Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаққи худро мехоҳем." Чаро тақсими мерос бе ҷанҷол намешавад? ВИДЕО


Тақсими мерос боис ба ҷангу душмании баъзе аз хоҳарону бародарон дар Тоҷикистон шудааст. Чаро?  

ДОСТОНИ ПАЙКАРМОҲ

“Ба мисли "Толибон" моро аз хона пеш карданд, фақат напаронданд, ҳамин,” – бо чунин ҳарфҳо Пайкармоҳ Саъдиева лаҳзаи ронда шуданашро аз хонаи падар тасвир кард.

Баҳс бар сари тақсими хона миёни ӯ ва бародараш соли 2021 ба фоидаи дувумӣ анҷом ёфт. Ҳоло Пайкармоҳ бо чор духтару келин ва ҳашт набера дар анбори бозори Фархор зиндагӣ дорад.

“Гуфтам, ки ман ҳам дар хонаи падарам зиндагӣ мекунам, ман ҳам меросхӯрам. Ба ягон гапи ман аҳамият надоданд. На ҳаққамро ба хона доданду на ба замин," – идома дод ӯ.

Ҷанҷоли хоҳару бародар барои тақсими мерос беш аз 15 сол боз идома дорад. Ба иддаои Пайкармоҳ Саъдиева, аввал дар пайи як созиши даҳонӣ ё шифоҳӣ хонаро аз бародараш харид, аммо дертар бародар даъво карду дубора манзилро гирифт. Пайкармоҳ мегӯяд, хост қонунӣ ҳаққи худро бигирад, то оилаи калонаш соҳиби сарпаноҳ шавад, аммо қазия ба фоидаи ӯ ҳал шуданӣ нест.

“Ҳозир як сотих замин 25 ҳазор сомонӣ аст. Ба ман 10 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд, ки бо ин пул ҳатто як печка гирифта намешавад,” – мегӯяд ӯ.

Пайкармоҳ Саъдиева
Пайкармоҳ Саъдиева

Вай дар як оилаи серфарзанд бузург шудааст. Шаш бародару хоҳар дорад. Мегӯяд, пас аз марги падар бо роҳи барои ӯ номаълум бародараш хона ва ҳама ҳиссаи меросро, аз ҷумла ҳаққи духтаронро аз худ кардааст.

“Моро напурсиданд ва тақсим накарданд меросро. Чӣ коре кард ҳамин бародарам кард. Ман нафаҳмидам. Мегӯяд, 6 ҳисса карданд, 5 ҳисаашро гирифт ва як ҳисаашро гуё ба номи ман кардаанд, ки ҳамонро ҳам ба инобат нагирифта, ҳаққи маро гирифта истодаанд,” – гуфт ӯ.

Аббосулло Саъдиев, бародари Пайкармоҳ, пештар дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ қарори додгоҳро дуруст дониста буд. Шарҳи бештари ӯ дастрас нест.

ШИКОЯТИ ГУЛДАСТА

Тақсими нобаробари мерос байни бародару хоҳар дар баъзе аз хонаводаҳо сабаби ҷанҷол ва канда шудани робитаҳои хешутаборӣ ва душманӣ гаштааст.

Баҳси додгоҳии Гулдаста Расулова ҳам бо бародараш баъд аз марги падар аз соли 2018 сар шуд. Мегӯяд, бародараш худро вориси падар дониста, намехоҳад хонаҳои меросиро бо хоҳарони бесарпаноҳаш баробар тақсим кунад.

“Баъд аз даргузаштифавти падарам, додари хурдиам, Расулов Зоҳир соли 2018 меросро аз худ кардааст. Мегӯяд, "духтар ҳаққи мерос надорад". Мо 5 сол шуд бо хоҳарам дар хонаи иҷораем. Ҳардуямон зани танҳоем. Шавҳаронамон гузаштаанд," – нақл кард мусоҳиби мо.

Ба иддаои Гулдаста, дар ҳоле ки аз падар чор хона ба фарзандон мерос мондааст, ҳоло ӯ ва як хоҳараш бе сарпаноҳ дар хонаҳои иҷора зиндагӣ доранд.

“Дар шаҳри Кӯлоб ду хона дорем. Як чорҳуҷраӣ. Падарам онро ба ман дода буд, аммо ба номи худаш буд. Ҳозир ҳамон хонаро қулфашро шикаста даромадааст, роҳ намедиҳад. Монеа эҷод мекунад. Иҷоранишин мондааст. Ду хонаи дигар дар шаҳри Душанбе дорем. Он ҷоро ҳам ба иҷора додааст. Мо - ду зани танҳо дар ҷойи дигар иҷора нишаста, ҳар моҳ якуним ҳазор сомонӣ месупорем,” – илова кард ӯ.

