Маводи сӯхт дар Тоҷикистон гарон ва камчин шудааст

Бензин дар Тоҷикистон камчин шудааст

Ҳамлаҳои паҳподии Украина ба полоишгоҳҳо ва ё корхонаҳои коркарди нафти Русия боис шудааст, ки маводи сӯхт – бензину солярка дар Тоҷикистон гарон шавад. Солярка ба иловаи гаронӣ камчин низ шудааст.

Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, ки бо дизел ҳаракат мекунанд, мегӯянд, барои дарёфти маводи сӯхт соатҳо навбатпойӣ мекунанд.

Фаррух Ҷӯраев, сокини шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, дар тақрибан як моҳи охир нархи сӯзишворӣ ба таври чашмрас боло рафта, ба кору зиндагии ӯ ҳам таъсир расонд. Нақлиёти Фаррух бо дизел мегардад. Ва онро наметавон дар ҳама ҷо пайдо кард.

"Шонздаҳуним сомонӣ шудааст. Боз камчин аст. Аз 100 литр зиёд намедиҳанд. Аз соати 12-и шаб меравем ва то 6-и субҳ дар навбат меистем. Дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ тамоман нест", - гуфт Фаррух Ҷӯраев.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Бо 17 сомонӣ "солярка" корамон суде нахоҳад дошт"

Ҳоло як литр солярка ё дизел дар маркази вилояти Суғд ба понздаҳуним сомонӣ ва гоҳе аз он бештар фурӯхта мешавад. Моҳе қабл он то даҳ сомонӣ арзиш дошт.

Ба навиштаи баъзе аз корбарон ва мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, нархи дизел дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон аз марзи 17 сомонӣ гузаштааст.

Ин вазъ асосан ба кори мусофиркашонҳо осеб расондааст. Барои намуна, бештар аз як ҳафта боз аксар автобус ё мусофирбарҳои дохили шаҳри Хуҷанд аз ҳаракат мондаанд. Мусофирбарҳои хурд ҳам дар кӯчаҳо камтар мегарданд.

"Фоида намемонад. Барои савоб кор карда гаштем. Дар кӯча мусофирбарҳо кам. Халқ сарсон. Маршруткаҳо дар назди бозори "Панҷшанбе" пур мешуд, ҳозир кам аст. Як ё ду мусофирбар меояд, тамом", - мегӯяд ронанда Асомиддин Шерматов.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми июл ба чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Хуҷанд сар зад. Дар овезаи аксари онҳо, ки ҳамеша нархи бензину солярка ва гази моеъ намоён буд, ин дафъа чизе дида намешуд.

Ҳарчанд баъзе аз тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои фароҳамкунандаи сӯзишворӣ дар суҳбатҳои худмонӣ афзоиши нархро тасдиқ карданд, сабабашро нагуфтанд.

Тибқи таҳлили Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ, нархи миёнаи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин ва дизел дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳафтае пеш аз 9 то 18 дарсад боло рафтааст. Манбаъ мегӯяд, соҳибкорони ватанӣ сабабҳои болоравии нархи сӯзишвориро ба боло рафтани арзиши он дар давлатҳои истеҳсолкунанда ва содироткунанда ва ба миқдори нисбатан кам воридот шудани он аз хориҷи кишвар арзёбӣ намудаанд.

Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия меорад. Ҳафтаҳои охир чанд корхонаи нафти Русия, аз ҷумла корхонаи коркарди нафти Омск, ки тавоноияш дар як сол 21 миллион тонна сӯзишворӣ аст, ҳадафи ҳамлаҳои паҳподии Украина қарор гирифта, дар худи ин кишвар буҳрони маводи сӯхт пеш омадааст.

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нишасти матбуотӣ дар моҳи феврали имсол гуфтанд, соли 2025 аз хориҷа ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ оварда шуд, ки 84 дарсадаш ба Русия марбут аст. Ҳоло онҳо нагуфтаанд, ки агар овардани бензину солярка аз Русия душвор гардад, чӣ барномаи алтернативӣ доранд. Дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ рӯзи 8-уми июл гуфтанд, ки барои харидани сӯзишвории ҳавопаймо бо Қазоқистону Туркманистон музокирот доранд.

Фаррух Ҷӯраев, ҳамсуҳбати мо дар Хуҷанд, мегӯяд, вазъро пайгирӣ мекунад, вале шояд то замони ба эътидол омадани бозор ва дастрас шудани нархи сӯзишворӣ мошинаашро дар як гӯша бимонад: "Акнун кор намекунем, мошинро мемонем. Нарху наво қимат шавад, ба бизнесменҳо ҳам кор кардан рост намеояд".