Бархеро ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва баъзеи дигарашонро аз ҳудуди Тоҷикистон берун кардаанд.
Дар ин бора рӯзи 4-уми май наздикони паноҳандагон ва шоҳидон ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Ин гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон пас аз ба сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021 ба шимоли Тоҷикистон омада паноҳҷӯ шуданд.
Дар чанд баландошёнаи шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳудуди 50 хонаводаи афғонистонӣ тули тақрибан 6 соли охир зиндагӣ доштанд. Бештари онҳо расман паноҳанда ва машғули таҳсилу кор буданд.
Чанд тан аз сокинони ин маҳалла дар суҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 4-уми май даҳҳо нафарро аз шаҳраки Меҳробод намояндагони мақомоти интизомӣ бо микроавтобусҳо бурданд.
Видеоро инҷо бинед:
Роза Ҳасанова, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, он рӯз ҳамсояҳош дари онҳоро куфтанд ва барояшон хабар доданд, ки онҳоро аз ин маҳалла мекӯчонанд. “Нафаҳмидем, ки ба куҷо бурданд. Ин кори давлат аст ва мо намедонем. Мо хафа шудем. Ҳар куҷое бошанд, саломату дар паноҳи Аллоҳ бошанд,”—гуфт ӯ.
Бархе расонаҳо бо нашри навори ихроҷи муҳоҷирон гуфтанд, ҳудуди 250 муҳоҷири афғонистониро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд ва онҳо бо хатари ихроҷ ба Афғонистон рубарӯянд. Гуфта шуд, онҳо корти паноҳандагии Созмони Милали Муттаҳидро доштанд.
Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагии Созмони Милал то кунун вазъиятро шарҳ надодаанд.
Шикоят аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо иттиҳоми куштори як зани сокини Хуҷанд хабар дод.
Назари пайвандони ҷавон ба ин иттиҳоми маълум нест, вале бархе аз бошандагони маҳаллае, ки дар он аксари паноҳҷӯёни афғонистонӣ иқомат доштанд, мегӯянд, ба хотири ҷинояти як нафар набояд ҳамаро ҷазо дод.
Роза Ҳасанова, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, ҳамсояи афғонистонии ӯро бо се писару келину набераҳояш бурданд. "Инсонҳои хубу меҳмондӯст буданд. Ба хонаи ҳамдигарӣ равуо доштем ва ҳамроҳ нишаста хӯрок мехурдем. Аз онҳо ягон бадӣ надидаем. Мо мисли хоҳару бародар гашта будем. Рафтанашон моро ғамгин кард. Мусофирӣ осон нест,”—гуфт ӯ.
Ба фарқ аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гурезаҳои афғонистонӣ зиндагии осуда доштанд. Онҳо таҳдиди ихроҷ ба кишварашонро эҳсос намекарданд ва аксаран кору таҳсил мекарданд.
Саидмаҳмудшоҳ Ҷалолӣ, маъруф ба “Маҳмуди Корвон”, овозхон ва шаҳрванди Афғонистон буд, ки беш аз 5 сол боз дар ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон кору зиндагӣ мекард. Ӯро ҳам дар қатори даҳҳо нафар аз ин маҳалла берун кардаанд. Ӯ бештар ба корҳои фарҳангӣ машғул буд ва дар ҳамоишҳои маҳаллӣ овозхонӣ мекард.
Маълум нест, ки ҳоло ӯ дар куҷост.
Масъулони ҳукумати маҳаллӣ дар гузашта ҳеч шикояте аз будубоши паноҳҷӯёни афғонистонӣ надоштанд.
Зумрад Муталибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нишасти матбуотии ҳукумати ноҳия дар аввали имсол гуфта буд, ки кӯдакони паноҳҷӯён “бо либоси мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ ройгон таъмин ҳастанд ва онҳо дар чаҳорчуби қонун зиндагӣ доранд”.
Соли гузашта мақомоти тоҷик чанд дафъа паноҳандагони афғонистониро аз минтақаҳои марказии Тоҷикистон ихроҷ карда буданд.
Мақомот дар шарҳи ин тасмими худ аз ҷумла, гуфта буданд, ки муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бархе аз онҳо "ғайриқонунӣ" вориди кишвар шудааанд ва шуморе аз онҳо "низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд".
Дар гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки паноҳҷӯёни афғонистониро ихроҷ накунанд, зеро эҳтимол дорад дар кишварашон бо озору азият рӯбарӯ шаванд. Феълан дар Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ зиндагӣ доранд.
Гуфтугӯ