Дар ҳашт соли гузашта камаш 20 шаҳрванди хориҷӣ ва аксаран аз Ғарб дар тарбия ва таълими ду кӯдаке саҳм гузоштаанд, ки гуфта мешавад, фарзандони Владимир Путин, президенти Русия ва ҳамсари эҳтимолии ӯ Алина Кабаева ҳастанд. Ин нуктаро бахши таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ошкор кард.
Елизавета Сурначева, Светлана Осипова ва тарҳи "Система"
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамсари эҳтимолии ӯ Алина Кабаева дастикам 20 мураббӣ, омӯзгори хусусӣ ва парасторони дигарро барои тарбияи ду писаре киро кардаанд, ки фарзандони онҳо номбар мешаванд. Аксари онҳо аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла аз давлатҳои узви НАТО ҳастанд ва ҳамон кишварҳое, ки бо сабаби ҷанги Маскав дар Украина бо Русия мухолифати сахт доранд.
Таҳқиқи санаду мукотибаҳое, ки гурӯҳи таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба даст овард, баёнгари он аст, ки ин хонавода барои пардохтани музди муррабиёну парасторон садҳо ҳазор доллар харҷ мекунад, то кӯдаконро нигоҳубин кунанд ва ба онҳо забонҳои англисӣ ва олмониро биомӯзонанд. Санадҳо аз соли 2017 то аввали соли 2026-ро дар бар гирифта, аз ҷумла қарордоду мукотиботи онлайнӣ, аксҳо ва муҳосиботи ҳаррӯзаи хориҷиёнро дар бораи машғулиятҳояшон бо кӯдакон дар бар мегирад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Дар хона ҳастанд ва зери ҳимояти ФСO." Таҳқиқот дар бораи писарони Путину КабаеваҲуҷҷатҳо як равзанаи васеъро ба як гӯшаи зиндагии бисёр пинҳону махфии Путин ва Кабаева боз мекунанд. Алина Кабаева, барандаи нишони тилои Бозиҳои олимпӣ дар соли 2004 дар риштаи гимнастика, дар гузориши расонаҳо ҳамчун ҳамсари эҳтимолии Путин ва модари Ивани 11-сола ва Владимири 7-сола муаррифӣ мешавад.
Путини 73-сола аз ҳамсари собиқаш Людмила, ки соли 2014 аз ӯ ҷудо шуд, ду духтари бузург дорад. Вале на ӯ ва на Кабаеваи 43-сола ҳеч гоҳ нагуфтаанд, ки ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд ё фарзанди муштарак доранд. Ҳукумати Русия сахт мекӯшад, то зиндагии хусусии Путинро аз чашми ҷомеа пинҳон нигаҳ дорад.
Владимир Путин ҷанги Русияро дар Украина, ки ба соли панҷуми худ ворид шуд, ҳамчун як муборизаи тамаддунҳо ва дифоъ дар баробари туҳматҳо ба Русия ва талошҳои НАТО ва Ғарб қаламдод мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Ғарб мехоҳад Русияро суст ё нобуд карда, иродаи худро ба тамоми ҷаҳон бор намояд.
Людмила, ҳамсари пешини Владимир Путин. Акс аз соли 2013
"Аврупоии босавод"
Бо вуҷуди ин, бино ба маводе, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ омӯхт, яке аз вазифаҳои асосии хориҷиёни кироя ин будааст, ки бо муоширати доимӣ сатҳи забони англисӣ ва олмонии ин ду писарро ба сатҳи "аврупоии босавод" бирасонанд. Шумораи бештари кормандон аз Олмон ва пас аз он аз Африқои Ҷанубӣ буда, дигарон аз кишварҳое чун Бритониё, Зеландияи Нав, Австрия, Ирландия ва Боснияву Ҳерзеговина омадаанд.
