Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Зери санг монд.” Марги як ҷавон дар корхонаи тилои "Зарафшон"

Корхонаи "Зарафшон". Акс аз бойгонӣ
Корхонаи "Зарафшон". Акс аз бойгонӣ

Дар як ҳодисаи нохуш дар корхонаи тилои "Зарафшон", ки ҳафтод дарсади саҳмияҳояш дар ихтиёри чиниҳост, як коргар ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса рӯзи 22-юми июл рух дода, Радиои Озодӣ нав ҷузъиёти онро ба даст овард.

Ду манбаи огоҳ аз ҳодиса рӯзи 30-юми июл бо шарти фош нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҷавони 28-сола ронандаи мошини боркаши “Дулан” буд ва зери санг монда, ҷон бохт.

Дар навор ва аксҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки як гурӯҳ аз коргарон пайкар ё ҷасади ҷавонро аз дохили мошини боркаш бароварда, ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" мегузоранд.

“Ин ҷавон се моҳ пеш бо мошини шахсиаш ба ширкат шартнома баста, кор мекард. Комиссияи давлатӣ омад, ҳодисаро таҳқиқ кард. Аз рӯи қонун бояд ширкати корфармо ба наздикони ин ҷавон ақаллан маоши шашмоҳаашро диҳанд. Ин ҷавон соҳиби се фарзанди хурдсол аст”, - гуфт як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҷавони фавтида сокини деҳаи Суҷинаи Панҷакент будааст. Раиси ҷамоати Суҷина, мақомоти шаҳри Панҷакент ва корхонаи “Зарафшон” дар бораи ҳодиса суҳбат намекунанд.

Корхонаи истихроҷи тилои "Зарафшон", ки 70 дарсади тилои Тоҷикистонро тавлид мекунад, барои ҳукумат аҳамияти хос дорад.

Ҳафтод дарсад аз саҳмияҳои ин корхона дар ихтиёри ширкати чинии “Зиҷин” ва 30 дарсади дигар дар дасти ҳукумати Тоҷикистон аст. Фаъолияти ин корхона, бахусус партовгоҳҳои он нигаронии сокинони атрофи онро ба миён овардааст.

Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2023 муайян карда буд, ки фаъолияти корхонаи “Зарафшон” боиси олуда шудани муҳити атроф мешавад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG