Соро Орипова, ҳамсари Мирзокарим Назаров, бародари кушташудаи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, шикоят дорад, ки эҳтимол бо се духтари ноболиғаш дар кӯча бимонад.
Ин зан мегӯяд, ширкате, ки ба ҷойи хонаи онҳо дар бинои замони шӯравӣ манзил месозад, бо вуҷуди бастани шартнома, пас аз як номаи Кумитаи сармоягузорӣ аз додани хона ва иҷрои масъулиятҳои дигар даст кашидааст.
“Мо бо ширкати сохтмонӣ шартнома бастем. Ҳама асноди маро диданд, қонунӣ аст. Пас аз бастани шартнома ба ширкат аз суд (додгоҳ) нома омадааст, ки ба ин зан хона надиҳед, чун хонаашро давлат гирифтааст,” – нақл кард Орипова. Ба гуфтаи ин зан, дар нома омадааст, ки “инҳо бояд кӯчонда шаванд ва ягон манзил дода нашавад.”
Манзили баҳсии хешовандони Ҳоҷӣ Ҳалим дар ин биност
Шӯҳрат, ҳуқуқшиноси ширкати “Аминҷон Сохтмон”, дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо бо зан мушкиле надоранд.
“Шартнома баста будем, ки бо пардохтани як миқдор пули иловагӣ ба ӯ ду хона ва то поёни сохтмон иҷорапулӣ медиҳем,” – афзуд ӯ. Аммо, ба нақли Шӯҳрат, Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар номае аз онҳо хостааст, ба ин зан ҳеч чиз дода нашавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"28 кас ба куҷо равем?" Мусодираи хонаи бародари Ҳоҷӣ Ҳалим. ВИДЕОСоро Орипова мегӯяд, ӯ ҳамсари Мирзокарим Назаров, бародари Ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назарзода), муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон аст. Назарзода дар соли 2015 дар як даргирӣ, ки мақомот онро ошӯби нокоми мусаллаҳона меноманд, ҳамроҳи ду бародари дигараш кушта шудааст.
Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон
Мақомот хонаи Соро Ориповаро чун моликияти шавҳараш Абдукарим Назаров эътироф ва ба нафъи давлат мусодира кардаанд. Аммо ин зан мегӯяд, хонаро ба ӯ падару бародаронаш замоне харида буданд, ки ӯ ҳанӯз ҳамсари Назаров набуд.
“Модарам фалаҷ ва 24 сол бистарӣ буд. Падару бародаронам модарро хуб нигоҳ кардӣ гуфта, ба ман хона хариданд,” – иддао дорад Орипова.
Ин зан мегӯяд, бо шавҳараш соли 2008 хонадор шудааст ва ҳамсари дувуми ӯ буд.
Радиои Озодӣ бо нусхае аз ҳукми Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон шинос шуд, ки ин хона чун моликияти Мирзокарим Назаров аз 23-юми августи соли 2016 ба фоидаи давлат мусодира гаштааст.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе
Соро Орипова мегӯяд, онҳо аз ин ҳукм ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе шикоят бурданд, зеро Мирзокарим Назаров ҳеч гоҳ дар ин хона номнавис нашуда буд. Аммо додгоҳ даъвои Ориповаро напазируфтааст. Ҳоло ин зан мегӯяд, ҷойе барои рафтан надоранд.
“Ман ба ширкати хонасоз гуфтам, ки мо ба мурдан розӣ ҳастем, аммо аз ин хона намебароем. Се духтари ман, ки вақти хандаву бозияшон ҳаст, мегӯянд, очаҷон, мо мурдан мехоҳему дар кӯча мондан не,” – нақл кард ӯ.
Ин нахустин шикояти наздикони Мирзокарим Назаров аз мусодираи хонаҳояшон ба нафъи давлат нест. Дар гузашта Зиёда Қурбонова, ҳамсари дигари Абдукарим Назаров, борҳо аз наҳваи мусодираи хонаашон ва иҷборан кӯчондани 30 тан аз бастагонашон шикоят карда буд, аммо ба натиҷае нарасид.
Мирзокарим Назаров яке аз се бародари Ҳоҷӣ Ҳалим буд, ки моҳи сентябри соли 2015, пас аз ба гуфти мақомот ошӯби нокоми мусаллаҳонаи бародараш, бино ба иттилои расмӣ барои моил кардани ӯ ба гуфтушунид мерафт ва гуё дар роҳ аз тири ошӯбгарон ба ҳалокат расид. Тасдиқи ин маълумот аз манобеи мустақил имконпазир нест.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хешони Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯянд, бехона мемонанд