Ҷасади ронандаи раиси Бадахшонро ёфтаанд

Ҷустуҷӯи мошини Алишер Мирзонабот дар дарёи Панҷ

Пайкар ё ҷасади Сино Муборакшоев, ронандаи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз дарёи Панҷ ёфт шудааст.

Рӯзи 25-уми июн дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки дар ҷараёни ҷустуҷӯи мошини раиси ВМКБ ва ҳамроҳонаш аз дарёи Панҷ як ҷасад ёфтанд ва ташхис кӣ будани ӯро муайян мекунад.

Рӯзи 26-уми июн Ориф Нозимиён, сухангӯи дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхис муайян кард, ки ҷасади ёфтшуда Сино Муборакшоев, ронандаи раиси ВМКБ аст.

Сухангӯи Кумита ҳамчунин гуфт, 26-уми июн боз як ҷасади дигар пайдо карданд ва "ташхис то ҳоло кӣ будани ӯро муайян накардааст".

Дар ҳамин ҳол як манбаи дигар дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб гуфт, ҷасади ёфташударо ба шаҳри Кӯлоб бурдаанд. "Барои муайян кардани шахсияти ин ҷасад наздикони ҳамаи касонеро, ки бо Алишер Мирзонабот буданд, даъват кардаанд", - гуфт як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ.

Мошини хидматии раиси вилояти Бадахшон рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд ва беш аз як ҳафта боз ҷустуҷӯйи пайкари онҳо идома дорад.

Дар дохили мошин ба ҷуз Алишер Мирзонаботу ҳамсараш Амина Амонуллоева ва духтари дусолааш Орифа, ду марди дигар – ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев – буданд. Онҳо аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 маъмури наҷот дар рӯйи об ва зери он дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва мавзеъҳои дигар ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.