Махсуд Саидаминов ва Фаpрух Шарофов дар феҳристи “Беҳтарин олимони ҷаҳон” шомил шуданд

Махсуд Саидаминов (аз рост) ҳангоми кор дар Донишгоҳи Торонто. Акс аз соли 2018

Махсуд Саидаминов ва Фаpрух Шарофов – ду донишманди тоҷики соҳаи кимиё ба феҳристи “Беҳтарин 2 % олимони ҷаҳон” шомил шуданд, ки онро Донишгоҳи Стенфорд соле як бор таҳия мекунад.

Ин феҳристро профессори донишгоҳи маъруфи воқеъ дар Калифорния Ҷон Иоаннидис аз соли 2016 омода мекунад ва як меъёри муҳими шомил шудани ин ё он донишманд ба ин феҳрист истифода аз корҳои илмиву иқтибос аз он донишмандон гуфта мешавад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумотнома дар бораи ин ду донишмандро нашр кардааст.

Бино ба ин манбаъ, Фаpрух Шарофов 49 сол дошта, дар мавзуи «Омӯзиши химиявии метаболитҳои дуюмаи растаниҳои равғаниатридор тавассути усули хроматографияи газӣ - масс спектрометрӣ» — Химияи органикӣ рисоли докторӣ ҳимоя кардааст.

Ӯ дар вазифаи ходими калони илмии Муассисаи илмию тадқиқотии"Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулотҳои табий"-и Академияи миллим илмҳои Тоҷикистон кор мекунад.

Махсуд Саидаминов 37 сол дошта, устоди кафедраи кимиёи Донишгоҳи Викторияи Канада мебошад. Ӯ муаллифи 170 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш беш аз 24 ҳазор маротиба иқтибос шудаанд.

Хатмкардаи литсейи рақами яки шаҳри Исфара ва Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов буда, яке аз муваффақиятҳояш афзоиши амалкарди панелҳои офтобӣ мебошад.

"Алоқаи ман ба энержии сабз таҳти таъсири падарам Исматбой Саидаминов, ки профессор буд ва солҳои ахир ба омӯзиши мушкилоти баҳри Арал машғул буд, шакл гирифт", - гуфта буд ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар соли 2018.

Ба феҳристи беҳтарин донишмандони ҷаҳон, ки моҳи сентябр нашр шуд, исми сад ҳазор олимон аз саросари ҷаҳон шомил шудаанд.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷавонони боистеъдод мисли ситора медурахшанд, аммо баъд чӣ мешавад?Батареяҳои офтобии нав. Кашфиёти олими ҷавони тоҷик дар Канада