Ҷанг дар Эрон расондани ёриҳоро ба Украина душвор кардааст

Идомаи ҷанг дар Эрон интиқоли кумакҳои башардӯстонаро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Украина халалдор кардааст. Ин ёриҳо барои одамони наздики хатти ҷабҳа дар Украина муҳим ва ҳаётӣ маҳсуб мешаванд.

Муассисаҳои хайрияи мустақар дар Амрико ва гурӯҳҳои довталаб ба Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки интиқоли молу коло бо таъхири чандҳафтаина рубарӯ шудааст. Ин вазъ хароҷоти интиқоли кумакҳоро низ зиёд кардааст.

Созмони ёрирасони "Умед барои Украина", ки дафтараш дар Ню-Ҷерсӣ аст, барои сокинони наздик ба ҷабҳа дар Украина таҷҳизоти тиббӣ ва маводи аввалия ҷамъ карда мефиристад. Намояндагони созмон гуфтанд, акнун кумакҳо се ҳафта дертар ба Украина мерасанд.

Юрий Бойчко, раиси ин созмон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин ёриҳо ҳаётианд, чун кори дармонгоҳ ва паноҳгоҳҳо аз онҳо вобаста аст. Вақте кумакҳо бо чунин таъхир рубарӯ мешаванд, як ҳолати ногувор пеш меояд."

Ин ташкилот моҳона то 40 тонна кумакро дар ду баста (контейнер) аз Амрико ба Украина мефиристад. Бархилофи кумакҳои давлатӣ, ин ёриҳо довталабона ҷамъоварӣ мешаванд ва ҳоло фиристоданашон ба мушкил рубарӯ шудааст.

Бойчко мегӯяд, "роҳҳои интиқол комилан тағйир дода шудааст, киштиҳо маҷбуранд, то роҳи бисёр тӯлониро тай кунанд. Ба ин маъно, ки замони расондан тӯлонӣ шудааст".

Яке аз таҷҳизоти ҳаётӣ барои украиниҳо панелҳои офтобӣ ҳастанд. Дар шароите, ки зерсохтҳои энергетикии Украина ҳадафи ҳамлаи давомдори Русия қарор доранд, панелҳои офтобӣ барои ин кишвар хеле муҳим шудааст.

Созмони "Умед барои Украина" ин панелҳои офтобиро миёни сокинони минтақаҳои наздик ба хатти аввали ҷанг тақсим мекунад, ки дастрасӣ ба барқ онҷо хеле маҳдуд аст.

"Мо маводи ғизоӣ намефиристем, хӯрокаро аз минтақа мехарем. Он чизе, ки аз Амрико мефиристем, таҷҳизоте аст, ки мардуми Украина ба он дастрасӣ надоранд, махсусан панелҳои офтобӣ барои тавлиди барқ", - мегӯяд раиси созмони "Умед барои Украина".

Юрий Бойчко меафзояд, ки ҳар таъхир дар расондани ёриҳои башарӣ барои инсонҳо пайомадҳои мустақим дорад. "Ҳар ҳафта дермонӣ, яъне маҳрум шудани як гуруҳ аз нерӯи барқ аст."

Бидуни барқ дармонгоҳҳо бо мушкил фаъолият мекунанд, чун наметавонанд доруҳоро хуб нигоҳ доранд ва ҳатто расондани ёрии аввали тиббӣ мушкил мешавад.

Ҳамзамон хароҷоти фиристодани ёриҳо низ дар ҳафтаҳои ахир бештар шудааст. Раиси созмони "Умед барои Украина" мегӯяд, ба онҳо иттилоъ додаанд, ки аз аввали моҳи апрел нархи интиқол то 25 дарсад бештар мешавад.

Барои ташкилотҳои хайрия, ки бо буҷаи маҳдуд кор мекунанд, якбора баланд шудани хароҷоти роҳ таъсири фаврӣ дорад. "Ин ҳолат ба ин маъност, ки бояд буҷаи худро тағйир диҳем. Маблағеро, ки бояд барои панелҳои офтобӣ ё таҷҳизоти тиббӣ сарф мекардем, акнун бояд барои хароҷоти роҳ мепардозем", - мегӯяд раиси созмони "Умед барои Украина".

Коршиносон мегӯянд, ин ҳолат натиҷаи фишорҳои густарда ба рӯи шабакаи интиқоли мол дар саросари ҷаҳон аст, ки ба даргириҳо дар Эрон рабт дорад.

Ҷон Селдана, мутахассис дар донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ мегӯяд, як бахши калони шабакаи ҷаҳонии боркашонӣ халалдор шудааст, зеро киштиҳо бо таъхир, тағйир додани роҳ ва ё саргардонӣ рубарӯ ҳастанд, аз ҷумла дар оброҳҳои калидие монанди тангаи Ҳурмуз.

Ҳамчунин хатарҳои амниятӣ дар баҳри Сурх киштиҳоро маҷбур кардааст, ки Африқоро давр зананд ва ин вазъ муҳлати расондани борро чанд ҳафта зиёд мекунад.

"Ҳамаи ин арзиши интиқоли молро зиёд мекунад. Ташкилоти хурд, ба вижа созмонҳои хайрия аз ҳама бештар осебпазиртар ҳастанд", - афзуд Ҷон Селдана.