Ҷавони тоҷик ба Донишгоҳи Ҳарвард дохил шуд, аммо кумак мехоҳад

Дилшод Ҳамробоев

Як ҷавони тоҷик баъди чандин соли заҳмату талошҳо тавонист ба бахши магистратураи Донишгоҳи Ҳарварди Амрико дохил шавад.

Дилшод Ҳамробоев як сол дар бахши омӯзиши сарварӣ, созмонҳо ва соҳибкории Ҳарвард таҳсил хоҳад кард ва мегӯяд ҳадафаш густариши имкониятҳои таълимӣ барои ҷавонони Осиёи Марказӣ мебошад. Аммо барои таҳсил дар ин Донишгоҳи бонуфузи дунё пули зиёд талаб мешавад ва ҷавони тоҷик барои ҷамъоварии қисме аз он маъракаи ҷамъоварии маблағро роҳандозӣ кардааст.

Дилшод Ҳамробоев вақте хабари қабул шудан ба Донишгоҳи Ҳарвардро шунид

Моҳи марти имсол ба Дилшод Ҳамробоев хабар доданд, ки ба Донишгоҳи маъруфи Ҳарвард дохил шудааст. Таҳсил дар Донишгоҳи бонуфузи орзуи деринаи ин ҷавони тоҷик буд.

Хабари дохил шудан дар бахши магистратураи донишгоҳ ӯро бисёр шод кард. Мегӯяд, пушти ин шодиҳо талошу заҳмат ва бедорхобиҳои зиёде нуҳуфтааст. Дарсҳои ӯ дар Донишгоҳи Ҳарвард аз моҳи август сар шуда, як сол идома хоҳанд кард. Яке аз шартҳои асосии қабул ба ин муассисаи таълимӣ навиштани иншо будааст.

"Мо бояд ду иншо менавиштем. Яке дар бораи худ ва инки чаро дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил кардан мехоҳему Донишгоҳ барои пешрафти мо дар оянда чӣ кумак карда метавонад. Фарқи асосии ин донишгоҳ дар ин аст, ки мехоҳанд дар бораи довталабон маълумоти бештар гиранд ва фаҳманд, ки онҳо на танҳо донишҷӯёни аълохонанд, балки дар пешрафти ҷомеаҳои худ ҳам саҳм гузоштаанду чӣ ташаббусҳое кардаанд", - мегӯяд ин ҷавони тоҷик.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷавони тоҷик ба Донишгоҳи Ҳарвард дохил шуд, аммо кумак мехоҳад

Ҳоло танҳо чизе, ки Дилшод Ҳамробоевро каме нигарон кардааст, ин маблағи таҳсил дар Донишгоҳи Ҳарвард аст. Ба гуфтаи ин ҷавон, таҳсили пурра дар ин донишгоҳ 106 ҳазор доллар арзиш дорад, ки донишгоҳ 35 ҳазор доллари онро аз ҳисоби грант пешниҳод кард. "Боқимонда 71 ҳазор долларро ман бояд худам пешниҳод кунам, ин маблағ барои ман ва оилаам хеле зиёд мебошад", - мегӯяд Дилшод.

Ин ҷавон бо роҳандозии як маърака барои ҷамъоварии маблағи боқимонда аз дӯстдорони илму дониш ёрӣ хостааст. Дилшод Ҳамробоев мегӯяд, то ҳол аз тарафи оила ва мардум 7 ҳазор доллар ҷамъ шудааст ва то 15-уми апрел бояд 31 ҳазор доллари дигар ёбад.

Ба нақли Дилшод, модараш дар як ошхонаи маҳаллӣ ва падараш дар муҳоҷират кор мекунанд. Волидон агарчӣ худ имкони гирифтани маълумоти олиро надоштанд, ӯро ҳамеша ба илмомӯзӣ ташвиқу кумак мекардаанд.

Ин ҷавони тоҷик мактаби миёнаро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказиро дар Қирғизистон хондааст. Мегӯяд, аз солҳои мактабхонӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи Ҳарвард омодагӣ медид.

Ҳамааш аз он сар шуд, ки Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар зодгоҳи Дилшод як барномаи дусолаи омӯзиши забони англисӣ ва малакаи раҳбариро ташкил кард ва ӯ ҳам ба он шомил гашт.

"Вақте ба ин барнома ҳуҷҷат месупоридам, ростӣ, чандон бовар надоштам. Лекин медонистам, ки барои барномаи интихобкардаам, тайёрӣ ва таҷрибаи хуб дорам. Чун бисёр имкониятҳоро истифода бурда, дар донишгоҳу барномаҳои байнулмилалӣ ширкат карда будам", - афзуд Дилшод Ҳамробоев.

Ин ҷавони тоҷик ҳоло дар саҳфааш, шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамсолони худ дар бораи роҳу имкониятҳои таҳсил дар хориҷ маълумоту машварат медиҳад. Барои онҳое, ки орзуи таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷ, мисли Ҳарвардро доранд, паёми Дилшод ин аст, ки бо боварӣ ба худ бисёр омӯзанд ва талош кунанд.

Дилшод соли 2023 бо даъвати як созмон барои кор ба Амрико рафт. Ҳоло дар Ню-Йорк дар барномаи забономӯзӣ таҳсил дорад. Бовар дорад, баъд аз хатми Ҳарвард дари комёбиҳои бештар ва роҳу имкониятҳои зиёде ба рӯяш боз хоҳанд шуд. Аммо ба гуфтаи худаш расидан то онҷо осон нест ва вақту сармояи зиёде металабад.