Корхонаи “Зарафшон” мегӯяд, хабари марги коргарро пинҳон накардааст

Мошини ҷавоне, ки ба ҳалокат расид

Корхонаи коркарди тилои “Зарафшон” дар вокуниш ба гузориши Радиои Озодӣ дар бораи марги коргари ин корхона – Алибек Қаноатови 28-сола гуфтааст, дар ҳодисаи мазкур пинҳонкорӣ накардааст.

Радиои Озодӣ рӯзи 30 июл дар бораи марги Қаноатов дар корхонаи тилои “Зарафшон”, ки ҳафтод дарсади саҳмияҳояш дар ихтиёри чиниҳост, гузориш дода буд. Ин ҳодиса рӯзи 22 июл рух дода, танҳо 30 июл расонаӣ шуд. Масъулони корхонаи коркарди тилои “Зарафшон” он рӯз бо Радиои Озодӣ дар ин бора суҳбат накарда буданд.

Дар вокуниши ин корхона омадааст, ки Алибек Қаноатов ронандаи ширкати паймонкори “Афина-Строй” буд ва тариқи шартнома дар корхонаи “Зарафшон” маъдан мекашонид. Корхона мегӯяд, “омӯзиш ва санҷиши сабабҳои ин ҳодиса дар ҷои воқеа идома дорад”.

“Ҳангоми иҷрои корҳо дар кон, санги овезон тасодуфан аз нишебӣ лағжида, ба кабинаи мошини боркаши тамғаи “Шакман” бурхӯрд, дар натиҷа ронандаи он Алибек Қаноатови 28-сола ба таври фоҷиавӣ фавтидааст”, - омадааст дар вокуниш.

Дар навор ва аксҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки як гурӯҳ аз коргарон пайкар ё ҷасади ҷавонро аз дохили мошини боркаш бароварда, ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" мегузоранд. Дар навори дигар лаҳзаи фаромадани сангпора дида мешавад.

"Ин ҷавон се моҳ пеш бо мошини шахсиаш ба ширкат шартнома баста, кор мекард. Комиссияи давлатӣ омад, ҳодисаро таҳқиқ кард. Аз рӯи қонун бояд ширкати корфармо ба наздикони ин ҷавон ақаллан маоши шашмоҳаашро диҳанд. Ин ҷавон соҳиби се фарзанди хурдсол аст", - гуфт як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ.

Корхонаи истихроҷи тилои "Зарафшон", ки 70 дарсади тилои Тоҷикистонро тавлид мекунад, барои ҳукумат аҳамияти хос дорад.

Ҳафтод дарсад аз саҳмияҳои ин корхона дар ихтиёри ширкати чинии “Зиҷин” ва 30 дарсади дигар дар дасти ҳукумати Тоҷикистон аст. Фаъолияти ин корхона, бахусус партовгоҳҳои он нигаронии сокинони атрофи онро ба миён овардааст.

Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2023 муайян карда буд, ки фаъолияти корхонаи “Зарафшон” боиси олуда шудани муҳити атроф мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Моҳиёни мурда ва ҳавои ифлос: Ширкатҳои чинӣ тилоро мегиранд, заҳрро мемонанд