Олмон ва Бритониё аъзои НАТО ва аз қавитарин пуштибонони Украина дар дифоъ аз таҷовузи Русия ҳастанд. Австрия ва Ирландия, мисли Олмон, аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Африқои Ҷанубӣ ҳамроҳи Русия, Чин, Эрон ва шаш кишвари дигар узви гурӯҳи BRICS ҳаст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар ин санадҳо танҳо номи як корманди русро пайдо кард, ки барои омӯзиши мусиқӣ ба Иван ва шинос кардани ӯ бо оҳангсозоне чун Сергей Прокофев ва Николай Римский-Корсаков киро шудааст.
Дар баробари таваҷҷуҳи зиёд ба забонҳои ғарбӣ, талошҳои расмӣ ба харҷ дода шудаанд, то кӯдакон дар бораи масъалаҳои марбут ба ҷинсият ё ҳамҷинсгароӣ чизе нафаҳманд. Путин бо имзои қонунҳои сахт ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро дар Русия маҳдуд карда, ин падидаҳоро ба Аврупо ва Ғарб нисбат додааст.
Дар шартномаҳое, ки "Система" (бахши таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ) дид, омадааст, ки парасторон аз "таҳмили дидгоҳҳои динӣ, сиёсӣ ё идеологии худ" ба кӯдакон манъ шудаанд. Онҳо ҳақ надоранд, ки бе иҷозати пешакӣ мавзуъҳои ҷинсиро баррасӣ кунанд ва дар шартнома алоҳида таъкид шудааст: "Таҳти ҳеч шароите ба мавзӯъҳои марбут ба ҳамҷинсгароӣ (ЛГБТ) дахл накунед."
Владимир Путин бо Алина Кабаева. Акс аз соли 2024
Маҳдудиятҳои сахт дар Валдай
Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки мураббиёну парасторон қисми зиёди вақти худро дар як иқоматгоҳи хилват ва пурасрори президентӣ дар Валдай (байни Маскав ва Санкт-Петербург) мегузаронанд. Путин дар тӯли солҳо вақти зиёди худро он ҷо сипарӣ кардааст. Дар як таҳқиқоте, ки соли 2025 нашр шуд, "Система" ошкор кард, ки Путин пас аз афзоиши ҳуҷуми дронҳои украинӣ ба хоки Русия аз қароргоҳаш дар Сочи камтар истифода мекунад.
Бахши русии Радиои Озодӣ моҳи апрел гузориш дод, ки дар атрофи маҷмааи Валдай 27 дастгоҳи дифои ҳавоӣ, аз ҷумла системаҳои зиддимушакии "Пансир-С1" насб карда шудаанд.
Мукотибаҳои соли 2022 нишон медиҳанд, ки ба як мураббии 58-солаи забони англисӣ гуфтаанд, ӯ ҳақ надорад дар вақти холигии худ барои харид ба шаҳр равад ё "аз ҷойҳои гуногуни ҷамъиятӣ дидан кунад". Ба ӯ навиштаанд: "Рӯйхати чизҳои бароятон зарурро омода кунед, мо онҳоро мехарем ва пас аз коркард бо маводи амниятӣ ба шумо месупорем."
Қароргоҳи Путин дар Валдай
Кормандони кирошуда пайваста ва ба таври ҷиддӣ аз муоинаи тиббӣ мегузаранд ва нишонаҳои карантинҳои гоҳ-гоҳӣ дар ҷадвали кории соли 2018, яъне ҳатто қабл аз ҳамагирии COVID-19 дида мешаванд. Дар байни маҳдудиятҳои дигар, ба онҳо суҳбат кардан бо одамони бегона дар бораи корашон ё гузоштани ҳар гуна маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ шудааст. Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгорон ва мураббиён вазифадор буданд, ки ҳар рӯз ҳисоботи муфассали кори худро бо кӯдакон пешниҳод кунанд.
Дар шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар номи Путин ё Кабаева мустақим зикр намешавад. Аммо далелҳои кофӣ мавҷуданд, ки манзур аз "оила", "волидон" ва "корфармо" маҳз ҳаминҳоянд. Дар матнҳо номи писари калонӣ Иван ва аз кӯдаки дигар ҳамчун "хурдӣ" ном бурда мешавад ва синни онҳо дақиқ ба синни ин ду бародар мувофиқат мекунад.
