Кушта шудани як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҷанги Украина

Акс аз бойгонӣ

Пайкар ё ҷасади як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, дар зодгоҳаш, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба хок супурдаанд. Диловар Ҷафоев 41 сол дошт.

Ду манбаи огоҳ аз қазия, ки бо далели амниятӣ нахостанд номашон фош шавад, рӯзи 3-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “маросими дафн 30-юми октябр дар маҳаллаи Гулакен гузашт.”

Яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки дар Хоруғ қарор дорад, гуфт, “Диловар Ҷафоев аз ҳамсараш ҷудо шуда, дар Русия танҳо кору зиндагӣ мекард. Қариб як сол пеш бо Вазорати дифои Русия қарордод баста буд. Аз тарафи онҳо ба ҷанг дар Украина фиристода шудааст.”

Ба нақли манбаъҳои мо, Ҷафоев шаҳрвандии Русияро надоштааст. Аммо маълум нест, ки пайвастанаш ба артиши Русия ва рафтанаш ба майдони ҷанг дар Украина ихтиёрӣ будааст, зери фишор ё бо ваъдаи пулу тақдими шаҳрвандӣ.

Пойгоҳи “Pamir Inside”, ки ҳаводиси вилояти Бадахшонро бозтоб медиҳад, низ навиштааст, замону макон ва шароити марги ӯ, ҳамчунин воҳиди низомиеро, ки дар он хидмат кардааст ё шартҳои қарордодро мушаххас карда натавонист.

Инро ҳам бинед:

Русия 1400 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ба ҷанг бурдааст

Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва садҳо муҳоҷири одӣ ва зиндониёну боздоштшудаҳои тоҷикро ҳам ба ин ҷанг бурд. То кунун хабари кушта шудани беш аз сад тоҷикистонӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина расонаӣ гаштааст. Бархе дигар ба дасти низомиёни украинӣ асир афтода, хоҳони раҳоӣ ҳастанд.

Радиои Озодӣ аз аввали имсол дар бораи кушта шудани дастикам панҷ шаҳрванди Тоҷикистон гузориш дод. Ҳадди ақал яке аз онҳо, Олимҷон Бердиев, ба ваъдаи тақдими шаҳрвандии Русия ба артиш ва сипас ҷанг рафтааст. Наздиконаш гуфтанд, хабари марги ӯро баъди беш аз ёздаҳ моҳи бедарак буданаш фаҳмиданд, вале то ҳол пайкар ё ҷасадашро ба Тоҷикистон наовардаанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз дувоздаҳ то бист сол зиндон муқаррар кардааст, вале мақомот мегӯянд, нисбат ба касе барои ширкат дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноятӣ боз накардаанд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода моҳи июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ин ки чӣ қадар аз шаҳрвандони мо дар ҷанги Украина ҷанг карда истодаанд ё наистодаанд, мо ягон ҳисобот намебарем ва дар ин масъала ягон уҳдадорӣ ҳам надорем."

Ба иттилои “Зистан мехоҳам”, тарҳи давлатии Украина, мақомоти Русия аз соли 2022 то кунун зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро бо ваъдаи маоши баланду тақдими шаҳрвандӣ ва ё таҳдиди ба зиндон андохтан ё ихроҷ аз қаламрави ин кишвар ба артиш ва ширкат дар ҷанги Украина ҷалб кардаанд.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад. То кунун миллионҳо нафар дар Украина бехонаву дар ва паноҳҷӯ шуда, манзилу иншооти зиёде вайрон гаштааст. Маскав ҷанги худро дар қаламрави Украина амалиёти вижаи низомӣ, аммо Украинаву ҳампаймонҳои ғарбияш таҷовуз ба хоки ин кишвар меноманд.