Муҳоҷир: "Мо бояд барои ҳама чиз пул диҳем, пул ва боз ҳам пул."

Муҳоҷирон мегӯянд, ки дар ҳар сари қадам аз онҳо санад ва пул мепурсанд.

Назорати онлайнӣ, ришвахорӣ, таҳқир ва азият дар кӯчаҳо. Воқеияти зиндагии Олим, ронандаи қирғизе, ки дар Русия ризқи худу хонаводаашро меёбад. Мегӯяд, рӯзаш ҳеҷ гоҳ бе мушкил намегузарад.

Падари 38-солаи ду фарзанд, ки дар вилояти Маскав кор мекунад, дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс гуфтааст: "Мо бояд барои ҳама чиз пул диҳем, пул ва боз ҳам пул."

Ба гуфтаи ӯ, пулиси Русия пайваста барои ҳар як санад ва ҳар як мӯҳр, сар аз сабти иқомат то иҷозаи кор, ё патент ришва талаб мекунад. Олим меафзояд, арзиши баъзе аз ин санадҳо то 300 доллар мерасад.

Дар Русия ҳудуди 6,5 миллион хориҷӣ ба сар мебаранд ва аксари онҳо муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Маъмулан корҳои вазнинро анҷом медиҳанд ва музди корашонро ба ватан мефиристанд. Аммо ҳоло фишор аз ҳар сӯ ба онҳо бештар мешавад.

Мақомот бо сахттар кардани қоидаҳои муҳоҷират мехоҳанд, роҳи муҳоҷиронро ба бозори кор ва мактабҳо бубанданд. Ҳамзамон, сатҳи бегонаситезӣ дар ҷомеа, ки ҳамеша баланд буд, боз ҳам болотар рафтааст.

Олим маҷбур аст, ҳар рӯз макони сукунаташро тавассути замимаи телефонии давлатии "Амина" ба мақомот гузориш диҳад. Ин барномаи назоратӣ бояд ҳамеша дар телефони ӯ фаъол бошад. Ӯ мегӯяд: "Агар се рӯз пайиҳам ин корро накунӣ, туро ба рӯйхати сиёҳ ворид мекунанд, ки пок кардани ном аз он хеле душвор аст." Шомил шудан ба ин феҳрист, ки расман "феҳристи афроди зери назорат" ном дорад, маънои баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, хатари аз даст додани кор, ихроҷ аз донишгоҳ ва ё депортатсия аз Русияро дорад.

Маҳдудият барои хонаводаҳо ва мактабҳо

Ин сахтгириҳо соли гузашта зиёд шуд ва баъди онки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, қарори сиёсати нави маҳдуд кардани ҳузури аъзои хонаводаи муҳоҷиронро имзо кард. Мақомот мегӯянд, ин кор барои "кам кардани бори ниҳодҳои иҷтимоӣ ва шифохонаҳо» зарур аст.

Яке аз монеаҳои нав, имтиҳони ниҳоят сахти забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон аст, ки мехоҳанд дар мактабҳои Русия таҳсил кунанд. Анна Орлова, омӯзгори забони русӣ дар тарҳи "Кӯдакони муҳоҷир", ин сиёсатро танқид кард. Ӯ мегӯяд: "Мо баръакс бояд хурсанд шавем, ки муҳоҷирон ба назди мо меоянд, чун маънои онро дорад, ки иқтисоди Русия рушд мекунад."

Бино ба омори расмӣ, соли 2025 ба далели имтиҳонҳои мушкил ва монеаҳои расмӣ ва ё бюрократӣ, 87 дарсади кӯдакони муҳоҷир натавонистанд, ба мактаб раванд. Анна Орлова мегӯяд: "Вазорати маориф ҳадаф гузоштааст, ки дигар хонандагони ғайрирусро ба мактаб қабул накунад. Ин девонагӣ аст."

"Муҳоҷир — душмани ҷомеа"

Аз афзоиши бегонаситезӣ дар ҷомеа ҳатто кӯдакон дар амон нестанд. Писари Олимро, ки мактабхон аст, чанде пеш ҳамсинфони русаш латукӯб карданд. Моҳи декабри соли гузашта бошад, як навраси миллатгарои ашаддии рус, Қобилҷон Алиев, писараки 10-солаи тоҷикро дар мактабе дар вилояти Маскав корд зада кушт.

Светлана Ганнушкина, роҳбари созмони "Мусоидати шаҳрвандӣ", ки мақомот онро "маъмури хориҷӣ" эълон кардаанд, мегӯяд: "Зиндагии муҳоҷир дар Русия душвор шудааст. Муҳоҷир ба як «душман» табдил ёфтааст, ки тамоми норозигии ҷомеа ба сари ӯ мерезад."

Ин гуна таблиғоти зидди муҳоҷирон дар ҳоле авҷ мегирад, ки таваррум дар Русия баланд аст ва Кремл барои таъмини хароҷоти ҷанги Украина, ки ба соли панҷуми худ ворид мешавад, молиётҳоро зиёд кардааст.

Тарс аз сафарбарӣ ба ҷанг

Ба гуфтаи Светлана Ганнушкина, ин сиёсати сахтгирона пас аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус Сити Холл" дар моҳи марти соли 2024 шиддат гирифт. Дар он ҳамла 149 нафар кушта шуданд ва ҳоло чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро омилони асосии ҳамла хонда, муҳокима мекунанд.

Ин вазъ обрӯи гурӯҳҳои миллатгаро, аз ҷумла Ҳизби либерал-демократи Русияро боло бурд. Леонид Слутский, раҳбари ин ҳизб, дар як суханронӣ гуфт: "Мо аз ин вазъ безор шудем. Муҳоҷирон арзишҳо ва суннатҳои ҷомеаи моро вайрон мекунанд."

Олим тасмим дорад, то соли 2030, вақте қарзи хонаашро дар Қирғизистон пардохт Русияро тарк кунад. Ӯ мегӯяд, бисёре аз ҳамватанонаш ба далели роҳ наёфтани фарзандон ба мактаб ба хонаву зодгоҳашон баргаштаанд.

Олим агарчӣ қаблан орзуи гирифтани шиносномаи русиро дошт, ҳоло дигар онро намехоҳад. Сабаби асосӣ ҳам ҷанг дар Украина аст. Ӯ гуфт: "Ман намехоҳам, ба ҷанг сафарбар шавам."