Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистонмегӯяд, "ҷасади мушовири раиси ВМКБ, Садоншо Ҷанобалишо" рӯзи 26-уми июн ёфт шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ҷасади вай 20 километр пойинтар аз ҷойи садамаи мошини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайдо шудааст.
Сухангӯи кумитаи мазкур Ориф Нозимиён дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ҷустуҷӯи ҷасади раиси вилоят ва дигар ҳамроҳонаш идома дорад.
Пештар аз ин, рӯзи 26 Нозимиён аз пайдо шудани ҷасади Сино Муборакшоев, ронандаи раиси ВМКБ хабар дода буд.
Мошини хидматии раиси вилояти Бадахшон рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд ва 10 рӯз аст, ки ҷустуҷӯйи пайкари онҳо идома дорад.
Дар дохили мошин ба ҷуз Алишер Мирзонаботу ҳамсараш Амина Амонуллоева ва духтари дусолааш Орифа, ду марди дигар – ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев – буданд. Онҳо аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 маъмури наҷот дар рӯйи об ва зери он дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва мавзеъҳои дигар ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.