"Мо мондем, намедонем чӣ кор кунем"

Бинои нимасохта дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.

Дар шаҳри Душанбе байни муштариёни як ширкати сохтмонии дигар моҷаро бархостааст. Сабаби даъво ва норизоиятӣ мутаввақиф шудани кор ва ҳам фурӯхтани як хона ба чанд нафар аст.

Харидорони ин хона рӯзи 21-уми январ дар назди бинои ниматамом ҷамъ омаданд ва аз кори ширкати “МФ сохтмон”, шикоят карданд.

Умед Бобиев, сокини шаҳри Душанбе ва яке аз муштариён ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мушкил ҳамин сохтмони нотамом аст, ки мо аз соли 2023 маблағгузорӣ кардем. Ман пурра маблағи як хонаи якҳуҷраиро пурра пардохтаам, аммо мутаассифона, дар тӯли се сол мешавад, ки мо чанд маротиба муроҷиат кардем, ариза пешниҳод кардем, ба тамоми мақомот, аммо мутаассифона, натиҷа надод.”

Азимҷон Саидов, сокини ноҳияи Мӯъминобод, ҳам дар ин бинои ҷанҷолӣ хона харидааст ва мегӯяд: “Дар ин бино мо хона харидем, шартнома бастаем. Як хонаро ба се, чаҳор кас фурухтаанд. Мадиев Фарҳод биноро насохта истодааст.”

Нигаронии дигари муштариён он аст, ки наметавонанд, намояндаи ширкатро пайдо карда, ба пурсишҳояшон посух гиранд.

Зебуниссо Давлатова, сокини шаҳри Душанбе: “Гӯё дар куҷое аст, ки намеёбандаш, вагарна гаштааст, дар Кӯлоб, дар ҳама ҷо мебинандаш. Лекин ёфтаву гап зада наметавонанд. Бо ҳамин одамон вохӯрда гап занад, ки аққалан ман шуморо дастгирӣ мекунам. Мо мондем, намедонем чӣ кор кунем. Дар табақаи 15-ум хона гирифтаам, 400 долларӣ барои метри мураббаъ. Гуфт, 100 ҳазор сомониашро супор. Ман 100 ҳазор сомонӣ пули меҳнатеро, ки 30 сол карда будам, ҷамъ карда будам, оварда барои як духтари маъюбам супурдам.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Мо мондем, намедонем чӣ кор кунем"

Фарҳод Мадиев, раиси ширкати “МФ сохтмон” гуфт, мушкил баъд аз он сар зад, ки ширкатҳои таъминкунандаи масолеҳи бинокорӣ уҳдадориҳои худро сари вақт иҷро накарданд ва маҳсулот дастрас нашуд. Ӯ афзуд, бархе аз муштариён пули хонаро саривақт надодаанд, ки ин ҳам корҳо дар сохтмонро ба таъхир андохтааст. Фарҳод Мадиев ваъда дод, сохтмони бино аз аввалҳои моҳи феврал аз сар гирифта мешавад, аммо муштариён ба ин ваъда шубҳа доранд.

Баҳсҳои печидаи хонаву хонасозиро, ки дар ҳам сокинон ва ҳам соҳибкорон худро ҳақ меҳисобанд, дар Душанбеву атрофи он ва манотиқи дигари Тоҷикистон низ дидан мумкин аст.

Мақомоти Душанбе ахиран бо ирсоли паёмак ба телефони сокинон ва ҳам насби QR код"-ҳои махсус дар пеши дафтарҳои ширкатҳои сохтмонӣ огоҳ мекунанд, ки пеш аз хариди хона, дар бораи сохтмон маълумоти зарурӣ ва дақиқ гиранд. Ҳарчанд ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз фиреб ҳангоми хонахарӣ роҳандозӣ шудааст, вале маълум нест то куҷо натиҷа хоҳад дод. Дар ин миён чунин ҷанҷолҳо рӯ ба афзоиш доранд.