло бо ин ки ҳодисаҳо фарқ доранду шадидтар ҳастанд, дар муқобил режим як дастгоҳи азиму моҳиртаре бунёд кардааст. На танҳо воҳидҳои полису ҳарбиҳо, балки фанновариҳои назоратӣ ҳам, ки дар ҳама ҷо насб шудаву шаҳрвандонро назорат ва маълум карда метавонанд, ба кор мераванд. Мо гузоришҳое дарёфт мекунем, ки аз рейдҳои хона ба хонаи мардум, истифодаи аз ҳад зиёди васоили саркӯбгарона хабар медиҳанд, ки дар 40 соли мавҷудияти режими Исломӣ рушд кардаанд. Ин як далели азими истифодаи васоили зиёд барои саркӯби эътирозҳо аст ва дар гузашта ҳам онҳо аз онҳо фаровон истифода кардаанд.

Далели дуюм ин аст, ки эътирозгарон ва нирӯҳои мухолифин, ҳарчанд бисёр сарзиндаву фаъол ҳастанд, ҳамоно чандон созмонёфта намебошанд. Ҳамоно як маҳаки қавие вуҷуд надорад, ки, ба истиснои шоҳзода Ризо Паҳлавӣ, ин ҳаракатро муттаҳид ва якҷо гардонад ё нақши боризтаре назар ба гузаштаҳо дошта бошад. Вале ин эътирозҳо худҷӯш ҳастанд. Онҳо сохторӣ ҳастанду аз бӯҳрони сохтории Эрон бармеоянд, вале онҳо раҳбарият ва ташкилот надоранд ва ҳамин чизҳо онҳоро аз барпо кардани як инқилоби воқеӣ бозмедорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ҷасадҳоро намедиҳанд". Дидаву шунидаҳои мусофирони аз Эрон омадаКараҷ. Шаҳри тарсу сукут ва ҷасадҳои пинҳон дар хонаТаҳрими панҷ мақомдори эронӣ аз сӯи ИМА

Ва инак далели сеюм ин аст, ки раҳбарияти режим муттаҳид боқӣ мемонад. Ҳеҷ шикофе дар байни онҳо нест. Ҳеҷ нафаре мухолиф бо хатти маши ҳукумат ҳарфе намезанад. Дар воқеъ, мӯътадилҳо ба мисли президент Масъуди Пизишкиён ва дигар намояндагони бахши мӯътадил саркӯбҳо ва ин роҳкорро дастгирӣ карданд, ки эътирозгарон "террорист ҳастанду", ошӯбҳои ҷараёндошта ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад. То имрӯз ҳамаи ин далелҳо, ба бовари ман, боиси ҷон ба саломат бурдани режим мешаванд.

Вале, ба назари ман, дар маҷмӯъ, инчунин баъди эътирозҳои аз ин пеш ҳам ҳамин чизро дарк кардаанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ дигар наметавонад самтгириҳои имрӯзаашро идома диҳад. Маҷмӯи бӯҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, сиёсати хориҷӣ, фишори байналмилалӣ, фишорҳои беруна, набуди раҳбарияти боло, фасод – ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ ба ин маъност, ки ин режим ба эҳтимоли зиёд агар сарнагун нашуд, пас тадриҷан пош мехӯрад. Шояд ҳам ин кори шаш моҳ ё як соли оянда набошад, вале нишонаҳои ин ки ҳамин чиз рӯй медиҳад, рӯшан дида мешавад.

Шакли комили мусоҳиба ба забони англисӣ инҷост

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Доналд Трамп мегӯяд, Эрон иҷрои ҳукми қатли эътирозгаронро боздоштаастМусофироне, ки аз Эрон омадаанд, чӣ мегӯянд?