Санҷиши дурустии маълумот
"Система" аксу паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, таърихи парвозҳо ва дигар маълумоти дастраси умумро, ки ҳам ба хориҷиён ва ҳам ба одамони наздик ба Путин ва Кабаева марбутанд, мавриди омӯзиши амиқ қарор дод. Маркази маълумот ва таҳқиқот дар Берлин, як гурӯҳи коршиносони мустақил, изҳор дошт, ки муҳр ва ҳуҷҷатҳо ҳеч нишони сохтакорӣ ё ҷузъиёти шубҳанок надоранд, ҳарчанд бо итминони комил суҳбат кардан дар бораи асл будани онҳо душвор аст.
Ин оила ҷустуҷӯйи ёваронро аз хориҷа соли 2017 оғоз кардааст, яъне дар дусолагии Иван. То соли 2018 ҷадвали кории ӯ аллакай забони англисӣ, олмонӣ ва мусиқиро дар бар мегирифт. Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки як зани хориҷӣ барои омӯзонидани забони англисӣ ба ин кӯдак ва нигоҳубини ӯ ҳамчун доя киро шуда буд. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ному насаби ин кормандонро медонад, аммо барои ҳифзи ҳаёташон номи онҳоро ошкор намекунад.
Мукотибаҳое, ки "Система" дидааст, баъзе ҷузъиёти одӣ ва рӯзмарраро низ ошкор мекунанд, ба монанди баҳс бо як мураббӣ дар бораи он ки оё ӯ Иванро пас аз рафтан ба ҳоҷатхона дар моҳи ноябри соли 2018 ба таври кофӣ пок кардааст ё на.
Маоши кормандони хориҷӣ хеле фарқ дошта, бо гузашти вақт афзоиш ёфтааст. Музди яке аз онҳо аз 1400 евро дар як моҳ дар соли 2019 оғоз шуда, дар баъзе ҳолатҳо ба 7000 евро дар як моҳ расидааст, ки ин шаш баробар зиёдтар аз маоши миёна дар Русия дар соли 2025 аст.
Олеся Федина (чап) ва Екетерина Головачева (нафари севум аз чап)
"Махфият, садоқат, хомӯшӣ ва итоаткорӣ"
Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки баъзе кормандон пеш аз ба охир расидани муҳлати шартномаашон аз кор ронда шудаанд, баъзеи дигар бо хоҳиши худ рафтаанд ва чанд корманди эҳтимолӣ ба Маскав ё Санкт-Петербург сафар карда, аз мусоҳибаву имтиҳонҳо гузаштаанд.
Санҷиши мавод нишон медиҳад, ки раванди ҷустуҷӯ, киро кардан ва созишномаҳои молиявӣ бо мураббиёну парасторон занон асосан аз ҷониби ду ҷияни Алина Кабаева – Олеся Федина ва Екатерина Головачева – идора шудааст. На Федина ва на Головачева ба суолҳои фиристодаи "Система" пасух надоданд. Дмитрий Песков, сухангӯйи Путин ва як намояндаи Кабаева низ ба дархостҳо барои шарҳи мавзуъ посух надоданд.
"Система" ҳамчунин кӯшиш кард, аз чанде нафаре, ки дар ин ҳуҷҷатҳо номашон ҳамчун корманд омадааст, шарҳ бигирад. Яке аз онҳо тасдиқ кард, ки се моҳ дар Русия ба ҳайси мураббӣ кор кардааст, аммо ба ӯ ҳеч гоҳ нагуфтаанд, ки корфармояш кист. "Мо супоришҳо ва маълумотро танҳо тавассути ёварони ин оила мегирифтем," – гуфт ӯ ба "Система" ва афзуд, аз кормандон "махфият, садоқат, хомӯшӣ ва итоаткорӣ" талаб карда мешуд.
Вай давраи кӯтоҳи кории худро "як таҷрибаи барҷаста" номид ва гуфт, ки оила ҳамеша муносибати одилона дошт ва "бисёр саховатманд" буд, аммо ишора кард, ки муошират бо ёварон якҷониба сурат мегирифт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Писарони эҳтимолии Путинро кӣ тарбия мекунад?