Бо вуҷуди эътирозҳо, Аврупо "Толибон"-ро мизбонӣ мекунад

Акс аз бойгонӣ

Бо вуҷуди танқидҳои сахти ҳомиёни ҳуқуқи башар, қарор аст, Иттиҳоди Аврупо мизбони ҳайате аз "Толибон" дар Белгия бошад. Онҳо раванди бозгардондани шаҳрвандони Афғонистонро баҳс хоҳанд кард.

Иттиҳоди Аврупо, ки 27 кишвар узви он мебошанд, ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият намешиносанд, аммо дидор бо ҳайате аз ҳукумати исломгарои Афғонистонро барои моҳи ҷорӣ барномарезӣ кардааст. Ин ҳайатро Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати “Толибон”, сарпарастӣ мекунад.

Ин мулоқот эҳтимол рӯзҳои 22 ва 23-юми июн дар Брюссел баргузор шавад. Интизор меравад ҳайате аз “Толибон” бо мақомҳои баландпояи Кумисюни Аврупо, Хадамоти иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони чанд кишвари узв дидор кунанд.

Ин барномарезӣ барои ин гуфтугӯҳо бо эътирозҳои густурда рӯбарӯ шудааст, ба вижа пас аз он ки дар Шӯрои амнияти СММ эълон шуд, наздик ба се миллиону 800 ҳазор духтар дар Афғонистон ҳамчунон аз омӯзиш маҳрум ҳастанд ва ҳар сол ҳудуди 250 ҳазор духтари дигар аз идомаи таҳсил маҳрум мегарданд.

Сухангӯйи Иттиҳоди Аврупо ахиран дар як нишасти хабарӣ таъкид кард, ки "ҳамкорӣ ба маънои ба расмият шинохтан нест". Аммо ин тавзеҳ натавонистааст мунтақидони ин мулоқотро қонеъ кунад. Ин нишастҳо бахше аз талошҳои кишварҳои аврупоӣ барои коҳиши муҳоҷират ва афзоиши бозгардондани муҳоҷирон ба кишварҳое аст, ки аз онҷо ба Аврупо сафар кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Моро зиндагии сахт дар пеш аст." Нақли Дилдор Хон ва ҳамтақдирони ӯ

ВАЪДАҲОЕ, КИ АМАЛӢ НАШУД

“Толибон” 20 сол пас аз барканорӣ аз қудрат, дар моҳи августи соли 2021 ва ҳамзамон бо берун рафтани нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон, дубора назорати ин кишварро ба даст гирифтанд.

Раҳбарони “Толибон” ваъда дода буданд, ки шаҳрвандони кишвар дар муқоиса бо даврони нахусти ҳукумати ин гурӯҳ аз озодиҳо ва ҳуқуқи бештаре бархӯрдор хоҳанд шуд. Аммо “Толибон” ба ин ваъдаҳо амал накарданд ва бисёре аз гурӯҳҳо, ба вижа занон ва духтаронро ба шиддат саркӯб кардаанд.

Аз ҷумла, мақомоти “Толибон” ҳафтае пеш шуморе аз занонро дар вилояти Ҳирот ба иттиҳоми риоя накардани муқаррарот дар бораи ҳиҷоб боздошт карданд. Як рӯз баъд, пулиси ахлоқи “Толибон” ба сӯи норозиён тирандозӣ кард. Шоҳидони айнӣ аз кушта шудани дастикам як эътирозгар хабар доданд. "Толибон" то кунун кушта ё боздошт шудани афрод дар ин ҳодисаро тасдиқ накардаанд.

ИДОМАИ САРКӮБ

Дар тозатарин нишонае аз идомаи маҳдудиятҳо, "Толибон" дар охири моҳи апрели имсол қонунеро қабул карданд, ки издивоҷи духтарони 9-сола ва болотарро иҷозат медиҳад. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки Мулло Ҳайбатулоҳ Охунзода, раҳбари "Толибон" дастурҳои наве барои манъи истифода аз телефонҳои ҳамроҳ содир кардааст.

Пеш аз он низ "Толибон" дастури баста шудани се шабакаи радиоии дигарро бинобар "саркашӣ аз додани андоз, надоштани иҷозатнома ва кайфияти номуносиби барномаҳо", содир карда буд. Дар ҳамон дастур, "Толибон" аз дигар шабакаҳои радиоӣ хоста буд, ки барномаҳои худро бо "усул ва ахлоқи исломӣ" ҳамоҳанг кунанд.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз эълон кардааст, ки Афғонистони зери ҳокимияти "Толибон" дар шохис ё индекси нави озодии матбуот дар рутбаи 175 қарор дорад. Танҳо Арабистони Саудӣ, Эрон, Чин, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея рутбаи поинтар аз Афғонистон доштаанд.

