“Мегӯянд, шароит нест, мезананд, азоб мекашӣ”

Акс аз соли 2022. Меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон мушкили куҳна аст. Дар гузашта чанд сарбози собиқ барои таҳқири наваскарон дар қисмҳои ҳарбӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Ин шабу рӯз даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола барои хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад. Дар ҳоле ки мақомот мегӯянд, сафи ихтиёриён афзудааст, беш аз 500 кас дар зери як матлаби Радиои Озодӣ дар Инстаграм навиштаанд, ки "сарбозшикор" ё "облава" ва ё шеваҳои дигари ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ҳамоно идома дорад.

Дастикам даҳ корбар гуфтаанд, ки онҳо дар артиш хидмат карда, билети ҳарбӣ ҳам доранд, вале бо ин вуҷуд чанд дафъа боздошт шуданд. Яке аз онҳо бо номи Асрор навишт, "маро рӯзи гузашта қапиданд, билети ҳарбиямро нишон додам."

Даҳҳо нафари дигар тасдиқ кардаанд, ки бо вуҷуди нашри хабарҳо аз анҷоми нақшаи даъват дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо "сарбозшикор" мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, корбаре гуфтааст, додарашро дар шаҳри Кӯлоб "облава” карданд.

Шахсе бо номи рамзии “Абуча” мегӯяд, ӯ ягона ноновари хона аст ва падар надорад, аммо ба иддаои ӯ аз хонаи хобаш ба артиш бурданд ва ҳеч кас арзашро намешунавад.

Муртазо, корбари дигар навиштааст, ӯ нав аз артиш баргашт ва мардумро ташвиқ кардааст, ки “шароит хуб буд”. Хуррам гуфтааст, рафтан ба артиш шарту муҳим аст, аммо набояд ин корро маҷбурӣ кунанд.

Вай афзудааст: “Бачаҳоро зӯракӣ ба хидмат баранд, қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бисёр суст мешавад. Шумо шароити хидматро хубтар кунед, бачаҳо 100 дарсад бо хоҳиши худ мераванд. Сабаби гурехтан дар он аст, ки бисёре аз онҳое, ки хидмат кардаанд, ба бачаҳо мегӯянд, шароит нест, мезананд, азоб мекашӣ. Барои ҳамин, бояд зӯракӣ, маҷбурӣ набаранд”.

Корбаре бо исми мустаори “6699” дар посух ба гузоришҳои мақомот дар бораи афзудани сафи довталабони хидмат гуфтааст, бале ихтиёриён зиёд шудаанд, чун “падару модар ариза менависанд, ки агар фарзанди ман ба артиш нарафт, маро ба ҷавобгарӣ кашед.”

Ӯ гуфтааст, писар намехоҳад, ба волидон мушкил эҷод шавад ва аз ин рӯ, “бо хоҳиши худаш, дар асл маҷбурӣ, ба хидмати ҳарбӣ меравад.”

Дар Тоҷикистон ҳар баҳору тирамоҳ ҷавонон ба хидмати ҳатмии дусола дар артиш даъват мекунанд. Ҳамасола шикоят аз ҷалби маҷбурӣ ва ба артиш бурдани ҷавонони бемор расонаӣ мешавад. Радиои Озодӣ танҳо дар як соли охир дар бораи марги наздик ба 10 сарбоз ва ҷалби ду ҷавони бемор ба артиш хабар дод.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чаро баъзе аз ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон "мегурезанд"?