Мақомот сӯхтор дар бозори "Корвон"-ро шарҳ доданд

Акс аз сомонаи ВКД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сӯхтор дар чанд мағозаи канори бозори "Корвон"-ро шарҳ додааст. Оташсӯзӣ рӯзи шанбеи 6-уми декабр рух дод ва чандин соҳибкор зарар диданд.

Дар хабарномаи ВКД омадааст, сӯхтор соати 8:18 сар зада, соати 10:30 "ба пуррагӣ хомӯш карда шуд".

Мақомот мегӯянд, то расидани сӯхторнишонҳо "алангаи оташ мағозаҳои қолин, курпаворӣ ва кошонаи ҳусн дар масоҳати 180 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои ҳамшафати он ба миён омада буд".

Мақомот дар бораи ҳаҷми зарар ва сабаби оташсӯзӣ чизе нагуфтаанд. Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилӣ танҳо ишора шудааст, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Навори оташсӯзӣ дар канори бозори "Корвон" ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар он дида мешавад, ки растаи фурӯши курпа, сандуқ ва қолинфурӯшӣ ба коми оташ рафтааст. Як блогери тоҷик навиштааст, мағозаи фурӯши либосҳои тӯёнаи ӯ низ дар ин ҳодиса зарар дид.

Ин бори аввал нест, ки бозори "Корвон" месӯзад. Солҳои гузашта борҳо ин бозор оташ гирифтааст. Як моҳ пеш бозори "Гулистон" дар шаҳри Панҷакент оташ гирифта буд.

Дар бештари маврид моликони дӯконҳои оташгирифта ҷуброн дарёфт намекунанд.

Аксҳо аз сомонаи ВКД