Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиреби муҳоҷирон бо ваъдаи кор дар Аврупо зиёд шудааст

Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират мегӯяд, танҳо дар моҳи феврали имсол аз интиқоли беш аз 200 ҳазор сомонии корҷӯёни тоҷик ба қаллобон дар хориҷа пешгирӣ шудааст.

Намояндагони созмон аз сокинон мехоҳанд, пеш аз фиристодани пул ба қаллобон ба барномаи "Хати оҷил" ба шумораи (+992) 900 800 800 (Вотсап ва Телеграм), муроҷиат кунанд.

Виктор Лутенко, раиси дафтари Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, бо шурӯи фасли муҳоҷират, мавридҳои қаллобӣ низ бештар шудааст.

Як сокини вилояти Хатлон, ки талош дорад барои кор ба Аврупо равад, як моҳ пеш ба доми қаллобон афтодааст. Ӯ бо шарти фош нашудани маълумоти шахсияш нақл кард, ки эълони корро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кард ва тамос гирифт. Аз вай ҳуҷҷат ва пул талаб кардаанд.

"Рафтем, пул гирифтем, 2050 сомонӣ ба корти ҳамон духтар фиристодем". Ӯ пас аз интиқол додани ин маблағ, сипас шубҳа кардааст, ки оё ваъдаи кор дуруст аст ё на.

Дар маркази "Хати оҷил дар бораи муҳоҷирати бехатар", ки аз сӯйи Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират ҳимоят мешавад, ба вай гуфтаанд, дигар пул нафиристад.

"Гуфтам, ҳамин хел шуд, бинед. Гуфтанд, хуб кардӣ, ки омадӣ. Мардуми моро бисёр фиреб мекунанд. Аз ту 2000 сомонӣ аст. Мардум то 5 ҳазор, 20 ҳазор, 30 ҳазор сомонӣ додаанд. Баъзеҳо 50 ҳазор сомонӣ додаанд".

Дар Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират гуфтанд, дар моҳи феврали имсол аз интиқоли беш аз 200 ҳазор сомонӣ ба қаллобон пешгирӣ шудааст. Дар ҳамаи ин мавридҳо қаллобон дар ивази кор дар хориҷа аз тоҷикистониҳо пул хостаанд.

Виктор Лутенко, роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, "ба мо одамоне муроҷиат карданд, ки аллакай 100 ҳазор сомонӣ зарар дида буданд. Дар баъзеҳо ҳолатҳо мо метонавем кӯмак расонем, дар баъзе ҳолатҳо маблағро баргардонем. Вале баъзан ин кор имконнопазир аст. Гуфта метавонем, ки мо аз интиқоли то 200 ҳазор сомонӣ пешгирӣ кардем. Одамон пеш аз он, ки маблағро ба қаллобон фиристанд, бо мо тамос гирифтанд ва аз ҳамин ҳисоб мо тавонистем пешгирӣ кунем. Ва ин ҳолат ҳар моҳ давом дорад".

Фиреби муҳоҷирон бо ваъдаи кор дар Аврупо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Ба гуфтаи Виктор Лутенко, шумори ҳарчи бештари тоҷикистониҳо мехоҳанд, барои кор ба хориҷа раванд ва аз ин ҳисоб қаллобон сӯистифода мекунанд. Лутенко мегӯяд, дар соли 2025 ба "Хати оҷил" тақрибан 5 ҳазор бор тамос гирифта шудааст.

"Нисфе аз муроҷиатҳо пурсиш дар бораи сафар ба хориҷ буд. Муроҷиатҳо дар бораи қаллобон ҳам зиёд аст. Мо мушовироне дорем, ки дар ин бахш кор мекунанд. Онҳо нишонаи эълонҳои қаллобиро медонанд. Ва метавонанд мушаххас кунанд, ки кадомаш воқеӣ аст, кадомаш қаллобӣ",- мегӯяд Виктор Лутенко,
роҳбари Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон.

Роҳбари дафтари Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо қаллобӣ, балки дар мавридҳои дигари изтирорӣ низ метавонанд ба "Хати оҷил" тамос гиранд. Мисли банд мондан дар фурудгоҳҳо, гум кардани ҳуҷҷат ё афтодан ба ғуломӣ ва ғайра.

Ба гуфтаи вай, Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират талош мекунад, ки бо ёрии ниҳодҳои дигари давлатӣ ба мушкили муҳоҷирон расидагӣ кунад.

Бино ба омори гуногун, ҳар сол бештар аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои ёфтани кор ба хориҷ мераванд. Бештари онҳо ба Русия ва теъдоде ҳам ба Қазоқистон ва кишварҳои аврупоӣ сафар мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG