Як иттиҳодияи шинохтаи ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯяд, то поёни соли 2025 аз сокинон 20 шикояти шиканҷа шудан дар ниҳодҳои вобастаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дарёфт кардааст. Мақомоти ин вазорат ба дархости шарҳ додани хабар посух надоданд.
Гузориши муфассали Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки аз чанд созмони иҷтимоӣ иборат аст, рӯзи 22-юми июл нашр шуд. Муаллифон гуфтаанд, "шиканҷа ва муносибати бераҳмона одатан бо ҳадафи гирифтани эътироф, ҷазо додан ё ҳамчун воситаи фишору таҳқири инсон" истифода шудаанд.
Ба гузориши Эътилоф, боздоштшудаҳо асосан аз ин навъҳои шиканҷа шикоят кардаанд:
Боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсаронаЛатукӯб ва шиканҷа бо нерӯи барқТаҳдиду тарсонидан ва маҷбур кардан ба иқрори гуноҳРадди дастрасии саривақтӣ ба вакилМаҳдуд кардани ҳуқуқ ба ёрии пизишкӣНабудани шароити муносиби нигоҳдорӣ
Мақомоти Тоҷикистон маъмулан ба ин гуна гузоришҳо вокуниш намекунанд, аммо дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки на ҳамаи шикоятҳо аз шиканҷа исбот мешаванд. Талошҳои мо барои шунидани назари намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон натиҷа надоданд. Як шикояти дигар дар бораи амалкарди як раиси ноҳия ворид шуда, аммо номи ӯ ва ноҳия зикр нагаштаанд.
Дар гузориши нави Эътилофи зидди шиканҷа ҳамчунин омадааст, соли 2025 дар Тоҷикистон "баъзе аз пешрафтҳо" дар мубориза бо шиканҷа сабт шудааст.
Таъйини санҷиши додситонӣ (прокуратура) барои таҳқиқи шикоят аз шиканҷа аз сӯи додгоҳҳо, рӯёндани ҷуброни зарари маънавӣ ва муҷозоти чанде аз гумонбарон ба шиканҷа аз намунаҳои ин падидаи мусбат будааст.
Манбаъ мегӯяд, барои мисол, Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2025 ду маъмури милиса – Дилшод Нарзуллозода ва Абдуқодир Каримовро ба шиканҷаи як гумонбар гунаҳкор карда, аввалиро 21 ва дувумиро 19 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Ин ду корманди пулис ба он гунаҳкор шуданд, ки соли 2024 Неъматҷон Ашӯрматовро бо гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир карда, дар бинои Шуъбаи корҳои дохилӣ дар Хуҷанд шиканҷа кардаанд. Ду корманди дигари пулис бо иттиҳоми ҳамсон дар ҷустуҷӯ ҳастанд. Назари кормандони пулис ва наздиконашон маълум нест.
Ҳомиёни ҳуқуқи Эътилоф мегӯянд, ҳамзамон дар мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон монеаҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд.
"Надодани нусхаи қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноӣ; татбиқи кофтукоби зиёди адвокатҳо дар додгоҳу додситонӣ; даст кашидани аризадиҳандагон аз идомаи шикоят бар асари фишор" аз зумраи ин монеаҳо номбар шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Оғози мурофиаи 6 милисаи гумонзад дар марги Мақсудҷон СаидовТоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад. Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист. Мақомоти Тоҷикистон онро “худиқрорӣ” меноманд, ҳарчанд марги мармузи баъзе аз боздоштшудаҳо гуфтаҳои мақомотро зери суол мебарад.
Дар гузашта чанд ин ҳолатҳое расонаӣ шуд, ки сокинон баъди боздошт дар шароити мармуз ҷон медиҳанд. Фавти Абдуқаҳҳор Розиқов дар шаҳри Кӯлоб ва Меҳроҷиддин Гадозода дар шаҳри Ваҳдат аз намунаи чунин ҳодисаҳо аст.
Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз 10 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон иборат аст, ки Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон, Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро», Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Коллегия адвокатҳои вилояти Суғд, Фонди ҷамъиятии «Нотабене» ва дигарон узви он мебошанд.
Навор дар Инстаграм: