Русия дар ҷанги зидди Украина аз куҷо силоҳ мегирад?

Украина мегӯяд, далелҳои зиёди истифодаи Русия аз мушакҳои Кореяи Шимолиро дорад.

Кореяи Шимолӣ дар таъмини муҳимоти ҷангӣ ба Русия ҷойи Эронро гирифтааст.

Дар оғози ҷанг дар Украина дар соли 2022 Эронро аз кишварҳои аслии хориҷӣ медонистанд, ки ба Русия силоҳу мушак медиҳад, вале ҳоло коршиносон мегӯянд, Кореяи Шимолӣ яке аз таъминкунадагони аслии аслиҳа шудааст.

Хабаргузории “Блумберг” ҳафтаи гузашта гузориш дод, ки сар аз соли 2021-ум Эрон ба Русия ба маблағи ду миллиарду ҳафтсад миллион доллар мушакҳои балистикӣ ва зидди ҳамлаҳои ҳавоӣ фурӯхтааст. Маскав хеҷ гоҳ дар ин бора хабар надодаву Эрон ҳам содироти аслиҳа ба Русияро рад мекунад.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нақши аслиҳаи Эрон дар ҷанги Украина коҳиш ёфта, саҳми Кореяи Шимолӣ бештар шудааст

Руслан Сулаймонов, шореҳи Маркази нави пажӯҳишҳои стратегии АвруОсиё мегӯяд, ҳоло Русия мисли чор соли пеш ба аслиҳаву муҳиммоти эронӣ эҳтиёҷ надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини "Шаҳид" дар Русия бо номи "Геран" исеҳсол мешаванд. “То ҷое медонам, то навад дарсади истеҳсоли ин паҳподҳо дар Русия бекумаки Эрон раҳандозӣ шудааст. Яъне, ҳозир Кремл мисли пештара ба аслиҳаи Эрон ниёз надорад,"—гуфт ӯ.

Эрон дар таъмини технология ва омӯзиши кадрҳо ҳангоми бунёди корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар шаҳри Елабугаи ҷумҳурии Тотористони Русия ёрӣ расондааст.

Тибқи гузоришҳои расида, маҳз дар ҳамин ҷо дрон ё паҳподҳои "Шаҳид" бо номи "Геран" тавлид мешаванд.

Бар пояи маълумоти Украина, ҳар моҳ дар Русия то панҷ ҳазор навъи паҳподи дурпарвоз, аз ҷумла Герану Гербера истеҳсол мешавад.

Ҷои ёдоварист, ки "Гербера" барои ғафлатгирии низоми зиддиҳавоӣ истифода мешавад.

Коршиносони украинӣ тахмин мекунанд, ки феълан нисфи силоҳу муҳиммоте, ки Русия дар ҷанги Украина истифода мебарад, дар Кореяи Шимолӣ истеҳсол шуда, ин кишвар бузургтарин таъминкунандаи таҷҳизоти ҷангии артиши Русия ҳисоб мешавад.