Гулдаста Расулова
Гулдаста Расулова

Ба нақли Гулдаста, падараш корманди собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ буд. Ӯ дар зиндагӣ мероси худро қонунӣ ва хаттӣ васият накардааст. Ин сабаб ва ҳам ин андешаи додар, ки гуё духтар ҳаққи баробар дар гирифтани меросро надорад, қазияро печидатар карда.

“5 сол боз ба Додгоҳ ариза мекунаду моро аз ҳиссаамон маҳрум карданӣ аст. Баҳси мо ҳоло дар Додгоҳи олӣ аст. Бо мо гап намезанад. Дар додгоҳ мегӯянд, "созиш кунед", аммо ба мо маблағи кам пешниҳод мекунад. Дар Суди кассатсионӣ гуфтем, "ҳиссаи моро бидеҳ, мо розӣ", аммо розӣ намешавад. Мехоҳад, ки фақат пешниҳодҳои ӯро бипазиранд," – гуфт Гулдаста Расулова.

Зоир Расулов, бародари Гулдаста Расулова, нахост қазияро шарҳ диҳад. Фақат гуфт, ки тибқи қарори баровардаи додгоҳ амал мекунад. Хоҳаронаш бо даъво мегӯянд, муроҷиатҳояшон барои гирифтани ҳаққи худ ба мақомот то ҳол натиҷа надодааст.

“Аз ҳиссаи онҳо ба мо чизе даркор нест. Фақат ҳаққи худро мехоҳем,” – гуфт ӯ.

ШАРҲИ УЛАМО

Тақсими мерос дар бисёр маврид дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бар асоси шариати ислом иҷро мешавад. Ин баҳсҳо замоне ба додгоҳ мераванд, ки дар ин доира ҳалли худро намеёбанд.

Ба Маркази исломии Тоҷикистон сокинон бо чунин суол борҳо муроҷиат кардаанд. Дар посух ба яке аз ин пурсишҳо масъулони Марказ гуфтаанд, ки "пас аз марги падар барои ҳар писаре як ҳақ ва барои ҳар духтар ним ҳақ мерасад".

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раиси идораи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд: “Агар инсон меросашро тақсим накарду аз дунё чашм пӯшид, ҳар он чизе манcуб ба шахсияти ӯст, байни ворисон тақсим мешавад. Як писар ҳаққи ду духтарро мегирад. Ду духтар дар гирифтани мерос баробари як писаранд."

Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Сабаби бартарии писар дар дарёфти мерос нисбат ба духтарҳо аз нигоҳи ислом дар он маънидод мешавад, ки "масъулияти хароҷоти зиндагӣ ва таъмини зан ба дӯши мардон аст". Ин суол бепосух мемонад, ки агар духтар хонавайрон шуда бошад ва дасти танҳо мондааст, он гоҳ чӣ бояд шавад?

Ҷомеашиносон бартарии писарро нисбат ба духтар дар дарёфти мерос ба фарҳанги мардсолорӣ дар ҷомеаҳое ба монанди Тоҷикистон пайванд медиҳанд. Онҳо пешниҳод доранд, ки "волидон пешопеш ва аз рӯйи адолат тасмими худро ба таври расмӣ сабт ё васият кунанд".

МАВҚЕИ ҲУҚУҚДОН

Матлуба Бобоҷонова, ҳуқуқдони Кумитаи кор бо занон, ҳар рӯз ба даҳҳо зан дар мавзуъҳои гуногун машварат медиҳад. Яке аз мавзӯи доимии занон ҳамин тақсими мерос аст. Аз ӯ шарҳи қонунии ин масъаларо пурсидем.

Матлуба Бобоҷонова: "Тибқи Кодекси мадании Тоҷикистон, мерос гузаштани ҳуқуқи амволии меросгузор ба ворисонаш аст. Ворисони навбати аввал ин ҳамсар, фарзандон ва волидон ба ҳисоб мераванд. Мерос мешавад тариқи васиятнома ва қонун. Яъне, меросгузор агар дар зинда буданаш амволи худро ба фарзандон васият намояд, баъди фавти ӯ амволи ӯ ба шахсоне мегузарад, ки исмашон дар васиятнома оварда шудаанд. Тибқи қонун, амволи меросӣ, масалан агар манзили истиқоматӣ, ба ворисони навбати аввал бо ҳиссаҳои баробар тақсим мешавад. Қонун ҳуқуқи духтар ва писарро дар гирифтани мерос баробар муайян мекунад. Яъне духтар ҳам ҳақ дорад ҳиссаи муайянеро аз падар бигирад. Масалан, ворисон аз 5-6 нафар иборатанд. Манзили истиқоматӣ якто аст. Дар таҷриба вақте онҳо ба нотариуси давлатӣ муроҷиат мекунанд, нотариус меросро ба ҳисоби баробар байни 5 кас тақсим мекунад. Баъзе аз ворисон аз ҳиссаи худ даст мекашанд, мегӯянд, "мо – духтар, мо хонаву дари худро дорем, ҳиссаи худро ба бародар ё модарамон мебахшем".

