Пас аз он ки гурӯҳи тундрави “Толибон” соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, таҳсили духтаронро баъд аз синфи шашум манъ кард. Акнун чанде аз омӯзгорони вафодор ба касбу таълим дар хонаҳои худ синфхонаи пинҳонӣ ё махфӣ ташкил кардаанд, то духтарон ба таҳсил идома диҳанд. Устодону донишомӯзон аз оқибат ё пайомади кори худ метарсанд, аммо ҳамзамон ишқи хондан ва расидан ба орзуҳоро аз ҳамаи таҳдиду хатарҳо болотар медонанд.
"Агар мактабҳо боз мебуданд…"
Барои духтарони ташнаи дониш дар Кобул як синфхонаи пинҳонӣ ташкил кардаанд. Ошкор шудани он пайомадҳои сангин хоҳад дошт. Хабарнигори Радиои Озодиро ба инҷо даъват карданд, вале барои бехатарии устодону хонандагон макон ва шахсияти онҳо пинҳон мемонад. Номи донишомӯзон ҳам тағйир дода шуд.
Намехоҳам духтарам дар инзиво бузург шавад ва дар хона бимонад. Мехоҳам ӯро барои таҳсил фиристам. Мо метарсем, аммо ин тарсро мепазирем, то духтаронамон тавассути таҳсил ояндаи худро шакл диҳанд.Падари яке аз донишомӯзон
Вақте гурӯҳи тундрави "Толибон" соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, таҳсили духтаронро баъд аз синфи шашум манъ кард. Инчунин, занону духтарон аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳо маҳрум гаштанд. Марҷон, яке аз донишомӯзон мегӯяд, орзуҳои зиёде дошт, аммо ноумед шуд.
"Ман 13-сола ҳастам. Агар мактабҳо боз мебуданд, ҳоло дар синфи ҳафтум мехондам. Пеш аз баста шудани мактабҳо мехостам пизишк шавам. Лаҳзаи сахттарин барои ман дар чанд соли гузашта ҳамин буд, ки мактабҳо баста шуданд ва ман натавонистам ба таҳсил идома диҳам," – афзуд ӯ.
Дар мактаби пинҳонии духтарон номгӯйи фанҳо маҳдуд аст. Асосан риёзӣ, забони англисӣ ва ҳунар меомӯзанд. Ҳамагӣ се ё чаҳор омӯзгор ба тақрибан 20 хонанда рост меояд. Онҳо аз барномае истифода мебаранд, ки пештар барои таълим дар мактабҳои Афғонистон омода шудаанд.
Яке аз омӯзгорон замоне ки Толибон панҷ сол пеш қудратро ба даст гирифтанд, донишҷӯ буд. Шимо гуфт: "Ман таваккул кардам, то ба ин духтарон ҳар чизеро, ки дар бораи ҳунар медонам, биомӯзонам. Агар рӯзе онҳо дигар натавонанд барои таҳсил биёянд, ман бисёр ғамгин мешавам. Онҳо бениҳоят боистеъдод ҳастанд. Танҳо дар ду моҳ наққоширо бисёр хуб омӯхтанд."
Дар мактаби пинҳонии духтарон асосан риёзӣ, забони англисӣ ва ҳунарро дарс медиҳанд
"Душвориҳои зиёде вуҷуд доранд"
Ҳудо Хомӯш, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, ки ҳоло дар Осло (Норвегия) зиндагӣ мекунад, ба воситаи як шабакаи махфӣ дар дохили Афғонистон дар ташкили баъзе аз синфхонаҳои пинҳонӣ ёрӣ кардааст.
Ин фаъоли ҳуқуқи занон гуфт, "барои мо имкон фароҳам шуд, ки барои духтарон дар ҳашт вилоят таҳсилро фароҳам оварем. Душвориҳои зиёде вуҷуд доранд, аз ҷумла нигоҳ доштани ҷойҳо ва ғамхорӣ дар ҳаққи духтарон, то онҳо тавонанд худро аз атрофиён муҳофизат кунанд, аз ҳамсояҳо, аз дӯкондороне, ки қаламу коғаз мефурӯшанд, аз ҳар касе, ки дар атрофашон ҳаст. Ҳатто аз одамоне, ки ҳангоми таҳсил дар канорашон менишинанд."
Агар вазъият ҳамин гуна идома ёбад, бешак, мо дар бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона шоҳиди буҳронҳои сахттар хоҳем шуд. Мо бо ҷомеае дучор хоҳем шуд, ки занон ҳеч нақш нахоҳанд дошт.Манижа Рамизӣ
Ҳам хонандагон ва ҳам омӯзгорон аз душвориҳои таҳсили пинҳонӣ ва хавфи фош шуданашон нигаронанд. Онҳо гуфтанд, барои он ки шубҳа зиёд ва дарсхона ошкор нашавад, хонандагон дар вақтҳои гуногун ва ҷудо-ҷудо меоянд.
