Мулоқоти Трамп ва Си Ҷинпин. "Ду кишвар бояд шарик бошанд, на рақиб"

Раҳбарони Чин ва Амрико рӯзи 24 сентябр дидор ва дар бораи мавзӯъҳое чун тиҷорату сиёсат, ҳуши маснуъӣ, қазияи Тайван ва ҷанги Эрон, гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор, ки дар Кохи Сафед баргузор шуд, Си Ҷинпин аз Эрон ва Амрико хост, ки дар зудтарин вақт мушкилоташонро бо гуфтугӯ ҳал кунанд. Президенти Чин ҳамзамон аз мизбони амрикоиаш хост, ки ба суръат ва аз тариқи музокира, ҷанг бо Эронро поин диҳад.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз манбаъҳои огоҳ гузориш карда буд, ки Чин дар гуфтугӯҳои пеш аз сафари Си Ҷинпин, дар ивази имтиёзҳои эҳтимолии Амрико дар заминаи фурӯши аслиҳа ба Тайван, пешниҳоди ҳамкорӣ дар ворид кардани фишор бар Эронро матраҳ кардааст. Ин пешниҳод ба таври расмӣ аз сӯи Пекин таъйид нашудааст.

Дар ҷараёни ҷанги тиҷории ду кишвар, таърифаҳо аз ду тараф дар як марҳила аз 100 дарсад низ боло рафта буд.

Тайванд аз дигар масъалаҳои ҳассоси мулоқоти рӯзи панҷшанбе будааст. Чин ин ҷазираи дорои ҳукумати демократиро бахше аз қаламрави худ медонад ва борҳо бо фурӯши аслиҳаи Амрико ва Тайван мухолифат кардааст.

Ба гузориши хабаргузории расмии Чин, Си Ҷинпин дар Кохи Сафед аз Доналд Трамп хостааст, ки дар баробари масъалаи "истиқлол"-и Тайванд, бо "дурандешӣ ва эҳтиёт", рафтор кунад.

Ин дувумин дидори Доналд Трамп ва Си Ҷинпин дар соли ҷорӣ ва нахустин сафари президенти Чин ба Вашингтон дар беш аз як даҳсолаи ахир аст. Си Ҷинпин шомгоҳи панҷшанбе ба вақтии маҳаллии Амрико вориди он кишвар шуд ва Доналд Трамп ӯро дар пойгоҳи "Эндрюс" истиқбол кард.

Ин нахустин бор дар 11 соли гузашта аст, ки раисҷумҳури Амрико барои истиқболи як раҳбари хориҷӣ ба ин пойгоҳ меравад. Охирин бор Барак Обама дар соли 2015 дар онҷо аз поп Франсис истиқбол карда буд. Ин мавзуъ, нишонае аз эҳтироми хоси Доналд Трамп ба ҳамтои чиниаш ба шумор меравад.

Кохи Сафед ҳамчунин шаби панҷшанбе зиёфати расмӣ тартиб дод, ки шуморе аз раҳбарони ширкатҳои бузурги фановарии Амрико, аз ҷумла, Apple, Amazon, Alphabet, Open AI, Tesla ва NVIDIA ба он даъват шуданд.

Си Ҷинпин чаҳоршанбе дар оғози вуруд ба Амрико ибрози умедворӣ кард, ки робитаҳои Пекин ва Вашингтон босуботтар шавад ва гуфт, "ду кишвар бояд шарик бошанд, на рақиб".

Пеш аз дидори ду президент, мақомҳои баландпояи иқтисодии ду кишвар дар бораи тамдиди оташбаси иқтисодӣ, ба созиш расида буданд.

Вазири молияи Амрико пас аз гуфтугӯ бо муовини нахуствазири Чин эълон кард, созише, ки афзоиши таърифаҳои дутарафаро мутаваққиф карда буд, то 20 январ тамдид хоҳад шуд. Оташбаси тиҷории феълӣ қарор буд дар моҳи ноябр ба поён расад.

Дар ҷараёни ҷанги тиҷории ду кишвар, таърифа ё боҷҳо аз ду тараф дар як марҳила аз 100 дарсад низ боло рафта буд. Амрико мегӯяд, Чин дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ барои хариди 200 ҳавопаймои "Боинг" низ пешрафтҳое доштааст.