Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, қатли золимонаи кӯдаки тоҷикро дар Русия ҳушдоре ба муҳоҷирони дигар донист, то дар фикри ҳимоят аз фарзандони худ бошанд. Ӯ дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар бораи қазияи Қобилҷон Алиев, мизони ҷинояткории муҳоҷирон ва масоили дигар гап зад.
Радиои Озодӣ: Чаро, ба андешаи шумо, таҳқиқи парвандаи куштори Қобилҷон Алиев, навраси даҳсолаи тоҷик дар вилояти Маскав на аз рӯи моддаи "куштор бар пояи нафрати миллӣ", балки "куштор" таҳқиқ мешавад?
Валентина Чупик: "Биёед, ҳамаи кушторҳои дигарро ба хотир оварем, ки дар гузашта бар пояи нафрати миллӣ содир шудаанд. Оё кадоме аз ин ҷиноятҳо, шуруъ аз соли 2000-ум, дар ҳукмҳои додгоҳ ҳамчун куштор бар пояи адовати миллӣ ёд мешаванд? Ҳадди ақал якто вуҷуд дорад? Як бор ҳам набуд, як бор ҳам. Онҳо мехоҳанд вонамуд кунанд, ки Русия давлати фашистӣ нест. Ба онҳо, албатта, касе бовар намекунад, вале талош мекунанд чунин бошад."
Радиои Озодӣ: Чӣ мушкили ҳуқуқӣ дорад, ки куштори содиршуда бар пояи нафрати миллиро айнан ҳамингуна сабт кунанд?
Кӯдакон набояд аз хурдӣ таҳқир, нобаробарӣ, фиреб, пастӣ ва истеъморро таҳамммул кунанд. Агар аз хурдӣ дар чунин муҳит бузург шаванд, онҳо ба одамони баде табдил мешаванд.
Валентина Чупик: "Дар ин сурат бояд масъулиятро ба уҳда гиранд. Худи онҳо ҳамин нафратро дар тамоми матбуоти давлатӣ бармеангезанд. Ҳамеша, ба таври пайгирона ин корро мекунанд. Яъне, интизор доред, ки онҳо мехезанду мегӯянд, ин мо ҳастем, ки ба барангехтани нафрати миллӣ даст мезанем? Мегӯянд, ки бубинед, Русия як давлати фашистӣ аст, мабодо шубҳа накунед? Эътирофи ошкоро ба маънои эътирофи масъулияти худ аст. Агар чунин эътироф садо бидиҳад, ин ба он маъност, ки гуё ӯ дигар раҳбари худкома нест, дигар диктатура вуҷуд надорад. Чун диктатор ҳеч гоҳ гунаҳкор нест."
Радиои Озодӣ: Куштори Қобилҷон Алиев дар рӯзи равшан дар дохили мактаб рух дод. Чӣ гуна имкон дошт, ки чунин куштори мудҳиш дар дохили як муассисаи таълимӣ рӯй диҳад?
Валентина Чупик: "Хеле одӣ. Мову шумо дидем, ки чӣ гуна рӯй дод. Дар Русия намедонам чаро мактабҳоро аз муҳоҷирон муҳофизат мекунанд, вале аз дасти ҷинояткорони эҳтимолӣ не. Аз рӯи омор, муҳоҷирон дар Русия камтар аз 2 дарсади ҷиноятҳоро содир мекунанд. Аз ин теъдод ҷиноятҳои хушунатомез 0,3 дарсадро ташкил медиҳанд. Боқимонда ҳодисаҳо ба сабтиноми сохтакоришуда дар идораҳои муҳоҷират, нигаҳдории маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон, яъне фақат барои доштани нос рабт мегиранд. Ҷиноятҳои воқеӣ дар ин феҳрист хеле ночиз ҳастанд. Агар инро эътироф кунанд, пас, мактабҳоро бояд аз дасти кӣ ҳимоят кунанд, на аз ба истилоҳ сиёҳҳо, балки аз ҷинояткорҳои воқеӣ. Дуруст? Дар издиҳоме шинохтани ба истилоҳ сиёҳҳо осонтар аст, ҷинояткорро оё мешавад осон шинохт? Барои ин кор кардан лозим, равоншиноси мактаб бояд коғазпуркуниро як сӯ гузошта, бо шогирдоне кор кунад, ки рафтори ғайримаъмулӣ ва каҷ доранд, то аз ҷиноятҳои баъдӣ пешгирӣ шавад. Вале барои ин ҳама кор бояд кард, вале паҳн кардани натсизм осонтар аст."
Радиои Озодӣ: Дар пайи куштори Қобилҷон, барои муҳоҷироне, ки бо фарзандонашон дар Русия ҳастанд, чӣ машварат медиҳед?
Валентина Чупик: "Машварати ман ин аст, ки ба ҳеч сурат кӯдаконро ба Русия набаранд. То замоне ки ин системаи ҳукуматии миллатгаро пош нахӯрад, кӯдаконро набояд ба Русия бурд. Кӯдакон набояд аз хурдсолӣ таҳқир, нобаробарӣ, фиреб, пастӣ ва истеъморро таҳамммул кунанд. Агар кӯдакон аз хурдсолӣ дар чунин муҳит бузург шаванд, онҳо ба одамони баде табдил мешаванд. Агар шумо волидони бомасъулият бошед, набояд кӯдаконатонро ба Русия баред. Онҳое, ки бо фарзандонашон дар Русия ҳастанд, машварат ин аст, ки зудтар онҳоро ба ватан баргардонанд. Дар робита бо тарки Русия барои гурӯҳи дигари муҳоҷирон. Ҳоло мешавад гуфт, ки барои калонсолон шароит чандон фоҷеабору тоқатфарсо нест. Бале, бисёр чиз нороҳаткунанда аст, вале соли 2024 вазъ комилан бад буд. Соли 2022 аз он ҳам бадтар буд ва аз ин рӯ намешавад гуфт, ки билофосила ҳама фирор кунед. Коре, ки бояд билофосила анҷом диҳед, ин аст, ки бояд аз пайи ҷустуҷӯи кишварҳои дигари муносиб барои муҳоҷират шуд. Барои бозгашти худ ба ватан заминасозӣ кунед. Ана, ин корҳоро бояд кард, вале на шитобкорона, балки боэҳтиёт ва боандеша, то дар ҳолати ногуворе намонед."
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Русия бегонаситезӣ ба меъёр мубаддал шудааст