Райҳон, яке аз донишомӯзон гуфт, "ҳангоме аз хона мебароям, пайвандон аз тарс меларзанд. Онҳо аз он нигаронанд, ки мабодо намояндагони "Толибон" моро дар роҳ набинанд ё касе аз таҳсили мо огоҳ нашавад. Ҳангоми роҳ рафтан сад бор ба қафо менигарам, то бовар ҳосил кунам, ки касе омадани моро намебинад."
Чанд омӯзгор гуфтанд, ки намояндагони "Толибон" ҷойи кори пешинаи онҳоро ошкор карда буданд, биноан, ба маҳаллаи дигар кӯчиданд.
"Пас аз он ки касе дар бораи кори мо ба "Толибон" хабар дод, сахт тарсидем ва маҷбур шудем ҳама чизро дигар кунем. Мо дарсдиҳиро идома додем, вале мактаби худро ҳамчун маркази омӯзишгоҳи касбӣ барои дӯзандагӣ муаррифӣ кардем," – нақл крад яке аз омӯзгорон.
"Намехоҳам духтарам дар инзиво бузург шавад"
Волидони духтарони мактабхон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ пайомадҳои эҳтимолӣ ва сангини кори худро эътироф карданд. Аммо онҳо гуфтанд, тасмими қатъӣ гирифтаанд, ки барои амалӣ шудани орзуҳои духтаронашон мадад кунанд.
Падари яке аз хонандагон гуфт, "намехоҳам духтарам дар инзиво бузург шавад ва дар хона бимонад. Мехоҳам ӯро барои таҳсил фиристам. Ман мехоҳам, ӯ бо ҷасорат таҳсил кунад, то битавонад ояндаи худро бисозад. Мо метарсем, аммо ин тарсро мепазирем, то духтаронамон тавассути таҳсил ояндаи худро шакл диҳанд."
Мақомоти "Толибон" ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи синфхонаҳои махфӣ ва таҳсили духтарон посух надоданд. Бо вуҷуди ин, "Толибон" пештар гуфта буданд, ки духтарон метавонанд дар оянда пас аз синфи шашум ба мактаб баргарданд, агар ба гуфтаи онҳо, "шароити муносиб" фароҳам шавад.
Аммо баъзе аз коршиносони бахши маориф мегӯянд, зиёни расида ба духтарон ва умуман ба ҷомеаи Афғонистон аз ҳоло бисёр амиқ аст. Коршинос Манижа Рамизӣ аз Туркия мегӯяд, "агар вазъият ҳамин гуна идома ёбад, бешак, мо дар бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона шоҳиди буҳронҳои сахттар хоҳем шуд. Мо бо ҷомеае дучор хоҳем шуд, ки занон ҳеч нақш нахоҳанд дошт. Мизони издивоҷҳои маҷбурӣ ва никоҳи ноболиғон, ки ҳоло дар ҳоли афзоиш аст, метавонад боз ҳам бештар шавад."
"Ин мавзӯи музокира нест"
Кишварҳои хориҷӣ ва масъулони Созмони Милали Муттаҳид ба ҳокимони кунунии Афғонистон фишор меоранд, то сиёсати худро дар мавриди таҳсили духтарону занон бознигарӣ кунанд.
Ҳудо Ҷобириён, ҳамоҳангсози як барномаи ЮНЕСКО ё Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милал гуфт, "мо ҳамчунон даъват мекунем, ки ҳуқуқи духтарон ва занон ба таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ фаврӣ ва бе ягон шарт барқарор карда шавад. Ин мавзӯи музокира нест. Ин ҳуқуқи бунёдии як инсон аст."
Бар асоси маълумоти Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милал, дар панҷ соли охир беш аз 2 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд. Дарсхонаҳои пинҳонӣ як роҳи тангу душвори наҷот барои касонест, ки ҳаққи таҳсил аз онҳо гирифта шудааст, аммо худашон таслим шуданӣ нестанд.
"Мехостам, ки ҳуқуқдон шавам. Агар талош кунам, ҳанӯз ҳам метавонам ба ин ҳадафи худ бирасам," – мегӯяд Марҷон.
"Ман мехостам, ки равоншинос шавам. Бисёр сахт талош мекунам, то ба ин орзуи худ бирасам," – гуфт Саҳар.
Ҳамин орзуҳоянд, ки духтарон бо вуҷуди таҳдиду хатар ба ҷони худу хонаводаашон боз ҳам ба синфхонаи пинҳонӣ бармегарданд. Маълум нест, ин вазъи душвор то кай идома хоҳад дошт.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мактаби пинҳонии духтарон дар Афғонистон