Муҳаммадзариф бинокор аст ва дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия, дар сохтмоне якҷоя бо коргарони литвонӣ ва русу беларусу узбек кор мекунад. Ҳашт сол пеш аз Тоҷикистон омадааст.
"Дар эълон дидам, ки дар Латвия ба коргар эҳтиёҷ доранд. Омадем, инҷоро интихоб кардем. Аввал бо раводид, сипас бар асоси кор, ҳаққи иқомати муваққатӣ доданд," – нақл кард ӯ.
Дар ин солҳо Муҳаммадзариф ҳамроҳи ҳамкоронаш дар гӯшаҳои гуногуни Латвия роҳу пул ва зербунёдҳои дигар сохтаву таъмир кардаанд. Ихтисосаш аз бинокорӣ фарсахҳо дур аст. Шарқшинос аст ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси арабӣ додааст.
"Ман шарқшиносӣ хондаам. Ҳама чиз хубу олӣ буд, вале хостам дар хориҷ кор кунам, бубинам, ки мардумаш чӣ гуна кору зиндагӣ мекунанд. Барои ҳамааш шукр мегӯям," – гуфт ӯ.
Хонаводаи Муҳаммадзариф дар Тоҷикистон аст. Мегӯяд, ки соле як ё ду бор рухсатӣ гирифта, ба ватан меравад. Дар вақтҳои холӣ забони латвиягӣ меомӯзад.
Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми таҷрибаи кор дар Латвия. Акс аз бойгонӣ
Чаро муҳоҷирон Латвияро интихоб мекунанд?
Бар асоси омори расмӣ, соли гузашта Идораи муҳоҷирати Латвия ба 15 ҳазор нафар ҳаққи иқомати муваққатӣ додааст, ки ба онҳо имкон медиҳад, дар ин кишвар бимонанду кор кунанд. Теъдоди онҳое, ки аз кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо ба Латвия барои кор омадаанд, дар ду соли охир 20 дар сад зиёд шудааст. Бахусус аз Узбекистон, Ҳинд, Беларус ва Тоҷикистон.
Муҳоҷирон бештар дар арсаҳои боркашӣ, нақлиёт, сохтмон ва ресторанҳо кор мекунанд. Чаро шаҳрвандони кишварҳои сеюм маҳз Латвияро барои таҳсил, кор ва зиндагӣ интихоб мекунанд?
Мик Селминш, мудири "Бунёди Мейк Рум", гуфт: "Сатҳи зиндагӣ дар Латвия ба қадри кофӣ баланд аст. Кирояи хона ва харҷи рӯзона нисбат ба дигар кишварҳои Аврупо бамаротиб камтар аст. Хароҷоти таҳсил низ. Дар ин ҷо донишҷӯёни хориҷӣ мисли Олмон зиёд нестанд, зеро дар он ҷо интихоби донишҷӯён сахттар ва ихроҷашон зиёдтар аст."
Порлумони Латвия
Айни ҳол дар ҳукумати Латвия ва ҳам дар шаҳрдории Рига ҳизби "Иттиҳоди миллӣ" раҳбарӣ мекунад, ки як нерӯи сиёсии ростгарои муҳофизакор аст. Маҳдуд кардани муҳоҷират аз кишварҳои сеюм ба Латвияро яке аз ҳадафҳои асосии худ эълон кардааст.
Янис Домбрава аз ин ҳизб, ки ба тозагӣ вазири умури дохилии Латвия таъйин шуд, чанде пеш мавзӯи муҳоҷират аз кишварҳои сеюм ба Латвияро чунин шарҳ дод: "Ин, дар воқеъ, пас аз таҳдидҳои эҳтимолии низомии Русия дувумин таҳдиди бузург аст. Мо худамон шароит фароҳам меорем, ки муҳоҷирон аз дигар минтақаҳои ҷаҳон ҷойи моро бигиранд."
Таваҷҷуҳ ба Осиёи Шарқӣ
Сиёсатмадорони "Иттиҳоди миллӣ" аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ба Латвия муҳоҷирони русзабон ва ба гуфтаи онҳо, намояндагони фарҳангу динҳои бегона зиёд меоянд.
Онҳо мехоҳанд, меъёрҳои қабули донишҷӯёни хориҷӣ сахттар карда шавад. Литваро мисол меоранд, ки ба гуфтаи сиёсатмадорони муҳофизакор хориҷиёнро аз кишварҳои аз назари фарҳангӣ наздиктар ҷалб мекунад.
Юргис Клотинш, вакили порлумони Латвия, гуфт, "ба фикри ман, мо бояд ба Осиёи Шарқӣ, ба Филиппин таваҷҷӯҳ кунем. Агар ба ҷалби бештари коргарони хориҷӣ ниёз бошад, беҳтар аст, ки онҳо аз кишварҳое набошанд, ки дар он ҷо ислом ва забони русӣ бартарӣ дорад. Филиппиниҳо одатан забони англисиро хеле хуб медонанд."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Маҳдудияти ду кишвари аврупоӣ барои шаҳрвандони ТоҷикистонСозмонҳое, ки ба ҳамгироии муҳоҷирони кишварҳои сеюм машғуланд, мегӯянд, муассисаҳои таълимӣ ва корфармоён дар Латвия барои манфиатҳои худ қонунҳои муҳоҷиратро зери по мекунанд. Аммо сиёсатмадорон ба ҷойи роҳ надодан ба қонуншиканиҳо бо оқибатҳои он мубориза мебаранд, масалан, бо амалиёти пулис ба зидди муҳоҷирон.
Муҳаммадзариф аз Тоҷикистон, ки 8 сол боз дар Латвия кор мекунад, ҳоло намедонад, ки дар ниҳоят барои ҳамеша дар инҷо мемонад, ё не. Вале ин эҳтимолро истисно намекунад: “Кор хуб аст. Мо ин ҷо одат кардаем. Мардуми Латвия ба мо муносибати бисёр хуб доранд, бисёр олӣ."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар Латвия