Сиёсатмадорони ғарбӣ аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар ин бора баҳс кардаанд, ки оё фишорҳои дипломатӣ ва таҳримҳо метавонанд пуштибонии Чинро аз Маскав камтар кунанд?
Ба таҷовузи низомии Русия ба хоки Украина чаҳор сол пур шуд. Мақомоти аршади аврупоӣ дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, Чин бо харидани сӯзишворӣ ва таъмини маводи муҳим барои истеҳсоли дронҳо ё ҳавопаймоҳои бесарнишин як шоҳраги ҳаётии иқтисодро барои Русия фароҳам кардааст.
Як дипломати Иттиҳоди Аврупо, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, “ба ҳамин далел аст, ки мо бо чиниҳо гуфтугӯи доимӣ дорем, то таваҷҷуҳи онҳоро ба ин нукта ҷалб кунем”.
Мақомот ва таҳлилгароне, ки бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ суҳбат кардаанд, мегӯянд, Чин аз ироаи ёрии низомии мустақим худдорӣ кардааст, аммо ҳамкории иқтисодӣ, фанноварӣ ва дипломатии худро бо Маскав ба гунаи пайваста густариш додааст. Ба гуфтаи онҳо, ин робитаи рӯ ба рушд эҳтимол имсол беш аз пеш густариш хоҳад ёфт ва талоши ҳукуматҳои аврупоӣ барои таъсиргузорӣ ба Пекинро душвортар сохтааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, мақомоти чинӣ дар оғоз аз пайомадҳои иқтисодии ҷанг нигарон буданд, аммо сипас ба ин натиҷа расиданд, ки ин даргирӣ ба нафъи Пекин аст, зеро Аврупоро ба ҷойи Осиё бар Украина мутамарказ нигоҳ медорад. Таъсири иқтисодии пешбинишуда низ то ҳол барои Чин ночиз буда ва асосан ба полоишгоҳҳои хурди нафт ва ширкатҳои хусусии бидуни иртиботи умда бо иқтисоди бузург маҳдуд мондааст.
Ева Зайверт, таҳлилгари аршад дар ниҳоди таҳқиқотии MERICS дар Берлин, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "Чин мунтазири пайомадҳои ҷиддӣ нест, чун то ҳол амалан оқибати бузурге вуҷуд надоштааст. Чин медонад, ки Аврупо эҳтимол онро ба таври комил таҳрим нахоҳад кард ва мекӯшад ҳимояти худро пойинтар аз оне нигоҳ дорад, ки вокунишҳои сахтарро ба вуҷуд биорад.”
"Ҳифозат аз иқтисоди худ ё тир ба пойи худ"?
Брюссел аз моҳи феврали соли 2022 шуморе аз ширкатҳои чиниро ба рӯйхати сиёҳ даровард ва онҳоро бахше аз занҷираи таъмин ё ҷараёнҳои молии муртабит бо талошҳои ҷанги Русия донист. Интизор меравад, ин феҳрист рӯзи 24-уми феврал ва дар чаҳорумин солгарди ҳамлаи Русия бар Украина боз ҳам густариш ёбад. Нусхаи пешнависе, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дид, нишон медиҳад, ки чанд ниҳоди ҷадиди Чин дар он гунҷонда шудаанд.
Ба навиштаи маркази хабарии Радиои Озодӣ, ин иқдомҳо ҳимояти Чинро маҳор накардааст. Дар ҳоле ки Ҳиндустон, яке аз бузургтарин харидорони нафти Русия, харидани нафти Русияро коҳиш дод, Пекин барои пур кардани ин холигӣ вориди амал шудааст.
Акнун Чин беш аз 40 дарсади содироти нафти Русияро ба худ ихтисос додааст. Афзун бар ин, Сӣ Ҷинпин, роҳбари Чин, бо дидорҳо ва дар маҷмуъ 19 суҳбати телефонӣ аз замони оғози таҷовузи Русия ба Украина ба коҳиши фишорҳои дипломатӣ бар Владимир Путин, раисҷумҳури Русия кумак кардааст.
