Хоманаӣ норозиёнро "як мушт тахрибгар" номид. Трамп ҳушдорашро такрор кард

Густариши эътирозҳо дар Эрон, 8 январи соли 2026

Шаби гузашта Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон шоҳиди эътирозҳои густaрда шуд. Эътирозгарон дар қисматҳои гуногуни пойтахт ба кӯчаҳо баромада, шиорҳои зиддиҳукуматӣ сар доданд.

Ҳамчунин шаби гузашта дар чанд шаҳри дигари Эрон ҳам норозиён ба хиёбонҳо рехтанд. Имрӯз сездаҳумин рӯзи эътирозҳоест, ки аз масъалаҳои иқтисодӣ: беқурбшавии пули миллӣ дар баробари доллар, гаронӣ ва бӯҳрони энержӣ сар шуда, зуд оҳанги сиёсӣ ва зиддиҳукуматӣ гирифтанд.

Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи 9-уми январ дар намози ҷумъаи Теҳрон эътирозгаронро “як мушт тахрибгар” номид, ки ба гуфтаи ӯ, “бо ваъдаи пуштибонии раисиҷумҳури Амрико" ба хиёбонҳо рехтаанд.

Ӯ гуфт: “Касоне ҳам ҳастанд, ки корашон тахриб аст. Дишаб дар Теҳрон ва баъзе ҷойҳои дигар як мушт тахрибгар омаданд сохтмони мутаалиқ ба кишвари худашонро хароб карданд.”

Гузориши садоиро инҷо шунавед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хоманаӣ норозиёнро "як мушт тахрибгар" номид. Трамп ҳушдорашро такрор кард

Созмони дидбони интернетии “NetBlocks” гузориш дод, ки аз шаби гузашта то рӯзи 9-уми январ Эрон аз шабакаи ҷаҳонии интернет 12 соат берун ё “офлайн” буд. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз сабту нашри ҳодисаҳои саркӯби эътирозгарон дастрасӣ ба интернетро маҳдуд кардаанд.

Дар наворҳое, ки рӯзи 8-уми январ ба дасти Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки дар бахшҳои гуногуни пойтахти Эрон эътирозҳои оммавӣ ҷараён доранд.

Видеои як корбарро инҷо бинед:

Доналд Трамп, президенти ИМА, такроран ва бори сеюм ба Ҷумҳурии Исломӣ ҳушдор дод, ки аз қатли эътирозгарон даст бардоранд, вагарна “баҳои сангине хоҳанд пардохт”.

Ӯ дар шабакаи “Truth Social” акси эътирозгарон дар Машҳадро нашр кард.

Трамп рӯзи 8-уми январ дар як суҳбаташ гуфт, ки мақомоти Эрон бояд ҳушдори ӯро ҷиддӣ бигиранд.

Дар наворҳои дастрасшуда аз Эрон дида мешавад, ки эътирозгарон хашмгинтар шуда, ба амалҳое даст мезананд, ки дар дар гузашта собиқа надошт. Рӯзи 7-уми январ гурӯҳе аз эътирозгарон дар вилояти Форс пайкараи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Эронро сарнагун карданд.

Қосими Сулаймонӣ аз чеҳраи барҷастае дар низоми исломии Эрон буд, ки соли 2020 дар ҳамлаи ҳавоии ИМА кушта шуд.

Озар Мансурӣ, сиёсатмадори ислоҳталаб ва ҳомии ҳуқуқи занон дар Эрон, мегӯяд, эътирозҳои ахир нишон доданд, ки мардум дигар ба боло рафтани нархҳо бинобар нокоромадии ҳукумат созиш намекунанд. Хонум Мансурӣ гуфт, “ дар чунин вазъ ҳукумат тӯлонӣ давом нахоҳад кард”

Ин сиёсатмадор ҳамчунин афзуд, ки Эрон дар сиёсати хориҷии худ "беш аз ҳар вақти дигар дар инзивои стратегӣ гирифтор шудааст."

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, беш аз сӣ нафар дар эътирозҳои ду ҳафтаи ахир кушта шудаанд. Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам тасдиқ кардааст, ки “бархе харобкорон” ва “бархе кормандони пулис” дар задухӯрдҳои чанд рӯзи ахир ҷон бохтаанд.