Дар ҳафтаҳои ахир шикояти зиёди муштариён дар пойтахт расонаӣ шуд, ки мегӯянд ширкатҳои сохтмонӣ як хонаро ба чанд кас фурӯхтаанд ё биноро то охир намесозанд.
Баҳси муштариён бо ширкатҳои сохтмонӣ дар Душанбе мавзӯи асосии нишасти хабарии Кумитаи сохтмонӣ ва меъмории Тоҷикистон буд. Суоли асосии хабарнигорон ин буд, ки чаро то ҳол баъзе ширкатҳо як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд.
Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе 29-уми январ дар посух ба ин суол гуфт, дар назди сохтмонҳои пойтахт QR-код насб кардаанд то сокинон аз ин тариқ оид ба бино ва ширкати хонасоз маълумот гиранд.
“Шаҳрвандон пеш аз оне, ки бо ширкат шартнома мебандад, мебинанд, ки ширкат иҷозатнома дорад ё надорад. Он ширкатҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, ба рӯйхати сурх ворид шудаанд. Шаҳрванд бояд ҳуқуқи худашро донад. Вақте ширкат иҷозаи сохтмон надорад чаро рафта ҳиссагузорӣ мекунанд?", - гуфт сармеъмори Душанбе.
Видеоро инҷо бинед:
Дар ин махзан тамоми маълумот дар бораи ширкатҳои сохтмонӣ дар пойтахт, аз ҷумла кадом иҷозатнома доштани онҳо зикр шудааст. Агар ширкат бо ранги сурх ишора шуда бошад, хона харидан аз он тавсия дода намешавад. Аммо муштариён мегӯянд, мушкили асосӣ дар иҷозатнома доштан ё надоштани ширкатҳо нест, чун маълум аст, ки бидуни иҷозат ягон ширкат ба сохтмон оғоз намекунад. Шикояти асосии муштариён дар Душанбе ин аст, ки баъзе ширкатҳои сохтмонӣ як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст.
Умед Бобиев, сокини шаҳри Душанбе, ки дар маҳаллаи "Гипрозем"-и Душанбе хона харидааст, мегӯяд, як хона ба 2-3 кас фурӯхта шудаанд ва ҳамаи онҳо дар даст шартнома доранд.
Зебуннисо Давлатова, сокини шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фиреби ширкати сохтмонӣ афтидааст ва бино то охир сохта нашуд. “Умед доштем, ки фарзанди маъюбамон соҳиби хона мешавад. Чанд сол аст, ки даводав дорем, аммо на маблағамонро гирифта метавонем, на хонаро,"--гуфт ӯ.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ бовар дорад, ки барои пешгирӣ аз ин баҳсҳо бояд дониши ҳуқуқии мардум боло бурда шавад.
Раиси Кумитаи сохтмон 29-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, "мо дар шароити бозаргонӣ қарор дорем. Муносибати ду субъекти хоҷагидорӣ аст, шаҳрванд ва пудратчӣ. Барои харидани манзилҳо бо онҳо шартнома мекунанд ва шартномаро дар доираи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба имзо расонда дар нотариус ба қайд гиранд."
Шикоятҳо аз фиреб хӯрдани муштариён аз ширкатҳои сохтмонӣ, баъзе сокинонро аз хариди хона боздоштааст.
Баҳсу даъвои сокинон бо ширкатҳои сохтмонӣ дар Душанбе ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон солҳои гузашта низ иттифоқ афтода буд. Соли гузашта роҳбарони чанд ширкати сохтмонӣ ба иттиҳоми қаллобӣ ва фиреб додани муштариён дастгир шуданд.