Маҷлиси Намояндагони Амрико, ки таҳти назорати Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, ба тарафдории маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар ҷанг ба зидди Эрон раъй дод.
Вакилони амрикоӣ қатъномаеро тасвиб карданд, ки аз Трамп мехоҳад, нерӯҳои Амрикоро аз ҷанг берун кашад, магар ин ки Конгресс расман эълони ҷанг кунад ё иҷозати истифода аз нерӯи низомиро диҳад. Санад бо 215 раъйи мувофиқ ва 208 раъйи мухолиф қабул шуд ва чаҳор ҷумҳурихоҳ аз ҳизби худи Трамп низ ба демократҳо ҳамроҳ шуда, ба тарафдории он раъй доданд.
Тасвиби қатънома бештар як иқдоми рамзӣ аст, зеро ҳукми иҷро надорад ва онро Сенат, палатаи болоии Конгресс низ бояд бипазирад. Қатънома як талоши камназири ҳарду ҳизби асосии Амрико барои маҳдуд кардани ваколатҳои раисиҷумҳур дар ҳолест, ки ҷанг бо Эрон вориди моҳи чаҳорум шуд.
Дар Сенат низ як тарҳи шабеҳ моҳи гузашта омода шуд, вале маълум нест, раъйгирӣ дар бораи он кай сурат мегирад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Салоҳиятҳои Трампро дар ҷанг бо Эрон кам мекунанд?
Вакилони Ҳизби демократ аз Трамп талаб доранд, ки барои истифода аз нерӯи низомӣ дар низоъ бо Эрон аз Конгресс иҷозат бигирад. Онҳо бар ин боваранд, ки ин ҷанг, ки дар охири моҳи феврал бо зарбаҳои муштараки Амрико ва Исроил оғоз шуд, стратегияи рӯшане надорад ва харҷи мардумро дар дохили кишвар бисёр боло мебарад.
Ба гуфтаи вакилони демократ, ҷанг баръакс талошҳои дипломатӣ барои ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии Эронро ба ақиб андохт ва мушкилтар кард.
Доналд Трамп, раиcи ҷумҳури Амрико рӯзи 4-уми июн гуфт, мумкин аст, дар музокирот бо Эрон ба зудӣ пешрафт ҳосил шавад: “Музокирот бисёр хуб пеш меравад. Воқеан хуб. Яъне мумкин аст, пешрафт ҳосил шавад, ё нашавад. Кӣ медонад? Мумкин аст, то рӯзҳои истироҳат шавад.”
Раҳбарони Ҳизби ҷумҳурихоҳ мегӯянд, амалиёти низомӣ ба зидди Эрон ҷанг нест ва ба иҷозаи Конгресс эҳтиёҷ надорад ва маҳдуд кардани салоҳиятҳои ҷангии Трамп ба нафъи раҳбарони Эрон аст.
Марко Рубио
Пештар аз ин раъйгирӣ Марко Рубио, вазири умури хориҷии Эрон дар ҳузури гурӯҳе аз вакилони амрикоӣ аз амалкардҳои ҳукумат дар ҷанг бо Эрон ҳимоят кард ва гуфт, амалиёти низомӣ ба зидди Ҷумҳурии Исломӣ ба поён расидааст.
Ҳукумати Трамп мегӯяд, ки ин ҷанг барои амнияти миллии Амрико зарур аст, чун ҳадафи он ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба бомби атомӣ аст.