Чин ва Русия ҳамчунин талош кардаанд, ки ба интиқоли тиҷорат бо рубл ва юан таҳримҳои ғарбиро давр зананд. Мақомоти Русия мегӯянд, ки 99 дарсади тиҷорати дуҷониба дар соли 2025 бо истифода аз ин ду воҳиди пулӣ анҷом шудааст.
Иттиҳоди Аврупо низ ба далели пайвандҳои иқтисодии қавӣ миёни ин Иттиҳодия ва Чин аз ҷорӣ кардани таҳримҳои густурда алайҳи Пекин худдорӣ кардааст. Додугирифти Иттиҳоди Аврупо ва Чин дар соли 2024 ба ҳудуди 785 миллиард доллар расидааст, ки нишон медиҳад чаро роҳбарони аврупоӣ дар ҷорӣ кардани таҳримҳои фарогир алайҳи Чин эҳтиёткор ҳастанд.
Маргус Тсахна, вазири умури хориҷии Исландия ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ин вазъият Аврупоро то андозае ба Чин вобаста сохта ва онро водор мекунад, ки байни ҳифозат аз иқтисоди худ ё “тир ба пойи худ” якеро интихоб кунад.
Тса Кенна, ки моҳи ноябр дар ҳайати Эстония ба Пекин сафар карда буд, гуфт, Эстония ва кишварҳои дигари аврупоӣ ба мақомоти Чин фишор меоранд, то ба Путин ва амалҳои ӯ нисбат ба Украина таъсир расонанд.
"На наҷоти Русия, на наҷоти Украина"
Мақомоти аврупоӣ далел меоранд, ки танҳо аз роҳи таомул бо Сӣ Ҷинпин метавон бар мавзеи ӯ дар ин масъалаи амниятӣ асар гузошт. Пауло Рангел, вазири корҳои хориҷии Португалия ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ҳамаи гуфтугӯҳои ман бо Ван И, вазири умури хориҷии Чин ва гуфтугӯҳои сарвазири мо бо Сӣ Ҷинпин ҳамеша ва ба таври ошкор гуфтаем, ки интизор дорем Пекин аз нуфузи худ истифода кунад.”
Ба навиштаи маркази хабарии Радиои Озодӣ, дар миёни танишҳои тиҷоратӣ бо Вашингтон, роҳбарони аврупоӣ таомули худро бо Пекинро афзоиш додаанд. Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар поёни соли 2025 ва садри аъзами Олмон дар ҳамин моҳ ба Чин рафтанд.
Ҳамчунин интизор меравад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар моҳи апрел бо Сӣ Ҷинпин дар Чин дидор кунад. Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар нишасти амниятии Мюнхен рӯзи 14-уми феврал бо чанд мақоми аврупоӣ, аз ҷумла бо вазири корҳои хориҷии Украина дидор кард. Андрей Сибиҳа, вазири корҳои хориҷии Украина ба Радиои Озодӣ гуфт, Киев “ба тавсеаи бештари ҳамкории судманди мутақобил” бо Пекин алоқаманд аст.
Гуннар Виганд, як мақоми пешини баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкори Фонди Маршалли Олмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “Чин намехоҳад Русия шикаст бихӯрад, аммо дар айни ҳол намехоҳад, ки як Русияи пирӯзмандро дар канори худ дошта бошад. Бинобар ин намехоҳад равобиташро бо Украина бибурад ва ҳамзамон таъкид мекунад ки аз тамомияти арзии Украина ҳимоят мекунад."
Равобити Чин ва Русия дар даҳаҳои охир таҳти роҳбарии Сӣ Ҷинпин ва Путин аз рақобати даврони ҷанги сард ба ҳамсӯии наздиктар тағйир ёфтааст. Мақомҳои ғарбӣ мегӯянд, ки беэътимодӣ миёни Пекин ва Маскав ҳамчунон вуҷуд дорад, аммо мухолифати муштараки онҳо бо фишорҳои ғарбӣ бар ин ихтилофот ғалаба мекунад.
Вита Холод, узви ҳайати мудирияти “Анҷумани чиншиносони Украина” ба Радиои Озодӣ гуфт, “Чин дар ҳоли наҷоти Русия нест ва на ҳам дар ҳоли наҷоти Украина. Ин навъе аз бетарафии стратегии чинӣ аст”.