"Мавқеи Эрон тағйир наёфтааст." Теҳрон аз як созиши муҳим берун мешавад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ҷонибдорони беруншавии Ҷумҳурии Исломӣ аз Созиши адами густариши силоҳи ҳастаӣ далели мантиқӣ доранд, зеро узвияти Теҳрон дар ин Созиш аз ҳамла ба коргоҳҳои ҳастаии Эрон пешгирӣ накард. Дар айни замон, ба қавли Ароқчӣ, мавқеи расмии Эрон тағйир наёфтааст.

Ӯ дар суҳбат бо расонаҳои давлатии Эрон, ки 21-уми ноябр нашр шуд, иброз доштааст, ки дар ҳалқаҳои сиёсии кишвар баҳсе дар мавриди доктринаи ҳастаӣ ҷой дорад ва ҳар ду тараф ақидаҳои ҷиддӣ ва роҳбурдиро матраҳ мекунанд.

Чанд моҳ инҷониб мақомдорони баландпояи амниятӣ ва қонунгузорони тундгарои Эрон ошкоро даъват мекунанд, ки Теҳрон на танҳо аз Созиши адами густариши силоҳи ҳастаӣ берун шавад, балки дар пайи рушди фанновариҳои ҳастаӣ бошад.

Ин қарордоди ҷаҳонӣ дар соли 1970 бо ҳадафи пешгирӣ аз тавлиди силоҳи ҳастаӣ ва рушди истифодаи сулҳомези энергияи ҳастаӣ зери назари меъёрҳои бехатарии ниҳоде бо номи Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ тасвиб шудааст.

Эрон ҳамчун узви ин паймон уҳдадор шудааст, ки аз тавлид ё дарёфти аслиҳаи ҳастаӣ худдорӣ кунад. Аммо Теҳрон ҳақ дорад, бо ҳадафҳои сулҳомез энергияи ҳастаиро тавлид ва истифода намояд.

Коргоҳи ҳастаии Исфаҳон моҳи июни соли 2025 ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико қарор гирифта буд

Ба қавли Аббос Ароқчӣ, ҷонибдорони тағйири доктринаи ҳастаии Эрон исрор меварзанд, ки узвияти Эрон дар Созиш ва дигар гурӯҳҳои нозир аз ҳамлаҳо ба коргоҳҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ҷилавгирӣ накард. Аммо ӯ афзуд, берун шудан аз чорчӯби кунунии Созиши ҳастаӣ пайомади сода нахоҳад дошт. "То ҳамин лаҳза доктринаи ҳастаии Эрон тағйир наёфтааст ва мавқеи расмии Эрон бетағйир мондааст," – илова кард ӯ.

Дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон сари мавқеи расмии Чину Русия дар мавриди тағйири имконпазири мақоми Ҷумҳурии Исломӣ дар Созиши ҳастаӣ, Ароқчӣ гуфт, онҳо мавқеи мухолиф доранд. Вазири эронӣ шарҳ надод, ки Чину Русия мухолифи беруншавии Эрон аз Созиш ҳастанд ё мавқеи зиддиҳам доранд?

Дар масъалаи ғанигардонии уран Ароқчӣ тахмин кард, ки пайдо намудани чорчӯби қобили қабул имкон дорад. Вале ӯ ҳам ба мисли Муҳсин Ризоӣ, дабири Шӯрои олии амнияти Эрон, таъкид кард, ки урани ғанишуда аз қаламрави Ҷумҳурии Исломӣ берун нахоҳад шуд.

Сарнавишти урани ғанишудаи Эрон яке аз муаммоҳои асосии миёни Теҳрон ва Вашингтон буда, аз моҳи феврали соли равон ба сарчашмаи низои ду кишвар табдил ёфтааст.

Ба ақидаи Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ, дар Эрон каме беш аз 440 кило уране вуҷуд дорад, ки то 60 дарсад ғанӣ гардонида шудааст. Барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ уран бояд то 90 дарсад ғанӣ гардонида шавад.

Рафаэл Гросси

Рафаэл Гроссӣ, раиси Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ, дар моҳи март гуфта буд, ки дар нақбҳои коргоҳи ҳастаии Исфаҳон беш аз 200 кило ва миқдоре ҳам дар коргоҳи ҳастаии Натанз нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҳарду коргоҳи ҳастаии ёдшуда моҳи июни соли 2025 ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико қарор гирифта буданд. Баъд дар моҳи сентябри ҳамон сол Оҷонсӣ иброз дошт, ки дигар сарнавишти урани коргоҳҳои Исфаҳону Натанз барояш рӯшан нест.