"Мо заминро обод кардем, акнун барояш соҳиб пайдо шуд!"

Сокиноне, ки аз гирифтани заминашон норозианд

Гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои аз даст рафтани заминҳои кишоварзиашон нигарон ҳастанд. Беш аз даҳ оила иддао доранд, ки солҳо боз тибқи шартнома қитъаҳои назди ҳавлиашонро ободу сарсабз гардонидаанд, аммо ҳоло мақомоти маҳаллӣ ин заминро ба дигар кас вогузор кардаанд.

Ин қитъаи замин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боис ба баҳси беш аз даҳ оила бо мақомоти маҳаллӣ гаштааст.

Яке аз даъвогарон Раҳимҷон Иброҳимов аст. Вай беш аз сӣ сол боз дар ин замини ба гуфтааш "як замон бекорхобида" лиму ва зироатҳои дигар мепарварад ва аз ин ҳисоб қисми даромади оиларо меёбад.

Мақомот ҳудуди як сол пеш аз ӯ талаб кардаанд, ки заминро холӣ кунад, чун дар ҷояш бинои баландошёнаи истиқоматӣ хоҳанд сохт.

Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, "моро огоҳ карданд, ки заминро дигар кас гирифт ва аллакай қарораш баромадааст. Мо як бор ба прокуратура (додситонӣ) муроҷиат кардем. Прокурор (додситон) эътироз овард. Онҳо боз аз нав қарорашонро барқарор карданд. Аллакай сертификат гирифта истодаанд".

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Мо заминро обод кардем, акнун барояш соҳиб пайдо шуд!"

Шерозхӯҷа Комилов, сокини деҳаи Обшорон низ бо ҳамин душворӣ рӯ ба рӯ аст.

Комилов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "инҷо сангу кулӯх ва ҷои партовпартоӣ буд. Падарам якчанд мошин хок оварда, обод карданд. Ман он вақт чорсола будам, 40 сол боз дар ҳамин боғҳо калон шудам. Акнун инҷо соҳиб ёфтааст ва мегӯянд, ки дарахтҳоро ғалтонда, хонаҳои замонавӣ месозем".

Аксари ин хонаводаҳо мегӯянд, барои истифодаи замин бо мақомоти маҳаллӣ қарордод доранд ва тибқи қонун бе ризояти онҳо касе наметавонад заминҳоро бо мақсади дигар, аз ҷумла бунёди хона истифода барад. Баъзе аз ин ҳуҷҷатҳоро Радиои Озодӣ ҳам дид.

Ҳамид Акрамов, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, бо идораи ҷамоат шартнома доранд ва молиёт (андоз)-и заминро то ин вақт месупориданд.

"Гуфтанд, ки обчакорӣ кунед. Дар аввал панҷ сол аз андоз озод будем. Баъзеҳо гармхона карданд, баъзеҳо дарахт шинонданд ва баъзеҳо ба обчакорӣ машғул шуданд. Ҳар хона се-чор писару духтар дорад. Ман худам чор фарзанду даҳ набера дорам. Дар умум қариб 200 нафар аз ҳамин боғҳо баҳра мебаранд," - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Ба нақли сокинон, раиси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли гузашта ҳамаи ин қитъаҳоро ба номи шаҳрванд Камол Рӯзиев гузарондааст.

Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари ӯ то ин дам натиҷа надод. Мақомоти маҳаллӣ низ бо далели он ки қазияро додгоҳ ҳал хоҳад кард, шарҳе надоданд.

Даъвогарон то кунун ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд. Додситонӣ дар санаде гуфтааст, аз паҳлӯи ин замин ҷӯйбори азим мегузарад ва хавфи омадани сел вуҷуд дорад.

Масъулони Идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сокинон гуфтаанд, ки баҳсашон дар додгоҳ қарор дорад ва натиҷаашро додрасҳо маълум хоҳанд кард. Сокинон мегӯянд, агар зарур ояд, барои ҳалли қазия то ба Додгоҳи олии Тоҷикистон мераванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Даъво сари замину тақсими замин дар Тоҷикистон ҳеч кам нашудааст

Ҷанҷолу моҷароҳо сари тақсими замин дар Тоҷикистони кӯҳистониву камзамин торафт бештар мешавад. Фақат дар соли 2025 дар кишвар қариб 13500 мавриди беэътиноӣ ба қонуни замин ё риоят накардани он сабт шудааст.

Дар ин миён аксаран мардуми одӣ ранҷ мекашанд, ки баъди гирифтани қарор дар бораи насиби онҳо шудани порчае аз замин бо заҳмату пули зиёд хона ё боғ месозанд, вале баъди як ё ду сол бо дигар шудани раиси ноҳия ҳама чизро аз даст медиҳанд.