Ҷузъиёти парвандаи Меҳрона, ки ҷасадашро дар Дарвоз пайдо карданд

Ҷасади Меҳрона Ноибоваро рӯзи 7-уми апрел аз соҳили рӯди Панҷ ёфтаанд

Додситонии кулли Тоҷикистон марги Меҳрона Ноибоваи 23-соларо, ки ҷасад ё пайкараш аз канори рӯди Панҷ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёфт шуд, ҳамчун худкушӣ таҳқиқ доштааст. Ӯ субҳи чоруми апрел аз осоишгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашт. Сокинон пайкарашро рӯзи 7-уми апрел пайдо карданд.

Яке аз дӯстони хонаводаи Меҳрона Ноибова рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “пайвандон ба худкушии ӯ бовар надоранд, аммо зери фишор ҳастанд, то ин фарзияро бипазиранд ва ба санадҳои парванда имзо гузоранд.” Ин ҳамсуҳбати мо агарчӣ берун аз Тоҷикистон аст, нахост, ки номаш зикр шавад.

Ду манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ бо шарти фош нашудани номашон рӯзи 17-уми апрел гуфтанд, Давлат Арабзода ва Фирӯз Саидзода, ду муфаттиши Додситонии кул, дар ин парванда ҳамчун шоҳид сабт ва муваққатан аз масъулияташон дур карда шудаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, “ин ду корманди Додситонии кул бо гурӯҳе аз дӯстон аз пойтахт барои истироҳат ба Дарвоз рафтаанд ва Меҳрона Ноибова, сокини ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, яке аз ҳамроҳони онҳо будааст.”

Назари ин ду муфаттиш ва мавқеи Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Парвандаи марги Меҳрона: Худкушӣ ё чизи дигар?

Ба иттилои манобеи огоҳи Радиои Озодӣ, ҳодиса соати 4-и субҳи рӯзи 4-уми апрел рух додааст. Шоҳидон, аз ҷумла ду корманди додситонӣ ба тафтишот гуфтаанд, ки гуё Меҳрона Ноибова худро ба рӯдхонаи Паткуноб дар ноҳияи Дарвоз партофтааст.

Дар наворҳое, ки Меҳрона як рӯз пеш аз ҳодиса дар саҳифааш дар Инстагарм нашр кардааст, шоду хандон ба назар мерасад ва ҳеч яъсу навмедӣ дар чеҳрааш дида намешавад.

Назари шоҳидон, ки ӯ дар кадом ҳолат ба рӯдхона афтод, дастраси Радиои Озодӣ нашуд.

Дӯстони хонаводаи Меҳрона Ноибова бо шарти зикр нашудани ном гуфтанд, ӯ ҳеч гоҳ намехост шаб дар ҷое бимонад, чун дар хона тифли хурдсол дошт. "Шаби ҳодиса телефонаш хомӯш буд ва ба зангҳои наздикон посух надод, ҳарчанд он рӯз гуфта буд, ки то бегоҳ бармегардад," – яке аз ҳамсуҳбатон.

Ӯ ду сол пеш аз шавҳараш дар Русия талоқ гирифта, бо писари дуюнимсолааш дар хонаи хоҳараш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доштааст.

Рӯдхонаи Паткуноб дар Дарвоз

“Чорчаман”, ҷое, ки ҳодиса рух додааст, як осоишгоҳи маъруф дар Тоҷикистон буда, дар соҳили рӯди Паткуноб ва Панҷ ҷойгир аст. Оби рӯди Паткуноб ҷараёни тез дорад ва каме дуртар аз осоишгоҳ ба рӯди Панҷ мепайвандад.