Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"28 кас ба куҷо равем?" Мусодираи хонаи бародари Ҳоҷӣ Ҳалим. ВИДЕО


Зиёда Қурбонова ва хонаи баҳсӣ
Зиёда Қурбонова ва хонаи баҳсӣ

Наздикони Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, мегӯянд, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хонаи онҳоро дигарбора ба фоидаи Кумитаи сармоягузорӣ мусодира кард. Хона дар кӯчаи Қаротегини Душанбе ҷойгир аст.

Қарори додгоҳ як моҳ пеш баромада, хонаводаи Мирзокарим Назаров аз он дар ташвишанд, ки ҳар лаҳза мумкин аст, бе сарпаноҳ монанд.

Зиёда Қурбонова, ҳамсари Мирзокарим Назаров, мегӯяд, хонааш "беасос ба фоидаи давлат мусодира шуд". Додраси парванда Даврон Назарзода гуфт, "ҳалнома ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст".

"Як моҳ боз хобу хӯр надорем. Нигаронем, ки ин қадар фарзандонро дар зимистон ба куҷо мебарем?" – гуфт Зиёда Қурбонова рӯзи 16-уми январ. Ӯ афзуд, ки дар хона чаҳор оила ва дар умум 28 нафар зиндагӣ доранд.

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, соли 2015 дар як даргирии мармуз, ки мақомот онро ошӯби нокоми мусаллаҳона меноманд, ҳамроҳи чанде аз ёронаш кушта шуд. Баъд аз он масъалаи мусодираи амволи ӯ ва пайвандонаш ба миён омад.

Мирзокарим Назаров рӯзи 16-уми сентябри ҳамон сол ҳамроҳи ду бародари дигараш -- Абдураҳим ва Мирзоҳаёт -- кушта шуд. Ба иттилои расмӣ, се бародари Ҳоҷӣ Ҳалим барои моил кардани ӯ ба гуфтушунид мерафтанд ва гуё дар роҳ аз тири ошӯбгарон ба ҳалокат расиданд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил имконпазир нест.

Наздиконаш мегӯянд, ба ғайр аз хабари мақомот, тафсилоти дигареро дар бораи он ҳодисаҳо намедонанд, вале дар даст санади расмӣ доранд, ки ба онҳо тааллуқ доштани хонаро исбот мекунад.

Зиёда Қурбонова мегӯяд, дар ин хона 28 кас зиндагӣ доранд
Зиёда Қурбонова мегӯяд, дар ин хона 28 кас зиндагӣ доранд

“16 сол боз дар ҳамин хона зиндагӣ мекунем. Ҳуҷҷатҳояш ҳаст, қонунӣ. Пеш аз он ҳодисаҳо, соли 2014, шавҳарам ҳамин хонаро ба номи ману бачаам гузаронд. Инҳо омада, хонаи моро ба номи Ҳоҷӣ Ҳалим гузаронданду ҳамин хел ғам дода истодаанд,” – гуфт Зиёда Қурбонова, ҳамсари Мирзокарим Назаров.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 қарори мусодираи манзили ин хонаводаро ба фоидаи давлат бароварда буд. Бо гузашти 7 сол ин масъала дигарбора додгоҳӣ мешавад.

Дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур гуфтанд, баъд аз он ки хонавода ихтиёрӣ манзилро холӣ накард, Кумитаи сармоягузорӣ даъво пеш овард, ки манзил расман мусодира гардад ва хона холӣ карда шавад.

Бинои Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур
Бинои Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур

Даврон Назарзода, додраси Додгоҳи Шоҳмансур, рӯзи 17-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳалнома қувваи қонунӣ нагирифтааст, чун ҷониби дигар аз рӯйи он ба марҳилаи болоӣ шикоят бурдааст. Дар ин ниҳод шарҳ надоданд, ки манзил бар асоси кадом далел ба ихтиёри Кумитаи сармоягузорӣ мегузарад ва таъкид карданд, ки инро аз Додгоҳи олӣ пурсед. Дар Додгоҳи олӣ аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карданд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Яке аз наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим: "Моро ғам медиҳанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Мақомоти Тоҷикистон пас аз воқеаҳои 4-уми сентябри соли 2015 гуфтанд, ки муовини собиқи вазири дифоъ саркардаи шӯриш буда, сарвати зиёде, аз ҷумла фабрикаи мурғ, корхонаи нон ва моликияти дигар дошт, ки ба нафъи давлат мусодира хоҳанд шуд. Феврали соли 2016 ҳуҷҷатҳои хусусигардонии 12 бинову иншоот ва ширкатҳои вобаста ба Абдуҳалим Назарзода ва наздикони ӯ санҷида шуд.

Он замон мақомот гуфта буданд, дар миёни моликияти Абдуҳалим Назарзода, аз ҷумла се истироҳатгоҳ дар дараи Варзоб, тарабхонаву ресторан дар Душанбе, ферма дар Рашт ва моликияти дигар будааст. Вале маълум нест чунин дороиҳо, ки давлатӣ шуданд, баъдан аз тариқи музояда ба афроди дигар фурӯхта шуданд ё ҳанӯз давлатиянд.

Наздикони баъзе аз маҳкумшудаҳои дигар, ба монанди соҳибкор ва вазири пешин Зайд Саидов, фармондеҳи собиқ Ғаффор Мирзоев ва дигарон борҳо гуфтаанд, ки мусодираи амвол дар чунин мавридҳо бо қонуншиканӣ ҷараён гирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG