Наҷотбахшони тоҷик мегӯянд, барои ёфтани ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамсару духтари хурдсоли ӯ дар дарёи Панҷ аз дронҳои зериобӣ истифода мебаранд. Ҷустуҷӯйи онҳо қариб ду ҳафта боз идома дорад.
Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки дар ҷойи ҳодиса аст, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷараёни тези об ва қаъри нонамоён корро душвортар мекунад."
Ба гуфтаи ӯ, дронҳои зериобӣ аз қаъри дарё аксу маълумот ҷамъ меоранд, аммо ҳоло оби Панҷ гилолуду пуртуғён аст ва корро душвор гардондааст. Маъмулан оби рӯди Панҷ дар баҳору тобистон бо сабаби обшавии пиряхҳо гилолуд мешавад.
"Қаъри об бо лою шағал ноаён аст ва истифодаи дронҳои зериобӣ дар аксар минтақаҳо душвор шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳайати ғаввосон бо таҷҳизоти дигари муосир барои ёфтани ҷасадҳо шабонарӯзӣ кор мекунанд," -- шарҳ дод Ориф Нозимиён.
Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июни имсол дар ноҳияи Дарвоз ба рӯди Панҷ сарозер шуд. Мақомот гуфтанд, раиси вилоят бо ҳамсару духтари дусолааш ва ёвару ронандааш аз Душанбе ба Хоруғ бармегаштанд.
То кунун ҷасад ё пайкари Садоншо Ҷанобалишо, ёвар ва Сино Муборакшоев, ронандаи раиси ВМКБ-ро пайдо карда, ба наздиконашон додаанд.
Бо гузашти ду ҳафта танҳо нишоне, ки аз Алишер Мирзонабот пайдо карданд, чанд санад ва дафтари ёддошту ноутбуки ӯ будааст. Мақомот гуфтанд, санадҳоро 20 киломтер дуртар аз ҷойи ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёфтанд.
Ҳоло беш аз дусад наҷотбахш ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамсару кӯдакашро дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷустуҷӯ доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Наметавон баҳои яксон дод." Нигоҳҳо ба корномаи Алишер МирзонаботАлишер Мирзонабот, ки дар гузашта дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст, 46-сола буд ва аз соли 2021 идораи вилояти Бадахшонро бар уҳда дошт.
Ҳарчанд мақомот аз шеваи раҳбарӣ ва амалкардҳояш дар панҷ соли гузашта ситоиш кардаанд, гурӯҳе аз фаъолони зодаи Бадахшон ӯро дар саркӯби норозиён ва боздошту ҳабси дигарандешон дар минтақа танқид мекунанд.
Навор дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамсару духтараш