МАҚОМҲОИ АВРУПОӢ ДАР КОБУЛ

Фавзия Кӯфӣ

Вебсайти хабарии Euronews, ки ахбор ва сиёсатҳои Иттиҳоди Аврупоро бозтоб медиҳад, гузориш дод, ки сафари мақомҳои Иттиҳоди Аврупо ва Белгия ба Кобул дар аввалҳои зимистони соли гузашта заминаро барои баргузории нишасти баъдӣ бо намояндагони "Толибон" дар Аврупо фароҳам кардааст.

Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини порлумони Афғонистон, чанд рӯз пеш дар мақолае дар рӯзномаи Guardian навишт, замоне ки қасд дошт барои дархости ҳимоят аз озодии аъзои хонаводааш аз боздошти "Толибон" ба дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо нома бинависад, аз "хабари такондиҳанда"-и даъвати "Толибон" ба Белгия хабардор шуд.

Кӯфӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, панҷ соли гузашта занон дар Афғонистон амалан ба шаҳрвандони дараҷаи дувум табдил шудаанд ва Толибон "ба андозаи кофӣ зирак аст, ки аз ҳуқуқи занон ҳамчун фишанг истифода кунад".

Бар асоси гузоришҳои Euronews аз се мақоми Иттиҳоди Аврупо, гуфтугӯҳои пешниҳодӣ бо Толибон танҳо моҳияти коршиносӣ ва фаннӣ хоҳад дошт, то ин гуфтугӯҳо ҳамчун ба расмият шинохтани "Толибон", фаҳмида нашавад.

Магнус Бруннер

Магнус Бруннер, Комиссари умури дохилӣ ва муҳоҷирати Иттиҳоди Аврупо дар гуфтугӯ бо Euronews гуфт, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узв ногузиранд барои гуфтугӯҳои фаннӣ дар бораи муҳоҷират бо ҳукуматҳое монанди "Толибон" ҳамкорӣ дошта бошанд. Ӯ дар посух ба пурсише дар бораи музокироти Олмон бо Толибон барои ихроҷи муҳоҷирони афғон гуфт, "ин кор зарурӣ буд".

Бар асоси эълони Оҷонси паноҳандагони Иттиҳоди Аврупо, бисёре аз кишварҳои ғарбӣ пас аз ба қудрат расидани Толибон дар соли 2021 ихроҷи муҳоҷирон ба Афғонистонро қатъ карданд. Бо ин ҳол, мавридҳои маҳдуде аз ихроҷи Белгия дар феврали соли 2023 аз Шведсия аз тариқи Узбекистон ва аз Шведсария дар октябри соли 2024 сабт шудааст.

Ин ниҳод ҳамчунин эълон кард, Олмон ва Австрия шуморе аз афғонҳоеро, ки дархости паноҳандагиашон рад шуда буд, ихроҷ кардаанд, аз ҷумла 28 афғони дорои гузаштаи ҷиноятӣ дар августи соли 2024 ва 81 нафари дигар дар июли соли 2025 аз Олмон ихроҷ шуданд. Австрия низ дар октябри соли 2025 як шаҳрванди афғон маҳкум ба ҷиноятро ихроҷ кард.

Дар миёни 19 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, ки хоҳони "гуфтугӯи боз" бо Толибон дар бораи ихроҷи афғонҳо шудаанд, номи кишварҳое чун Белгия, Шведсия, Олмон, Италия ва Ҳоланд низ дида мешавад.

МАВҶИ ДАРХОСТКУНАНДАГОН

Шӯрои Аврупо барои паноҳандагон ва фирориён эълон кардааст, ки аз замони ба сари қудрат омадани "Толибон" дар Кобул дар моҳи августи соли 2021, беш аз як миллиону 600 ҳазор афғонистонӣ кишвари худро тарк кардаанд. Ин ниҳод мегӯяд, афғонҳо дар Аврупо пас аз суриягиҳо дувумин гурӯҳи калони дархосткунандагони паноҳандагиро ташкил медиҳад.

Магнус Бруннер мегӯяд, коршиносони Иттиҳоди Аврупо барои гуфтугӯҳои фаннӣ бо "Толибон" дар бораи ихроҷи афғонҳо ба Кобул сафар кардаанд, зеро ба бовари ӯ "агар ҳеч ҳамкорие сурат нагирад, вазъият беҳбуд пайдо нахоҳад кард".

Аммо Фавзия Кӯфӣ ба ин бовар аст, ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои минтақа "Толибон"-ро ҷасуртар кардааст. Ба гуфтаи Кӯфӣ, "ҳар қадар ҳамкории Толибон бо ҷомеаи байнулмилалӣ бештар шавад, саркӯби занон низ бештар мешавад".