Матлуба Бобоҷонова
Матлуба Бобоҷонова

Радиои Озодӣ: Вазъ дар амал чӣ тавр аст? Агар ба хоҳар дар хонавода мисли бародарон мерос баробар тақсим нашавад, чӣ кор бояд кунанд?

Матлуба Бобоҷонова: "Духтароне ҳастанд, ки хонавайрон мешаванд, дигар ҷойи зист надоранд, мушкилии беманзилӣ доранд. Онҳо ба хонаи падару модар меоянд. Онҷо бародар бо ҳамсару фарзандонаш аст. Вақте ба хонаи падар меоянд, масалан метавонад фишороварӣ шавад, ки "хона ба номи ман аст, ту ҳуқуқ надорӣ". Вай (бародар) аллакай ҳуҷҷатҳоро ба расмият даровардааст, шаҳодатномаи меросро. Дилпурона мегӯяд, ки "ман соҳибмулкам". Лекин дар ин ҳолатҳо қонун ба духтар аз мероси падар ҳисса медиҳад. Метавонад, бо роҳи муроҷиат шаҳодатномаро ба воситаи Додгоҳ бекор кунад. Суд дар асоси ҳалнома меросро ба ҳиссаҳои баробар тақсим хоҳад кард."

Радиои Озодӣ: Дар сомонаи додгоҳҳои Тоҷикистон эълони баррасии баҳсҳои тақсими мерос зиёд дида мешавад. Чаро миёни бародарону хоҳарон ин баҳсҳо ҳал намешаванд ва то додгоҳ мерасанд?

Матлуба Бобоҷонова: "Сабаб дар кам будани дониши ҳуқуқӣ аст. Фикр мекунанд, ки имтиёзи писар ё ҳуқуқаш дар гирифтани мерос зиёдтар аст. Дар асл аз нигоҳи қонун ин тавр нест. Чуноне ки зикр кардам, онҳо фикр мекунанд, ки зан шавҳар карду баромада рафт, дигар ягон ҳақ надорад. Масалан, мегӯянд, раҳматии падарам дар вақташ ба вай ҳиссаи худашро дод, лекин қонун инро қабул намекунад. Кам ёфт мешавад бародару хоҳаре, ки баҳсро бо роҳи осоишта ҳал кунанд."

Барномаро дар инҷо бинед:

Салом, хоҳар. Чаро мерос боис ба душманӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:23 0:00

Радиои Озодӣ: Барои пешгирӣ аз сар задани чунин баҳсҳо байни хоҳару бародар ба волидон чӣ машварат медиҳед?

Матлуба Бобоҷонова: "Барои ҳамин, ба падару модар тавсия медиҳем, ки дар вақти дар ҳаёт будан бигзор инро қонунӣ ба расмият дароранд. Бигзор бо васиятнома ё ҳадя кардан. Агар мехоҳанд, ба як нафар бидиҳанд, беҳтар аст, ин корро ба воситаи идораи нотариус тасдиқ кунанд."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз заноне, ки даъвои гирифтани ҳаққи худро аз мероси падар доранд, мегӯянд, солҳост баҳсашон бо бародарон дар додгоҳҳо идома дорад ва ҳеҷ ҳалли худро намеёбад. Чаро чунин аст?

Матлуба Бобоҷонова: "Дар Кодекс муҳлати даъво зикр шудааст. Муҳлати даъво аз замоне ҳисоб мешавад, ки шахс аз вайрон шудани ҳуқуқи худ дар муддати 3 сол огоҳ шуд. Вай метавонад ба додгоҳ барои барқарор кардани ҳуқуқи худ муроҷиат кунанд. Ин ҷо ҳолатҳое мешавад, ки муҳлати даъворо мегузаронанд. 5-10 сол мегузарад, шавҳар мекунаду фарзанд, баъд муроҷиат мекунад, дар ин ҳолат додгоҳ метавонад дар асосси далелу тафтишоти судӣ аризаи ӯро барои гузаштани муҳлати даъво рад кунад. Ё давомдор шавад. Тавре таҷриба нишон медиҳад, бештари баҳсҳои меросӣ, агар васиятнома ҳам бошад, тӯл мекашад. Як ворис мегӯяд, васиятнома қалбакӣ аст, зеро бовар дорад, ки "падарам пир буд, дарки ҳаракатҳои худро надошт"... Дар ҳамин ҷо то ташхиси хатшиносӣ муайян мешавад, баҳс дароз мешавад."

Барнома дар Ютуб:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG